• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Факултетҳо
There are no translations available.

маҳфили илмии «Литератор».

дар кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳонӣ.

Дар соли таҳсили 2016 – 2017.

Дар ин соли таҳсил дар кафедраи адабиёти руc ва ҷаҳонӣ маҳфили «Литератор» кор мекунад. Роҳбари ин маҳфил  ассистенти кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳонӣ Наврузов А.Х. мебошад.

Дар авали соли таҳсил нақшаи кори маҳфили «Литератор» тартиб дода шуд, ки ҳар моҳ  чор маротиба маҳфил гузаронда мешавад. Аъзоёни маҳфили илми асосан донишҷӯёни курсҳои 1 – 4 мебошанд.

Аз авали соли таҳсил 12 маҷлиси ин маҳфил баргузор гардид, ки дар он масалаҳои  муҳими адабиёти рус, алоқаҳои адабӣ, таҳлили эҷодиёти шоирони машҳури рус ба нависандагони адабиёти ҷаҳон муҳоқима мешуданд. Бо маърӯзаҳо дар маҷлисҳои ин маҳфил устодони кафедра ва ҳамчунин донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус баромад менамоянд.

Ҳар як маҷлис ин маҳфил бо протоколҳо сабт мешаванд, ки дар онҳо рафти маҷлис, муҳоқимарониҳо навишта мешаванд.

Роҳбар:                                                      Наврузов А.Х.

Муд.кафедра:                                            Валиев Н.У

 

 

Оиди   фаъолияти   маҳфили « Русское  слово»

Кори  маҳфили «Русское  слово»  дар факултети забон ва адабиёти рус   мувофиқи нақшаи тасдиқкардаи  кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии  умумӣ  ба роҳ монда шуда аст,  ки  роҳбари ин мафҳил  Потемкина  Н.Б. мебошад.

Дар  маҳфил  донишҷӯёни  курсҳои  аз дуюм то чаҳорум  аъзо  мебошанд, ки шумораи онҳо 20-нафарро ташкил медиҳанд.   Ҷаласаи  маҳфил  дар як моҳ се  маротиба  гузаронида мешавад. Фаъолияти маҳфил  бо шаклҳои  гуногун  ва методҳои  рангоранг  амалӣ мегардад. Маҳфили  « Русское  слово»   бо кафедраҳои  умумидонишгоҳӣ  алоқаи зич  дорад. Донишҷӯён  дар семинару конфронсҳо  фаъолона иштирок  менамоянд. Инчунин, аъзоёни мафҳил  дар олимпиадаҳои  забони русӣ низ  фаъолона  иштирок  менамоянд.

Донишҷӯёни  курси  3-ю  Иброҳимова Шаҳноза  дар соли хониши 2016- 2017  барои дониши  хубу аъло, иштироки фаъолона дар корҳои илмӣ-эҷодӣ  ва ҷамъиятӣ    сазовори  дипломи  лаурияти  конкурси  донишҷӯён  ба номи  М.В.Ломоносов   шуданд.

Фаъолияти маҳфил  барои  ноил шудан   ба ҳадафҳои   зерин  равона  шудааст:

- ташаккул  додани  салоҳиятнокии  касбии  донишҷӯён;

- инкишоф додани мустақилият ва фаъолияти  эҷодӣ;

- васеъ  намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён дар  самти филологӣ;

- баланд намудани  нутқи маданӣ ва ғайра.

Кори дуруст ба роҳ мондаи маҳфил  имконият медиҳад, ки донишҷӯён аз як тараф  донишу малакаи  дар дарс  гирифтаи худро мустаҳкам намоянд,  аз тарафи дигар,  бойгарии забони  русиро  васеътар  ва муккаммалтар омӯзанд.

Кори ҳаматарафаи маҳфил барои  қаноатманд  намудани  шавқи  донишҷӯён  ва барои  аз худ намудани  малака ва маҳорати инкишофи  нутқ  шароитҳои хуб  фароҳам меорад. Дар ин машғулиятҳо  донишҷӯён  берун аз чорчӯба барномаи таълимӣ бисёр маълумотҳои муҳимро  худомӯзӣ менамоянд. Онҳо  мустақилона  аз сарчашмаҳои адабӣ ва илмӣ  маводҳо  тайёр намуда,  онҳоро  таҳлил менамоянд.

Методҳое, ки дар рафти кори маҳфил оид ба фан  истифода бурда мешаванд,  аз методҳои  асосии  таълим  бо мазмун  ва шакли худ фарқ менамоянд. Методҳои ҷорӣ намуда,  муҳити хуберо  барои баланд  бардоштани завқи донишҷӯён фароҳам меорад.

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj