• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ

Кафедраи сиёсатшиносӣ соли 1991 ба ҷои кафедраи «Коммунизми илмӣ» арзи вуҷуд кардааст. Устодони аввалини кафедраи (коммунизми илмӣ) номзади илмӣ фалсафа, дотсент А. Абдуназаров, А. Жилин, Н. Салимов, Ш. Ҷумъаев, Г. Мухторова, С. Давлатов, Ҳ. Шоимардонов буданд. Кафедраро номзади илмӣ фалсафа, дотсент А. Абдуназаров сарварӣ мекард. Сентябри соли 1970 А. Абдуназаров ба вазифаи ҷонишини мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои олии КМ Ҳизби Қоммунистии Тоҷикистон таъин гардид. Вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи номзади илми таърих, дотсент М. Яҳёев гузошта шуд. Соли 1973 дотсент М. Яҳёев ба докторантура шомил шуд. Ба вазифаи мудири кафедра номзади илми таърих, дотсент Сайлигул Назарова интихоб шуда, то соли 1987 адои вазифа намуд.

Соли 1979 ҳайати кафедра аз ҳисоби мутахассисони варзида пурра гардид. Номзади илми таърих, дотсент Л.Ф. Серебренников, номзади илми таърих, дотсент Мирзоев М. ба ҳайати кафедра шомил шуданд. Бо сабаби ба нафақа  рафтани  Назарова С., соли 1987 доктори илми таърих, профессор Шарипов Я. Ш. мудири кафедра интихоб шуд. Соли 1994  профессор Шарипов Я.Ш. ба нафақа баромад ва вазифаи мудири кафедраро номзади илми фалсафа, дотсент С. Давлатов ба ӯҳда гирифт ва то соли 1998 ин вазифаро иҷро намуд. Моҳи июни соли 1998 доктори илми фалсафа, просессор М.  Гулахмедов мудири кафедраи сиёсатшиносӣ интихоб гардид. Аз моҳи январи соли 2009 то  соли 2012 номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Қосимова Р. И. вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносиро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2012 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро, д.и.ф., профессор Гулахмедов М. ба ӯҳда гирифта то соли 2015 ин вазифаро иҷро намуд. Аз соли 2015 то соли 2017 ин вазифаро номзади илмҳои сиёсӣ, и.в. дотсенти кафедра Ахиева Саодат Умарбекована ба иҷро расонида, аз соли 2017 то соли 2021 ин вазифа ба дӯши дотсенти кафедра Бедилзода Ҳусайн буд. Аз соли 2021 то соли 2022 ин вазифаро номзади илмҳои сиёсӣ Амиров Толиб иҷро кард. Аз сентябри соли 2022 то имрӯз ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.с., дотсент Бедилзода Ҳ., фаъолият дорад.

Устодони кафедра номзади илми фалсафа, дотсент Давлатов С., номзадҳои илмҳои сиёсӣ, дотсентон  Ҳакимов Р., Қосимова Р ., Бедилзода Ҳ., ва Ахиева С. дар пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ саҳми арзанда доранд. Бо ташаббуси Ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ  Расулов Қ.Р. шумораи унвонҷӯёни кафедра  афзуда, дар донишгоҳи омӯзгорӣ Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар соҳаи илми сиёсӣ ташкил шуда буд, ки муддати тӯлоние амал кард (1998-2007).  Дар ин муддат 65 нафар унвонҷӯён ва докторантон дар ин Шӯрои диссертатсионӣ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб саҳми калон дорад.  Доктори илми фалсафа, профессор М. Гулахмедов, номзади илми фалсафа, дотсент Давлатов С., номзади илми сиёсӣ, дотсентон  Ҳакимов Р., Қосимова Р ., Бедилзода Ҳ., ва Ахиева С.   дастпарварони кафера буда, дар навбати худ шумораи зиёди шогирдонашон соҳиби унвонҳои илмӣ гаштаанд. Дар чанд соли охир дастпарврони кафедра Ахива С., Шерматов Б., Қувватзода С., ва Амиров Т., рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, дар кафедра фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Дар солҳои охир аз рӯйи мавзуъҳои илмию тадқиқотӣ 20 рисола, 7 китоб, зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ нашр шудаанд, ки ҷамъ 100 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд. Устодони кафедра номзади илми фалсафа, дотсент Давлатов С. номзадҳои илмҳои сиёсӣ, дотсентон  Ҳакимов Р., Қосимова Р., Бедилзода Ҳ., ва Ахиева С., Қосимова Р.И. муаллифони як қатор адабиёти таълимӣ мебошанд.

Айни ҳол дар кафедра 14 нафар устодони варзида, 5 нафар докторантон (доктор PhD аз рӯй ихтисос), ки 3- нафарашон шаҳрвандони хориҷианд, 12 нафар унвонҷӯён ба корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ машѓуланд.

