• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ ГЕРМАНӢ






Қувватзода Саломат Мусо

Декани факултети забонҳои романӣ-германӣ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Тел.: (+992) 988554141
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it


Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қувватзода Саломат Мусо 31 августи соли 1971 дар оилаи хизматчии давлатӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1988 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко (айни ҳол ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ба шуъбаи рӯзонаи факултети забон ва адабиёти рус дохил шудааст.

Қувватзода Саломат Мусо баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 30 соли ҳаёти худро ба фаъолияти омӯзгорӣ пайвастааст, ки барои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф ва илм сарф намудааст.

Солҳои 2014-2017 ба ҳайси Раиси Шурои занони ДДОТ ба номи С.Айнӣ фаъолият кардааст. Соли 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Особенности художественного перевода поэтических произведений Михаила Лермонтова на таджикский язык» дар Шурои диссертатсионии назди ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҳимоя намудааст. Аз моҳи майи соли 2021 то моҳи ноябри соли 2022 вазифаи мудири кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳонро ба ӯҳда доштааст. Аз моҳи ноябри соли 2022 дар вазифаи декани факултети забонҳои романӣ-германӣ кор мекунад.

Дар тӯли фаъолияти корӣ Қувватзода С.М. дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф ва таълиму тарбия саҳми арзанда дорад. Роҳбариро ба корҳои илмӣ-методӣ пайваста идома медиҳад. Рӯйхати корҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ-методии Қувватзода С.М. бештар аз 40 номгӯйро ташкил медиҳанд. То ин вақт ӯ зиёда аз 35 маҚолаҳои илмӣ-методӣ, 1 монография ба нашр расонидааст, ки ба масъалаҳои мухталифи илми адабиётшиносӣ ва робитаҳои адабии тољику рус бахшида шудаанд.

Пажӯҳиши хеле муҳиму рӯзмарраи олим “Поэзия Михаила Лермонтова в таджикских переводах” (Монография, 2021), мақолаҳои илмӣ - «Клятва Демона» Лермонтова в переводе Хабиба Юсуфи. Особенности переводческих интерпретаций», «Влияние поэзии Лермонтова на творчество Кутби Кирома», «Художественный стиль поэмы «Мцыри» в таджикских переводах», «Проблема перевода сказки «Ашик-Кериб» М.Ю. Лермонтова на таджикский язык», «Некоторые проблемы перевода русской поэзии на таджикский язык», «Лирика М.Ю.Лермонтова в переводах Боки Рахимзоды» ва ғайраҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба чоп расидаанд, ки аз љониби мутахассисон баҳои сазовор гирифтаанд. Китобҳои таҳиянамудаи Қувватзода С.М. «Пособие для занятий по русскому языку в национальных группах высших учебных заведений» (2020), «Практикум русского языка (для студентов факультета физики), (дар ҳаммуаллифӣ)», «Методика преподавания русской литературы» (2021), «История русской литературы ХХ века» (2023) -ро дар бар мегирад,

Илова бар ин дар самти тарбия низ ӯ корҳои зиёдро ба анљом расондааст. МаҚолаҳои илмӣ-оммавии ӯ дар мавзӯъҳои «Ифротгароӣ – вабои аср», «Кӯдак ниҳол – волидон боѓбон»,  «Пойдевори устувору нерӯбахши давлат», «Нақши факултети забонҳои романӣ-германӣ дар тайёр намудани мутахассисон», «Сарчашмаи иқболи мо» аз он љумла мебошанд.

Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба тарҷумаи асарҳои М.Ю,Лермонтов ба забони тоҷикӣ низ машғул аст. Намунаи тарҷумаҳояш дар шумораҳои маҷаллаи “Навруста” интишор гардидаанд.

Қувватзода Саломат Мусо ҳамчун зан-роҳбар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мунтаззам, фаъолона ташвиқу тарғиб менамояд.

Ӯ ҳамчун роҳбари хоксор меҳнатдӯст, серғайрат ва пурмаҳсул дар байни ҳамкорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ эҳтироми хоса дорад.

Қувватзода Саломат Мусо барои хизматҳои шоиставу бисёрсолааш дар рушду нумӯи илму маорифи тоҷик бо медали Хизмати шоиста, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.









Ҳакимов Насим Саъдуллоевич

Муовини декан оид ба корҳои таълимӣ
Тел.: (+992) 900737272
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it









Ҳайтов Аминҷон Ҷумаҳонович

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
Тел.: (+992)555316006










Умедов Шарифҷон Ҳайдаралиевич

Муовини декан оид ба корҳои илмӣ
Тел.: (+992) 939444027
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it









Ашуров Намозалӣ Муҳаммадалиевич

Коргузор
Тел.: (+992) 918939309
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj