Факултетҳо |
There are no translations available. ![]()
Қаландаров Аҳрор Аҳмадович Декани факултети география, номзади илмҳои география, дотсент Телефон: 919 -07-80-70; Email:k Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Қаландаров Аҳрор Аҳмадович 12.06.1971. дар ноҳияи Дарвоз, ҷамоати Саѓирдашт, деҳаи Кулумбаи –Поён,дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1978 мактаби миёнаи №16 ноҳияи номбурдаро хатм намуда, худи ҳамин сол ба факултети географияи ИДПД ба номи Т. Г. Шевченко, ихтисоси география- биология дохил шудааст Қаландаров Аҳрор Аҳмадович аз соли 1997 инҷониб дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси ассистент, муаллими калон фаъолият намудааст. Солҳои 2009-2011 и.в. мудири кафедраи «Геоэкология» ва аз соли 2011-2013 мудири кафедраи географияи табиии факултети географияро иҷро намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2013 то 2016 ба вазифаи мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молия-и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 2017 ба тариқи озмун ба вазифаи мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факултети география таъин гардида, моҳи июни соли 2020 ба вазифаи декани факултети география таъин гардида то инҷониб фаъолият карда истодааст. Ҳамчун декани факултети география кор карда, муаллифи нахустин васоити таълимӣ бо забони давлатӣ «Асосҳои экология умумӣ» (Душанбе. 2013, 9 ҷузъи чопӣ) буда, китоби «Таърихи кашфиёти географӣ» (Душанбе. 2018. 10 ҷузъи чопӣ), (дар ҳаммуаллифӣ бо Мусоев З., Гуруков Т.М.), китоби «Глясиология ва гидрология» (дар ҳаммуаллифӣ бо Мусоев З, Гуруков Т.) (Душанбе. 2018, 8,7 ҷузъи чопӣ) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Китоби тозанашри дигар, ки нахустин маротиба бо забони давлатӣ чоп мегардад «Масъалаҳои навтарини географияи иқтисодӣ ҷаҳон» (Душанбе 2020, 20 ҷузъи чопӣ), (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷураев А.), мебошад, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон бахшида мешавад. Инчунин монографияи ӯ «Оcобенности социально- демографического развития городов Республики Таджикистан (на примере Согдийской области) (Душанбе 2015. 9,4 ҷузъи чопӣ) аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид. Ӯ ҳаммуаллифи «Барномаи таълимӣ», (соли 2013 - аз фанҳои тахассусии кафедраи географияи табиӣ) буда, дар таҳияву навишт ва тартиб додани «Барномаи таълимӣ», мутобиқи стандарти ҳозираи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ аз фанни географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва силаббусҳо саҳми калон гузоштааст. Номбурда таҷрибаи хуби педагогӣ дошта, муаллифи беш аз 50 мақолаҳои илмӣ ва фишурдаҳо буда, қисме аз онҳо дар маҷаллаҳои илмии берун аз ҷумҳурӣ нашр гардидаанд. Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Оcобенности социально- демографического развития городов в условиях трансформируемой экономики (на примере Согдийской области Республики Таджикистан)» дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли 2011 бомуваффақият ҳимоя намудааст Қаландаров Аҳрор Аҳмадович омӯзгори масъулиятшинос ва серталаб буда ҳамчунин маҳорати баланди таҳлил намудан ва баровардани хулосаҳои илмиро дошта, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Иқтисодиёти аҳолӣ ва демографияи ИИД АИ ҶТ, Агентии омори назди Президенти ҶТ ҳамкорӣ намуда, курси бозомӯзиро дар УЦА муддати шаш моҳ гузаронида соҳиби диплом гардидааст. Ҳамзамон дар якчанд семинар-тренингҳо дар дохили ҷумҳурӣ иштирок ва баромад намудааст. Қаландаров Аҳрор Аҳмадович дар корҳои ҷамъиятии Донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, бо лексияҳою суҳбатҳояш дар назди донишҷӯён баромад карда, ҷавононро аз проблемаҳои муосири географӣ, ҳадафу вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳким бахшидани Истиқлолияти миллию давлатии Тоҷикистон огоҳ месозад. Хизматҳои пурсамару бисёрсолаи Қаландаров Аҳрор Аҳмадовичро дар тарбияи ҷавонон, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи дастурҳои таълимию методӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба назар гирифта, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ӯро соли 2013 бо ифтихорномаи «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон» ва соли 2015 ба ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2020 аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардонидааст. Қаландаров А.А.дар тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ саҳми босазо гузошта, зери роҳбарии ӯ як нафар доктор PGD рисолаи номзадӣ омода намуда зиёда аз 21 нафар шогирдон рисолаҳои магистрӣ ва дипломӣ ҳимоя намудаанд. Номбурда шахси қавиирода, боинтизом ва меҳнатдӯст буда, дар байни устодон ва кормандони факултет соҳибэҳтиром аст ва бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда барои пешрафти соҳаҳои илми география ва иқтисодии кишвар дониш ва маҳорати касбии худро равона месозад. «Аълочии маорифи Тоҷикистон» аст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд. |