Кафедра дар раванди корҳои тарбиявии донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, дар ташаккули тафаккури сиёсии онҳо ҳисса мегузорад. Барои ин мақсад бо ҷавонон сӯҳбату лексияҳо, шабҳои суолу ҷавоб, озмуну конференсияҳо гузаронида мешаванд. Донишҷӯён барои навиштани маърӯзаҳо ҷалб карда мешаванд. Устодони кафедра дар мавзуъҳои тарбиявӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо, дар барномаҳои телевизиону радио мунтазам баромад карда, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ахлоқи ҳамидаи онҳо ҳисса мегузоранд.

Устодони кафедраи сиёсатшиносӣ мутобиқи сохтори имрӯзаи идоракунии ҷомеа дар бахшҳои гуногуни сиёсӣ, низоми сиёсӣ ва равандҳои ташкил кардани он, маданияти сиёсӣ, усули қабул кардани қарорҳо ва бунёди сохтори ҷомеаи демократӣ корҳои назарраси тадқиқотӣ, илмӣ, методӣ ва тарбиявиро мебаранд. Дар пешравиҳои корҳои кафедра ҳиссаи  устодон  Қосимова Р.И.,  Давлатов С., Бедилзода Ҳ.К., Ҳакимов Р.М., Ахиева С.У., Абдураҳмонов А., Шерматов Б., Амиров Т., Мусоев Исмоил, Мирзоев Убайдулло, Мирзоев Саидмузаффар, Сангов Шерафган ва дигарон назаррас аст.

Устодони кафедра аз рӯи равияҳои «Муносибатҳои миллӣ дар ҷомеаи демократӣ», «Ташаккули ҷаҳонбинии халқи тоҷик», «Нақши ваҳдат дар даврони истиқлолият», «Муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар давраи  сохти демократии Тоҷикистон», «Маданияти сиёсӣ», «Вазъи фазои геополитикӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ», «Камбизоатӣ ва низоъҳои сиёсӣ», «Нақши маданияти сиёсии ҷавонон дар ҷомеа» тадқиқотҳо мебаранд.

То ба имрӯз устодони кафедра як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимиву методӣ, рисола ва брошюраҳо нашр намудаанд, ки ду китоби дарсии «Низоъшиносӣ»,   «Геополитика», «Дастури методӣ аз фанни сиёсатшиносӣ», (аз ду қисм иборат аст), «Равандҳои миллӣ ва сиёсии истиқлолияти Тоҷикистон», «Хусусиятҳои сиёсии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Межнациональные отношения в таджикиском  современном  обществе», «Проблемы  развития этнических меньшинств в современном Таджикистане», «Особенности становления внещний политики суверенного Таджикистана и его связи со странами СНГ», «Камбизоатӣ ва омилҳои пайдоиши он», «Роҳнамо барои волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд», «Особенности формирования патриотизма таджикского народа», «Политическая элита и политические лидеры (дастури таълимӣ)», «Маҷмӯи  лексияҳо аз фанни сиёсатшиносӣ»,  “Состояние и развитие военно-технических отношения Республики Таджикистан и Российской Федерации в начале ХХI века” (политический аспекты) аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамчунин, рисолаҳои номзадии ду устоди кафедра – Мирзоев У дар мавзӯи “Формирование политической зрелости молодежи Таджикистана в условиях трансформации общества” ва Мирзоев С дар мавзӯи “Хусусиятҳои сиёсати экологии давлатҳои Осиёи Миёна дар шароити ҳозира” дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Вобаста ба авҷ гирифтани падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла экстремизм ва терроризм дар кафедра ҳамсола конференсияҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад, дар ин қатор аз тарафи кафедра вобаста ба муқовимат нисбати ин падидаҳо дар солҳои таҳсили 2018-2019 ва 2019-2020 курси махсус “Экстремизм ва терроризм” дар курсҳои 1-4 тамоми ихтисосҳои донишгоҳ, дар ҳаҷми 16 соат дарс гуфта шуд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра

1. Бедилзода Ҳусайн Кабут - н.и. сиёсӣ, дотсенти кафедра
2. Қосимова Раҷабмо Исмоиловна –н.и.сиёсӣ, дотсент
3. Ҳакимов Раҷаб Муродович н.и.сиёсӣ , дотсент (ҳамкори дохилӣ )
4. Ахиева Саодат Умарбековна – н.и.сиёсӣ, и.в.дотсент (ҳамкори дохилӣ)
5. Амиров Толиб Шарифович – н.с.сиёсӣ,  и.в. дотсенти кафедра
6. Шерматов Баҳром Грезович – н.и.сиёсӣ,  и.в. дотсенти кафедра
7. Мирзоев Убайдулло Ибодуллоевич – ассистент
8. Мирзоев Саидмузаффар Мирзомиддинович – ассистент
9. Мусоев Исмоилҷон Мансурович – ассистент
10. Абиров Манучеҳр Саидисломович - ассистент
11. Максумова Шаҳноза - ассистент
12. Холов Сафобахш Санақулович - ассистент
13. Давлатшо Каримзода - ассистент

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj