менюхо |
Давлатшо Каримзода Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Тел: +992 555 55 67 47, 918 81 05 56 Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Каримзода Давлатшо 20 августи соли 1993 дар ноҳияи Муъминобод, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 2000 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Муъминобод ба синфи якум қабул гардида, онро соли 2011 бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби номбурда дар озмунҳои фаннӣ иштирок намудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2011 ба факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2015 бо муваффақият хатм кард. Барои идомаи таҳсил худи ҳамон сол ба зинаи магистратура дар кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳи номбурда дохил шуда, соли 2017 онро хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси мутахассис моҳи ноябри соли 2016 дар Шуъбаи фарҳанги донишгоҳ оѓоз намуда, то моҳи августи соли 2018 дар ин ҷода собитқадамона меҳнат карда, тамоми чорабиниҳои фарҳангиро дар сатҳи баланд доир менамуд. Аз моҳи феврали соли 2020 муовини озодӣ раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошад. Моҳи сентябри соли 2020 роҳбари намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ интихоб гардид. Моҳи августи соли 2018 тариқи гузариш аз вазифаи мутахассиси Шуъбаи фарҳанги донишгоҳ ба вазифаи сармутахассиси Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ то соли 2022 фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2022 тариқи гузариш аз вазифаи сармутахассиси Шуъбаи кор бо ҷавонон ба вазифаи сармутахассиси Маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратии донишгоҳ то моҳи сентябри соли 2022 фаъолияти пурсамар намудааст. Моҳи сентябри соли 2022 аз вазифаи сармутахассиси Маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ тариқи гузариш ба вазифаи мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ таъин гардида, то ҳол фаъолият намуда истодааст. Аз соли 2012 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, омода намудани мутахассисони ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2020), Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2019), Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳалии Ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод (2019), Ифтихорномаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (2019), Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (2018), Ифтихорномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (2017), Сипосномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (2015, 2017), Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Сипосномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), қадрдонӣ гардидааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Зокиров Хусрав Ҷобирович Сармутахассиси Шуъбаи кор бо ҷавонон Тел: +992 937 71 76 39
Сафаров Шаҳриёр Мирзоевич Мутахассиси пешбари Шуъбаи кор бо ҷавонон Тел: +992 937 60 99 95 |