Факултетҳо |
There are no translations available. ![]() Назарзода Давлатхон Қурбонмурод Декани факултети таърих ва ҳуқуқ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Тел: E-mail: Назарзода Давлатхон Қурбонмурод - 10 декабри соли 1986 дар ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2004 баъд аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, соли 2009 донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло, аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос – омӯзгор ва соли 2021 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ассистент дар кафедраи ҳуқуқи факултети таърих оғоз намуда, то соли 2011 фаъолияташро дар кафедраи мазкур идома додааст. Солҳои 2012-2018 дар вазифаи мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ, солҳои 2018-2022 дар вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, солҳои 2022-2023 дар вазифаи сардори Маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ ва аз 10 марти соли 2023 то инҷониб дар вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор ва фаъолият дорад. Номбурда барои фаъолияти бенуқсон ва иштироки фаъолонааш дар ҳаёти ҷаъиятӣ ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон соли 2013 бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф, соли 2018 бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, соли 2019 барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ бо “Ифтихорнома”-и фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 2022 барои таблиғу ташвиқӣ ғояҳои созанда бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардидааст. Номбурда дар баробари фаъолияти меҳнатиаш, ҳамзамон солҳои 2010-2013 дар шуъбаи аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 2021 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзӯи “Нақши санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар низоми сарчашмаҳои танзими ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.05 – Ҳуқуқи меҳнатӣ; ҳуқуқи таъминотӣ иҷтимоӣ ва 12.00.10 – Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупоӣ ҳимоя намудааст. Дар зиёда аз 10 конференсияҳои илмӣ-амалии сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, бо маърузаҳо баромад кардааст. Муаллифи як китоби дарсӣ, як дастури таълимӣ-методӣ, ду монография ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ мебошад. |