Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ |
There are no translations available. Таърихи кафедраи педагогикаи умумӣ Аз рӯзи аввали фаъолияти донишкадаи омӯзгорӣ соли 1931 кафедраи педагогика ва психология ташкил карда шуд. Вазифаи асосии кафедра тайёркардани мутахассисон барои фаъолияти педагогӣ буд. Дар солҳои аввали таъсисёбии кафедра устодони он аз педагогика, назария ва таърихи педагогика ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Дар байни 3 омӯзгори нахустини кафедраи педагогика Баҳоваддинов А.М. (баъдан академики АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор ) ба донишҷӯён аз равоншиносӣ ва педагогика дарс мегуфт. Аз 17 мартисоли 1933 боқарори Коллегияи Комиссариати маорифи халқии Тоҷикистон ба устод Баҳоваддинов А. М. унвони дотсентӣ дода шуда буд. Солҳои 1935–1936 Баҳоваддинов А. М. ба вазифаи мудири озмоишгоҳи педагогика-психология таъин карда шуд. Барои хондани лексия аз таърихи педагогика, педагогикаи наврасон ва равоншиносии эксперименталӣ ба кафедра Алӣ Озарӣ (аз Озарбойҷон ) даъват карда шуд, ки бо забони точикӣ-форсӣ дарс мегуфт. Дар нимаи солҳои 30-юм вазифаҳои кафедра васеъ гардиданд. Зарурати барои хондани лексияҳо ҷалб намудани омӯзгорони нав ба миён омад. Аз соли 1936 устодони кафедра профессор Чапигава дотсент Пинт А. О., баъд узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогии ИҶШС, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Беркович Э. К. ба донишҷӯён аз педагогика дарс мегуфтанд. Олимони номбурда дар тарбияи кадрҳои педагогии мактаби олии ҷумҳурӣ ҳиссаи босазо гузоштаанд. Соли 1938 кафедраи равоншиносӣ аз кафедраи педагогика ҷудо шуд. Солҳои 1938–1947 ҳайати омӯзгорон ва профессорони кафедра бо устодон Гусак М. Г., Евтеев М. Т., Лихёчева Т. И., Сахиуллина З. Т., Бокровская А. Б., Ахмедов М. Х., Бикчентай Н. А . пурра гардид. Дарсҳо бо забони русӣ хонда мешуданд, бинобар ин устодон Эркаев М. ва Исмоилов У. мазмуни лексияи онро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекарданд. Соли 1939 ба кафедра Орифов М. О. ба кор омад. Профессор Орифӣ М.О., дотсентон Раҳимов Б.Р., Хошмуҳамедова Р.И. якчанд сол вазифаи мудири кафедраи педагогикаро ба уҳда доштанд. Моҳи июни соли 1980 ба вазифаи мудири кафедраи педагогика доктори илмҳои педагогӣ, профессор Обидов И. О. интихоб гардид. Солҳои 1979–1995 дар назди кафедраи педагогикаи умумӣ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ амал мекард. Аз соли 1995 дар назди кафедра Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ фаъолият дорад. Дар давоми фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ 12 нафар рисолаи докторӣ, 109 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд ва тайи солҳои охир боз чандин нафар рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намуданд. Дар байни онҳо Шербоев С., Шарифов Ф., Каримова И.Х., Зубайдов У.З., Паҳлавонов А., Ҷонназаров Х., Қаҳрамонов Г.С., Бӯйдоқов Х., Қодиров К.Б., Нуров А.Н., Шукуров Т. ба гирифтани дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ сарфароз гардидаанд. Тӯли солҳои 2005–2007 роҳбарии кафедраро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ ба уҳда дошт. Доктори илмҳои педагогӣ Шомуродов Х.Р. дар давоми солҳои 2007 – 2013 ба ҳайси мудири кафедр афаъолият намудааст. Аз соли 2013 то 2017 доктори илмҳои педагогӣ Шарипова Д.Я. вазифаи мудири кафедраро бар душ дошт. Айни замон иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои педагогӣ Имматова Л.М. ба уҳда дорад. Имрӯз дар кафедраи педагогикаи умумӣ 14 нафар устодон кор мекунанд, ки дар байни онҳо 2 нафар доктори илмҳои педагогӣ: Шарипова Дилбар Яхёевна ва Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна.; 3 нафар номзадҳои илм: Шукурова Н., Рамазонова Р, Фозилов С; 7 нафар муаллимони калон: Ҳабибова О., Аҳадов З., Арбобова Ф., Хоҷаева Г., Мамадқулова О., Пулотов А., Азизова Ф., ва 2 нафар ассистентон: Бегова Ф., Сафаров Ш. мебошанд. |