• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.




Шодии Давлаталӣ
Мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Email:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 985889936.907889936



Шодии Давлаталӣ 10 январи соли 1991 дар ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) таваллуд шудааст. Соли 2009 мактаби миёнаи рақами 18 - и ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро бо муваффақият хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети иқтисодиёт ва идоракунии маорифи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, соли 2013 онро хатм кардааст. Пас аз хатми зинаи бакалаврият соли 2013 ба шуъбаи магистратура бо ихтисоси менељмент дар таҳсилот дохил шуда, соли 2015 онро бо баҳои аъло хатм намудааст.

Дар давраи таҳсил дар зинаи  магистратура аз соли 2013 то соли 2014 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит»  кор кардааст. Соли 2014  фаъолияти хуби ӯро ба назар гирифта, ба ӯ вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети иқтисодиёт ва идоракунии маорифро вогузор намуданд, дар ин вазифа то соли 2017 фаъолият намудааст. Соли 2017 дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълимӣ кор кардааст ва дар ин сол дар асоси озмун ба вазифаи муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф  гузашта, фаъолияти кори худро идома додааст. Аз  моҳи ноябри соли 2017 то имрӯз ба ҳайси муаллими калони кафедра кору фаъолият намудааст. Соли 2015 ба шуъбаи аспирантураи ДДОТ ба номи С. Айнӣ  дохил шуда, соли 2018 онро хатм кардааст. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ Зариф Шарифов корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда, соли 2019 дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истифодабарии замин дар Љумҳурии Тољикистон (дар асоси маълумотҳои минтақаҳои хушкзамини вилояти Хатлон)» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Шодии Давлаталӣ  муаллифи зиёда аз 20 номгӯй корҳои илмӣ ва методӣ мебошад, ки беш аз 6-тои онҳоро васоити методию таълимӣ ташкил медиҳанд. Мақолаҳои илмӣ-методиаш дар маљаллаҳои «Паёми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тољикистон», «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Ахбори Академияи илмҳои Љумҳурии Тољикистон», «Илм ва инноватсия», ҳафтаномаи «Омӯзгори љавон» ва маљмӯаҳои дигар маљалаҳои бонуфузи ҷаҳони аз қабили скопус нашр шудаанд.

Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи апрели соли 2020  ҳамчун иљрокунанда ва аз 09.004.2020 ҳамчун мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити  факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнӣ кору фаъолият дорад.


КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ,ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит аз 01 ноябри соли 2011  таъсис ёфтааст. Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулов Т.М. буданд. Аз 10 майи соли 2013 ба ҳайси иљрокунандаи вазифаи мудири кафедра  Бегов А. О., фаъолият намуданд. Баъдан аз 01 сентябри соли 2013 вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи н.и.и., дотсент Расулов Ѓ., гузошта шуд ва мавсуф то 01 декабри соли 2015 фаъолият намуданд. Аз 02 12. 2015 то 28 августи соли 2017 иљрокунандаи мудирии кафедраро Ойматов Б.Ш. бар уҳда доштанд.

Аз 01-уми сентябри соли 2017 то моҳи апрели соли 2020 ҳамчун иљрокунанда ва аз 09 апрели соли 2020  вазифаи мудирии кафедраро н.и.и., дотсент Ш. Давлаталӣ бар уҳда доранд. Кафедраи баҳисобгирии  бухглтерӣ, таҳлил ва аудит дар факултет ниҳоди асосӣ буда, дар тайёр намудани мутахассисони  соҳаи иқтисодиёт нақши назаррас дорад. Бо кушиши омӯзгорон солҳои охир аз фанҳои марбути кафедра як қатор барномаҳои таълимӣ ва дастуру  воситаҳои таълимӣ мураттаб ва аз чоп бароварда шуданд. Устодони кафедра дар таълифи китобҳои  дарсӣ  барои мактабҳои олӣ фаъолона ширкат менамоянд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишљӯён бо номи  «Муҳосиби љавон»  фаъолият мекунад. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ, устувор намудани иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум дар ташаккули тафаккури нави иқтисодӣ ва тарбияи мутахасисони ҷавон нақши кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, хеле баланд мебошад. Равияи асосии кори илмии кафедра «Таҳқиқоти муаммоҳои баҳисобгирии муҳосибии соҳаи маориф, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва усулҳои муайян кардани арзиши аслии харољотҳои соҳаи маориф ва илми Љумҳурии Тољикистон, дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ» мебошад.

Кафедра мутахасисонро аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар зинаи бакалавр ва магистр дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ омода мекунад.


ОМӮЗГОРОН 



Шарифов Зариф Раҳмонович
Доктори  илмҳои иқтисодӣ, профессор
Email:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел.: (+992) 907 70 89 50

 

 

 





Зиёзода Бунёд
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Email: BUNYOD.01.09.@ mail.ru
Тел: 901203020.,  918944714.








 


Бахтиёр Ойматов,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 918786364












Абдукарим  Бегов
Ассистент
Email: а Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 93.542.83.05








Манучеҳри Нозимӣ,
Муаллими калон
Email:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 987 11 99 99










Додшоева Бибичамол Мирзошоевна
Муаллими калон
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел:   93 471 01 61









Ҳусайнов Сафаралӣ Мирзомуродович
Ассистент
Тел: 987309495









Бунафша  Аламова
Лаборант
Тел: 918.53.73.37



 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj