• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.

Раёсати Донишгоҳ

Маълумотнома

Ректорат мақоми машваратии  доимамалкунанда дар низоми идоракунии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (минбаъд - Донишгоҳ) ба номи Садриддин Айнӣ буда, бо мақсади танзим ва беҳтар намудани фаъолияти зерсохторҳои он, таъсис дода мешавад. Ректорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳо, фармоиш ва ваколатҳои Ректор, Низомномаи мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои Донишгоҳ, ки мақсад, вазифа, ваколати аъзоёни Ректорат, тартиби амалинамоии онҳоро муайян мекунад, амалӣ менамояд. Ректорати Донишгоҳ  мақоми машваратӣ буда, иҷрои ваколатҳои Ректори Донишгоҳ, фармонҳои ӯ, амру супоришҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои олимон ва дигар мақомоти идоракунии Донишгоҳ дахл доранд, таъмин менамояд. Фаъолияти Ректорат баҳри таъмину танзими рушди афзалиятноки Донишгоҳ хамчун комплекси  ягона равона мешавад.

Мақсади асосии Ректорат ин таъмини фаъолияти мунтазами Донишгоҳ ҳамчун комплекси ягона мебошад. Баҳри амалӣ кардани ин мақсад Ректорат чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

- рафти иҷрои фармон, қарор ва супоришҳои  Ректорро арзёбӣ намуда, нақша ва барномаҳои  тасдиқшударо таҳлил менамояд;

- фаъолияти аъзоёни Ректорат, ки ба умумияти вазифаҳои  дар наздашон гузошташуда асос ёфтааст, роҳбарӣ мекунад;

- масъалаҳои пайдошударо маълум намуда, чораҳои  ҳалли онҳоро меандешад;

- фаъолияти зерсохторҳои Донишгоҳро бо мақсади  истифодаи афзалиятноки нерӯи зеҳнӣ, пойгоҳи моддӣ ва молиявии Донишгоҳ ҳамоҳанг месозад;

- вазифаи машваратӣ ва иҷрокуниро дар назди Ректор иҷро менамояд;

- лоиҳаҳои мавҷудбударо  ташхис карда, иҷрои онро дар Донишгоҳ назорат мекунад;

- рушди  бонизом ва истифодаи самараноки  иқтидори илмӣ ва пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳро таъмин менамояд;

 

- масъалаҳои пешниҳоди кормандони Донишгоҳро  барои ноил шудан ба унвонҳои ифтихорӣ, мукофотҳои давлатӣ, аз ҳисоби натиҷаҳои  назарраси илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва дигар шаклҳои  фаъолият ҳал менамояд;

- масъалаҳои ҳамкории Донишгоҳро бо дигар ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилотию илмӣ муҳокима мекунад;

- назоратро аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда, нақша ва барномаҳои таълимӣ, илмӣ, пулӣ ва фаъолияти хоҷагии Донишгоҳ  амалӣ мегардонад;

- пешниҳодҳоро ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои  гуногун, ки баҳри беҳбудии хизматрасонии фарҳангӣ, варзишӣ, тандурустии донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон равона шудааст, дар амал татбиқ менамояд;

- ҳар ҳафта ҳисоботи роҳбарони зерсохторҳоро  оид ба вазъи кор ва натиҷаҳои ба даст оварда мешунавад;

- лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёриро муҳокима менамояд;

- масъалаҳои таъҷилиро, ки ҷиҳати рушди Донишгоҳ заруранд, баррасӣ менамояд.

Барои маълумоти зарурӣ Муфассалро пахш кунед...

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj