• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ





КАРИМЗОДА ШУҲРАТ БОЗОР

Декани факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ
доктори имҳои филологӣ, дотсент
Тел. 985112475
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

29.04.1983 дар ноҳияи Мӯъминобод, вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1990 ба мактаби миёнаи № 48 ва сипас соли 1998 ба гимназия – литсеи ноҳияи Мӯминобод рафта онро соли 2001 бо баҳои аъло хатм намуд.

Баъд аз хамти гимназия – литсей худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳозира Садриддин Айнӣ) ба факултаи забонҳои хориҷӣ, шӯъбаи забони англисӣ дохил шуда, донишгоҳи мазкурро соли 2006 бо дипломи аъло хатм кард. Баъд аз хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи филологияи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Аз моҳи сентябри соли 2009 то моҳи феврали соли 2011 ба сифати методисти шӯъбаи ғоибонаи факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз моҳи феврали 2011 то моҳи апрели соли 2014 ба сифати коргузори факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифои вазифа намудааст. Дар асоси озмун ба вазифаи муаллими калони кафедра соли 2011 интихоб шудааст. Соли 2013 бо ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барои корҳои фаъолона дар таълиму тарбияи ҷавонон ва корҳои ҷамъиятӣ сарфароз гардидааст. Аз моҳи апрели соли 2014 то моҳи сентябри ҳамон сол ба сифати ҷонишини декан оид ба илми факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор ва фаъолият намудааст. Соли 2008 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, соли 2012 онро хатм кард. Санаи 9-уми апрели соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таҳлили сохторӣ-семантикии истилоҳоти соҳаи ҳавопаймоӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» дар шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи славиянии Россия ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Ҷамшедов Парвонахон дифоъ намудааст. Санаи 12-уми майи соли 2021 Каримов Шуҳрат Бозорович рисолаи докториашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои лингвистии истилоҳоти экологӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» бомуваффақият дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҳимоя намуд.    Аз соли 2014 то 2015 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намуда, аз 1.09.2015 то моҳи июни соли 2022 дар вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума кор ва фаъолият намудааст.

Барои меҳнатҳои шоҳиста дар соҳаи омӯзгорӣ соли 2016 бо унвони аълочии маориф сарфароз гардонида шудааст. Каримов Ш.Б. соли 2018 унвони дотсент аз рӯи ихтисоси «Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ» сарфароз гардонида шудааст.

Каримов Шуҳрат Бозорович муаллифи 2 луғат (луғати истилоҳоти ҳавопаймоӣ дар забонҳои тоҷикӣ-англисӣ-русӣ, луғати синонимҳои забони англисӣ бо тоҷикӣ ва русӣ), 10 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ, 3 монография ва зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.

Каримов Шуҳрат Бозорович  ба сифати декани факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз  25.06.2022 фаъолияташро шурӯъ намуд.


 






Давлатов Назримад Муродзода
Муовини декан оид ба таълим
номзади илмҳои филологӣ
Тел. 885889889









Комилов Мирато Миршаробович
Муовини декан оид ба корҳои илмӣ
номзади илмҳои филологӣ
Тел: 93 869 95 66

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj