• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.

КАФЕДРАИ АНАЛИЗИ МАТЕМАТИКӢ

ЮСУПОВ Гулзорхон Амиршоевич

аз сентябри соли 2022 дар вазифаи и.в. мудири кафедраи анализи математики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  кор мекунад.

*Соли таваллуд: 08 январи соли 1977         *Ҷои таваллуд: шаҳри Хоруғ

*Миллат: тоҷик                                               *Таҳсилот: олӣ

Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро хатм кардааст.

*Ихтисос: математик, муаллими математика

*Унвони илмӣ: доктори илмҳои физикаю математика, профессор

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад? русӣ, англисӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? Не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не?

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2008);

Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У. Умаров барои силсилаи корҳо дар мавзӯи “Ҳалли масъалаҳои экстремалӣ дар назарияи наздиккунӣ” (2017).

*Вазъи оилавӣ: оиладор

*Суроға: шаҳри Душанбе, н. Сино, кӯчаи С. Шерозӣ, 31, х. 20.

Фаъолияти корӣ:

Солҳои 1994-1999

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Солҳои 2000-2003

Аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистион

Солҳои 2003-2005

Муовини декани факултети математика ва физикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Солҳои 2005-2007

Сардори шӯъбаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Солҳои 2008-2010

Докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистион

Солҳои 2010-2011

Дотсенти кафедраи таҳлили математикӣва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистион

Солҳои 2011-2012

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2016

Дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2016-2018

Профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2020

Мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2020-2022

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Аз сентябри соли 2022 то ҳоло

И.в. мудири кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


ТАЪРИХИ КАФЕДРА

 

Кафедраи анализи математикӣ соли 1939 бо номи кафедраи Математикаи олӣ ташкил карда шуда буд. Соли 1969 номи кафедра ба анализи математикӣ ва геометрия иваз карда шуд. Аз соли 1972 бошад номи кафедра ба анализи математикӣ иваз шуд. Аввалин мудири кафедра (солҳои 1939-1941) хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов – Х.А. Азизов буд.

Дар солҳои минбаъда роҳбарии кафедраро устодон: Хаимов М.Б., Рӯзметов Э.Р., Шабозов О.Ш., Ахмедов М.А., Муродов Б., Пиров Р.Н., Раҳимов Р.М., Каримова М.М., Азизов М. ва Холиқова М.Б. ба уҳда доштанд. Аз сентябри соли 2022 вазифаи кафедраи анализи математикиро профессор Юсупов Г.А. ба уҳда дорад.

Бо афзоиши донишҷӯён ва кушода шудани ихтисосҳои нави омӯзгорӣ дар назди кафедра масъалаи тайёр кардани мутахассисон барои худи факултет аз ҳисоби шогирдони маҳаллӣ ба миён омад. Аз ҳисоби хатмкунандагони факултет, ба мисли Горелов И.В., Абакумов Т., Рӯзметов Э.Р., Усмонов Н.У., Раҷабов Б.Х., Шарипов Б., Муродов Б., Раҳимов Р., Муҳаммадиев М., Болтаев Х., Наҷмиддинов Ҷ., Пиров Р.Н., Қурбоншоев С.З., Азизов М., Айнуллоев Н., Қараев Х. ва дигарон сафи омӯзгорони кафедра дар солҳои гуногун пурра гардид. Имрӯз аксарияти онҳо дар мактабҳои олии гуногун ва дар худи кафедра фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ доранд. Сол то сол талабот ба омӯзгорони баландихтисоси риёзиёт зиёд мешуд, ки ин дар навбати худ ба афзоиши шумораи устодони кафедра низ бетаъсир намонд. Агар соли таҳсили 1939-1940 дар тамоми факултети физикаю математика 10 нафар омӯзгорон фаъолият карда бошанд, ҳоло танҳо дар кафедра 12 нафар устодон, аз он ҷумла 2 нафар профессор, 2 дотсент, 2 нафар муаллими калон, 6 нафар ассистент фаъолият карда истодаанд.

Дар давраи соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи анализи математикӣ ба дастовардҳои назаррас чи дар самти таълим ва чи дар самти илмӣ ноил гардид. Аз ҷумла, соли 2008 Холиқова М.Б. рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Некоторые задачи сопряжения аналитических функций с сингулярными точками на контуре» дифоъ намуд. Дар қатори устодон Қурбоншоев С. (1993), Каримова М.М. (1995) ва моҳи ноябри соли 2009 Азизов М. рисолаи докториашро дар мавзӯи «Оптимизация приближенных методов решения некоторых классов интегральных уравнений и смежные вопросы теории приближенных методов» дифоъ намуданд. Инчунин, 27.06.2018 профессори кафедра Пиров Р. дар Шурои диссертатсионии ДМТ рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи риёзиёт, махсусан мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ саҳми кафедраи анализи математикӣ калон аст. Имрӯз шогирдони кафедра профессор Қурбоншоев С.З. дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Русия, Муродов Б., Раҷабов Б., Шарипов Б., дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Усмонов Н. Раҳимов Р., Қараев Х. дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Саъдуллоева Р. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Абдулофизов Ш. дар Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, Деҳқонбоев Н. дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Хаимов Б.Н. дар Исроил фаъолият доранд.

Равобити илмии кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Киев ва Боку дар солҳои 1970-1980 (мудири кафедра Шабозов О.Ш.) хеле густариш ёфт ва ин натиҷаҳои дилхоҳ низ дод. Алалхусус устодон: Раҷабов Б., Муродов Б., Болтаев Х., Абдулофизов Ш., Наҷмиддинов Ҷ., Қурбоншоев С.З., Азизов М. ва Айнуллоев Н. шогирдони ин марказҳои бузурги илми математика мебошанд.

Дастпарварони кафедра дар ҷумҳурӣ ва берун аз кору фаъолият намуда истодаанд. Донишҷӯёни Донишгоҳ аз рӯи китобҳои дарсӣ ва васоитҳои таълимии аз тарафи устодони кафедра нашргардида истифода мебаранд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки бисёр устодони кафедра дар таҳияи китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ, тавсияҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ аз математикаи олӣ, анализи математикӣ барои ихтисосҳои гуногуни факултет саҳми калон доранд. Дар ин самт хизмати собиқ устодон Хаимов Н.Б., Рӯзметов Э.Р., Шабозов О.Ш. Каримова М.М., Абдулофизов Ш., Ахмедов М., Арабова М.Р., Раҳимов Р. Азизов М. ва устодоне, ки то ба имрӯз фаъолият доранд: Пиров Р., Наҷмиддинов Ҷ., Юсупов Г.А., Холиқова М.Б. ва дигарон назаррас аст.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра ба дараҷаи аъло рушд ёфта истодааст. Имрӯз дар кафедра омӯзгорон аз рӯи се масъала корҳои илмӣ- тадқиқотӣ бурда истодаанд:

  • Ø Назарияи наздиккунии функсияҳо дар фазоҳои гуногуни банахӣ;
  • Ø Назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ ва системаи барзиёдмуайншудаи муодилаҳои дифферинсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ;
  • Ø Анализи комплексӣ ва масъалаҳои канорӣ.

Кафедра маҷмуаи корҳои илмии устодон «Дифференциальные и интегральные уравнения и их приложения» (қисмҳои 1-2) ва ду маҷмуаи илмӣ бахшида ба 60-солагии зодрӯзи профессор Рӯзметов Э., монографияҳои илмии профессорони кафедраро бо номҳои «Аналитические многообразия» (Қурбоншоев С.), «Тауберовы теоремы с остатком для кратных общих рядов Дирихле» (Каримова М.), «Дифференциальные уравнения с параметром и их приложения к исследованию некоторых переопределенных систем уравнений в частных производных» (Рӯзметов Э.), «Информационная сложность приближенного решения интегральных уравнений» (Азизов М.) ва зиёда аз 58 номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методии ёрирасон ба монанди китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ «Анализи математикӣ» қисмҳои 1-5 (Хаимов Б.Н. солҳои 1936, 1970, 1996), «Курси мухтасари анализи математикӣ», (Рӯзметов Э., Хаимов Н. солҳои 1977, 1986), «Алгебраи олӣ» (Хаимов Н. соли 1961), «Дастур аз математика барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ» (Раҳимов Р., Саидова С. соли 1994), «Элементҳои назарияи маҷмӯъҳо ва комбинаторика» (Назаров Ф., Раҳимов Р., Холов Н. соли 1994) «Нишондоди методӣ ва корҳои контролӣ аз анализи математикӣ» (Раҳимов Р., Шарипов Б. соли 1987), «Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш ҳақиқӣ» (Рӯзметов Э., Муродов Б., Назаров Ф. соли 1990), «Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ» (Пиров Р., Рӯзметов Э.), «Муодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» (Рӯзметов Э., Деҳқонбоев Н. соли 1991), «Дастури методӣ оиди муодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ» (Рӯзметов Э., Пиров Н., Хаимов Б.Н. соли 1986 қ.1, соли 1988 қ.2.), Дастури методӣ оиди қаторҳои Фурйе. (Пиров Р., Рӯзметов Э., 1990.) «Умар Хайём – сверкающая звезда математического небосклона» (Раҳимов Р., Тоҳиров С. соли 2000), «Ҳалли масъалаҳои экстремалӣ» (Қурбоншоев С., Айнуллоев Н., Наҷмиддинов Ҷ.), «Дастурамал барои ҳалли масъалаҳо аз анализи математикӣ» (Каримова М., Арабова М., Наҷмиддинов Ҷ.), «Хатҳои қисман суфта ва интегралҳои аз параметр вобаст» (Абрамов Ю.), «Нишондоди методӣ ва корҳои курсӣ аз анализи математикӣ» (Абдулофизов Ш., Азизов М., Шабозов М.). «Татбиқи интегралҳои каратӣ» (Азизов М., Шабозов О.Ш.) «Татбиқи интегралҳо дар ҳалли масъалаҳо» (Усмонов Н., Шарипов Б.), «Ҳалли масъалаҳои физикӣ бо татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ» (Арабова М., Мирзоев Б.), Муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояшон хусусии тартиби дуюм (Ахмедов М., Холиқова М.Б. соли 2011), Муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояш хусусии тартиби якум. (Ахмедов М. соли 2011), Барномаҳои таълимӣ ва баъзе тавсияҳои методӣ аз фанҳои «Анализи математикӣ», «Муодилаҳои дифференсиалӣ», «Назарияи функсияҳо» дастури таълимӣ (Пиров Р. Раҳимов Ф., соли 2016), Нишондодҳои методӣ ва корҳои контролӣ аз математикаи олӣ (Холиқова М.Б., Лашкарбеков С., соли 2016) ва ғайраҳо ба табъ расиданд.

Аз рӯи китобҳои «Алгебра» (Усмонов Н., Пиров Р., 2001) ва «Алгебра ва ибтидои анализ»-и (Пиров Р., Усмонов Н., 2005) хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ истифода бурда истодаанд.

ВАЗИФАҲОИ КАФЕДРАИ АНАЛИЗИ МАТЕМАТИКӢ

Вазифаҳои кафедра пеш аз ҳама:

–       ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ аз рӯи ҳамаи шаклҳои таҳсилот (рӯзона ва фосилавӣ);

–       таҳияи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

–       иҷрои корҳои методӣ (нашри китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, маҷмуаҳои таълимию методӣ);

–       коркарди маводи таълимию методӣ барои гузаронидани тамоми шаклҳои корҳои таълимӣ, ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯён, таъмини истифодаи самараноки низоми таълим;

–       таъмини мунтазами сатҳи сифати таҳсилот, фаъол гардонидани машғулиятҳои амалӣ, семинарӣ, лабораторӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ҳамчун шаклҳои мустаҳкамкунии дониш, ташаккули маҳорату малакаҳои касбии ба рушди қобилиятҳои эҷодии донишҷӯён мусоидаткунанда;

–       санҷиши мунтазами дониши донишҷӯён тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо;

–       ташкил ва роҳбарӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён, таҷрибаомӯзҳо, корҳои мустақилонаи донишҷӯён (корҳои курсӣ, кори хатми бакалавр, рисолаи илмии магистр);

–       тайёр кардан ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кадрҳои илмӣ-педагогӣ;

–       ташкили коромӯзиҳои илмӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра;

–       ташкил ва назорати фаъолияти аспирантҳо, докторантон аз рӯи ихтисос ва докторантон, кор бо унвонҷӯён ва коромӯзон;

–       муҳокима ва тақризнависӣ ба рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмии донишҷӯён;

–       ташкил ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии профессорону омӯзгорон ва кормандони кафедра тибқи лоиҳаҳо ва ба имзо расонидани шартномаҳо;

–       муҳокимаи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии бадастоварда ва омода намудани тавсияҳо ҷиҳати аз нашр баровардани онҳо, иштирок дар татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқотҳои гузаронидашуда;

–       ташкил ва гузаронидани корҳо дар самти васеъ гардонидани робитаҳои кафедра бо муассисаҳои истеҳсолӣ, илмӣ, таълимӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо ҷиҳати тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳо, иҷро ва экспертизаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.

 

СЕМИНАРҲОИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Дар кафедра семинари илмии профессорон ва омӯзгорон фаъолият намуда истодааст. Нақшаи семинари илмии кафедра дар мавзӯи «Анализи математикӣ. Муодилаҳои диффернсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» барои соли таҳсили 2022-2023 аз тарафи муовини ректор оид ба илм, профессор Сангизода Д.Ш. дар таърихи 30.08.2022 тасдиқ гардидааст. Мувофиқи нақша семинари илмии кафедра моҳе як маротиба гузронида мешавад.

Дар семинар масъалаҳои мубрами математикии «Назарияи наздиккунии функсияҳо», «Назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ», «Системаи барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» ва «Масъалаҳои канорӣ» баррасӣ карда мешаванд. Инчунин дар семинар дастовардҳои нави илмии устодони кафедра ва корҳои илмие, ки аз берун аз донишгоҳ ба кафедра ворид мешаванд, ба монанди рисолаҳои илмӣ, мақолаҳои илмӣ барои тақриз ва дигар натиҷаҳои илмӣ муҳокима ва баҳогузорӣ карда мешаванд.

 

МАҲФИЛИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши математикии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба омӯзиши васеъ ва корҳои илмию эҷодкорӣ, рушди ҷаҳонбинии математикӣ, омодасозии донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040, дар кафедраи анализи математикии факултети математика ва информатикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ таҳти роҳбарии профессор Юсупов Г.А. маҳфилӣ илмии донишҷӯён таҳти унвони «Анализи комплексӣ ва масъалаҳои канорӣ» фаъолият намуда истодааст. Дар маҳфил донишҷӯёну омӯзгорон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими илмӣ муҳокима шуда, мисолҳои мушаххас ҳал карда мешаванд.

Бахшҳои фаъолияти маҳфили илмӣ

  • Анализи математикӣ;
  • Анализи функсионалӣ;
  • Муодилаҳои дифференсиалӣ;
  • Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ;
  • Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш ҳақиқӣ.

Маҳфили илмии донишҷӯён дар кафедра рӯзи панҷшанбе, соати 13:00 ҳар ҳафтаи сеюми моҳ баргузор мегардад.

 



ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Пиров Р.Н.

профессор

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 989118716

 

 

Холиқова М.Б.

дотсент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 934250777

 

Наҷмиддинов Ҷ.

дотсент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 917253196

 

Лашкарбеков С.М.

муаллими калон

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 502075702

 

Сафарзода Э.Ҳ.

муаллими калон

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 981020741

 

Сайфуллоева З.Х.

ассистент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 915542281

Усмонов М.А.

ассистент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 935210550

Надирова М.И.

ассистент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 918941593

Шамсиддинов С.А.

ассистент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 901440077

Тимурова Ю.А.

ассистент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 919281955

Юлдашева М. лаборант

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тел.: 933381129

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj