There are no translations available.

Абдураззоқ Раззоқов, мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Кор ва фаъолияти собиқа
Солҳо
|
Вазифа бо нишон додани мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилот
|
1989-1990
|
Омӯзгори мактаби миёнаи №9-и ноҳияи Панљакент
|
1990-1995
|
Донишљӯи факултети математикаи ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев (Ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ)
|
1995-1997
|
Коромӯз ва корманди кафедраи геометрияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
|
1998 то имрӯз
|
Ассистент, омӯзгори калон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи геометрияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
|
03.2003 - 1.10.2011
|
Муовини декан доир ба корҳои таълимии факултети математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
|
Аз 01.10.2011 то 07.01.2013
|
Дотсент, мудири кафедраи ГЕОМЕТРИЯ
|
Аз 07.01.2013 то 01.10.2014
|
Декани факултети математикаи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
|
Аз 01.10.2014
|
Дотсент, мудири кафедраи ГЕОМЕТРИЯ
|
-Муаллиф, мусанниф, мураттиб ва муҳаррири беш аз 26 номгӯйи маљмуаҳои илмиву адабиву соҳавӣ, беш аз 250 номгӯи мақолаҳояш дар матбуоти даврӣ чоп шуда, гузоришу сӯҳбатҳояш тавассути садову симо пахш гардидаанд.
Таърихи кафедра
Кафедраи геометрия ҳамчун сохтори алоҳида соли 1972 дар заминаи кафедраи таҳлили математикии факултети математика ташкил ёфтааст. Аз рӯзи ташкилшавии кафедра сарварии онро шодравон дотсент Г.Собиров ба ӯҳда дошт. Бо дастгирии Г. Собиров дар муддати 15-соли фаъолияти кафедра омӯзгорон Ҷ. Мамедова, Д. Ҷӯрабекова, А.Сатторов, Ғ.Раҷабов, М. Шоимқулов, А. Ғаффоров, Я. Ҳоҷиев рисолаҳои номзадии худро дифоъ карданд. Дар кафедра инчунин П. Л. Хаимова, Н. Усмонов, Ҷ. Мамедова, Я. Н. Хаимов, Ф. Назаров, А. Сӯфиев, Р. Набиева, О. Асадов, Н. Маликов, Қ.Шарипов, М. Мамадҷонова кор мекарданд. Кафедра аз рӯи равияҳои «Топология», ва «Алоқамандии геометрияи олӣ бо геометрияи мактабӣ» корҳои илмӣ ва маҳфилҳо мегузаронад. Аз тарафи омӯзгорони кафедра бо забони тоҷикӣ «Геометрия» (муаллифон Н. Усмонов, Ғ. Раҷабов), якчанд дастурҳои таълимӣ (аз қисмҳои алоҳидаи геометрия) таълиф шудааст. Омӯзгорони кафедра кӯшиш доранд, ки аз тамоми қисмҳои геометрия барои шогирдон маводи таълимӣ тайёр намоянд. Баъди Г. Собиров сарварии кафедраро дотсент Ғ. Раҷабов, профессор Н. Усмонов, дотсент Д. Ҷӯрабекова, дотсент А. Сӯфиев, дотсент Қ. Норов, номзади илми педагогӣ Шарифов Н. ба ӯҳда доштанд ва ҳоло онро номзади илмҳои педагогӣ Раззоқов А. ба ӯҳда дорад.
Айни замон дар кафедра омӯзгорон

Қурбон Норов Номзади илмҳои физика - математика, дотсент Муаллифи 2 китоби дарсии математикаи синфҳои 1 ва 2; 10 дастуру таълими меътодӣ, зиёда аз 90 мақолаҳои илмию методӣ. Тел 918 96 54 33

Бойматов Комилљон Омузгори кафедра
Назирахон Дадабоева ассистенти кафедраи геометрияи
|