Факултетҳо |
![]()
Восиева Рухшона Қурбоновна декани факултети филологияи тоҷик,доктори илмҳои филологӣ, профессорТелефон: (+ 992) 981 06 65 34Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Восиева Рухшона Қурбоновна 21 майи соли 1972 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоташ олӣ буда, дар соли 1989 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 82 шаҳри Душанбе ва дар соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти арабӣ ва тоҷикӣ бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои филология, профессор мебошад. Фаъолияти омӯзгориро дар Донишгоҳи тиҷорати Конибодом ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳо оғоз кард. Ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1999 бо сабаби баста шудани Донишгоҳи тиҷорати Конибодом фаъолияти кориро дар литсейи №50-и бачаҳои болаёқати шаҳри Конибодом ҳамчун муаллими забону адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон идома дод. Соли 2002 ҳамчун мутахассис оид ба нашри китобҳои Лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф кор кард. Соли 2002 дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон) ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи забонҳо фаъолият намуд. Соли 2006 Восиева Р.Қ. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои шаклию бадеии «Искандарномаи кабир» дифоъ намуд. Ҳамчунин соли 2006 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо гирифтани таҳсилоти олии дуюм аз ихтисоси ҳуқуқшинос (ғоибона) хатм намуда, соҳиби диплом гашт. Аз моҳи сентябри соли 2006 ба ҳайси мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба кор қабул карда шуд. Аз сентябри соли 2008 дар вазифаи декани факултети забонҳои Шарқ ва аз моҳи марти соли 2011 муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кард. Аз сентябри соли 2013 докторанти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, соли 2016 рисолаи докториро дар мавзӯи «Роман дар бораи Искандар ва инъикоси он дар романҳои халқии «Искандарнома» дифоъ намуд. Аз 1 октябри соли 2017 ба ҳайси профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кард. Аз 15 июли соли 2020 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин гашт. «Аълочии маорифи Тоҷикистон» аст. Муаллифи 4 монография, 6 китоби дарсию дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст. |