• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.







Умед Рузиев,
мудири кафедраи Назарияи иқтисодӣ,
муаллими калон
Тел: (+992) 918-24-37-25
mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Рузиев Умед, санаи 1-уми декабри соли 1982 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1988 ба мактаби миёнаи №88-уми шаҳри Душанбе барои таҳсил намудан рафта, онро соли 1999 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Худи ҳамон сол ҳӯҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Русию – Тоҷикӣ (Славянӣ) супорида онро соли 2004 бо ихтисосӣ менеҷер хатм намудааст. Соли 2004 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» ҳамчун ҳамкор фаъолият намуда ва дар соли 2005 ба шуъбаи аспирантура рӯзона дохил шудааст. Соли 2009 шуъбаи аспирантураро хатм намудааст. Дар ҳамин сол ба ҳайси ассистенти кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» ДДОТ ба номи С. Айнӣ кору фаъолияти худро идома додааст. Соли 2010 муаллими калони кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият намуда ва аз 27.02.2013 то 20.11.2013 ба ҳайси ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети Иқтисодиёт ва идоракунии маорифи ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолияти меҳнатияшро давом додааст. Соли 2013 - дар кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» ба ҳайси муаллими калони кафедраи мазкур фаъолият худро идома додааст. Соли 2015 – ба вазифаи мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» таъин шудааст ва то имрӯз фаъолияти кории худро дар ин вазифа идома дода истодааст.

 

КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ

Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ, устувор намудани иқтисодиёти миллӣ  баланд бардоштани дараҷаи неку аҳволии халқ, инчунин дар ташаккули тафаккури нави иқтисодӣ  ва тарбияи мутахасисони ҷ авон роли кафедраи «Назарияи иқтисодӣ » хело баланд мегардад. Кафедра дар соли хониши 1955 – 1956 ташкил карда шудааст. То ин вақт ба кафедраи Марксизм ва Ленинизм дохил мешуд.

Сарвари аввалини кафедраро олими шинохта ва ходими ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, ходими шинохтаи илмӣ  Тоҷикистон, профессор Салбиев Ҳ. Б., бар дӯш доштааст. Ҳамчунин саҳми олимон Мошияхов И. А., Пальчиков Ю. Н., Юсуфбеков Р., ва дигарон зиёд аст. Дар марҳилаи якуми таҳаввули кафедра дар қатори ветеранҳои шинохта ҷавонони донишманд, мисли узви вобастаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вазири маориф, собиқ муовини раиси шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбеков Р. Ю., профессор номзади  илми иқтисод, корманди шоистаи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маорифи халқ Зайниддинов Ҳ., номзади илми иқтисод, дотсент Хоҷаев Ф. ва ғайраҳо саҳми арзандаи худро доштанд.

Баъдтар дар кафедра Зайниддинов Ҳ., Хоҷаев Ф., Бобоев М. И., Тошев О. Т., Юсупова Б. Д., Мардонов Ҷ  ., Иошихес Ф. П., Наботов И., Насимов А., Раҳматуллоев С., Ризоев К., Садриддинов Н., Эшбоев А., Исанқулов И., Ямоқов Э. ва дигарон кор ва фаъолият намудаанд.

Аз рӯзи ташкил намудани кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ва ӯзбекӣ  дарс хонда мешавад. Тарҷумаи китоби дарсии «Иқтисоди сиёсӣ  барои донишкадаҳои олии ғайрииқтисодӣ» анҷом ёфта, дар соли 1986 ба таъб   расид.

Марҳилаи дуввуми таҳаввули кафедра дар солҳои 60 – ум оғоз меёбад. Дар ин марҳила кафедра бо ҷавонони боистеъдоди илмию омӯзгорӣ пурра мешавад. Аз  ҷумлаи онҳо олими шинохта, доктори илми иқтисодӣ, шодравон профессор Тошев О. Т., хатмкардаи факултаи ҷуғрофияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  мебошад. Аз соли 1990 то 30 – уми январи соли 2009  ӯ  сарвари кафедраро  ба уҳда дошт. Доктори илмӣ  иқтисод профессор Тошев О. Т., дар тайёр намудани мутахассисони дараҷаи баланди илмӣ  саҳми арзанда гузоштааст. Зери роҳбари ӯ    Нафедова Л. Л., Мусулмонов И., рисолаҳои номзадиро дифоъ намудаанд.

Равияи асосии кори илмии кафедра «Хусусиятҳои гузариши Ҷ умҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозоргонӣ » буд. Оид ба ин масъала ҳайати кафедра дар конфронсҳои илмиву назариявии анъанавӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ,  маърӯзаҳо карданд, масалан профессорон Тошев О. Т. дар конфронсияҳои шаҳрҳои Маскаву Минск; Эшбоев А. Э., дар шаҳрҳои  Санк – Петербургу  Тошканд;  Зайниддинов Ҳ., дар Будапешт, Варшава ва Москва иштирок ва баромадҳои равияи илмии худро баррасӣ  намуданд. Дар мӯҳлати начандон зиёд дар як фосилаи хело кӯтоҳ профессор Эргашев А. низ дар кафедра  фаъолияти корӣ дошт.

Аз ибтидои моҳи феврали 2009  мудири кафедра «Назарияи иқтисодӣ » ба дӯши аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми иқтисод, дотсент Ҳамроқулов Ш. гузошта шуда буд. Ва аз таърихи 21.05.2011. мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ  Изатов Қ.И. то 2013 кор ва фаъолият намуд. Аз соли 2013 то 2015 мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Азизов Ш.С. ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2016 то имрӯз мудири кафедраро муаллими калон Рузиев У.Ш. ба уҳда дорад.

 

Омӯзгорон





Шоазиз Азизов 10.11.1953
н.и.и., дотсент
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
тел: (+992) 93-567-19-97












Давронҷон Гадоев 08.02.1981
ассистент
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
тел: (+992) 92-796-96-77











Имомали Амаков 01.12.1992
ассистент mail:
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
тел: (+992) 93-874-15-15










Аҳмад Нуров 03.09.1988
ассистент mail:
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
тел: (+992) 98-748-48-04













Ализода Ҳуснигули 18.08.1990
ассистент
тел: (+992) 918-15-35-33












Сайёҳатхон Хушвахтова 19.06.1988
лабарант
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
тел: (+992) 902-70-75-07
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj