• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Факултетҳо
There are no translations available.





technology.png - 130.29 Kb





Ширинов Мирқурбон Чиллаевич,
декани  факултети  технология ва соҳибкорӣ,
номзади илмҳои техникӣ

 

 

 

Ширинов Мирқурбон Чиллаевич 28.07.1984 дар ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб дар оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Таълимоти ибтидоиро соли 1990 дар мактаби миёнаи №21-и ноҳияи мазкур фаро гирифта, онро соли 2001 бо мувафаққият хатм намудааст. Пас аз хатми мактаб соли 2002 ба факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев  (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шудаву  донишгоҳи мазкурро соли 2007 бомувафақият хатм намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи технология ва мошиншиносӣ ба ҳайси асисстенти  кафедра ба кор шурўъ намуд. Худи   ҳамон сол, бо даъвати комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб муддати як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуд.   Баъдан ба вазифаи аввалаи худ асситенти кафедраи мошиншиносӣ дубора ба кор шуруъ кард. Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи ҷонишини декани факултет оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият намудааст. Ӯ соли 2019 зери роҳбарии д.и.х., академики АМИТ Ғаниев Изатулло Наврӯзович   дар мавзӯи “ Хосияти хӯлаи алюминийи  АК9, бо металҳои ишқорзаминӣ”  рисолаи номзадиашро сарбаландона дифоъ намудааст ва айни ҳол н.и.т. мебошад.

Аз 20-уми январи соли 2021 бо фармоиши ректори донишгоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи декани факултети технология ва соҳибкорӣ адои вазифа менамояд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj