менюхо |
ШУЪБАИ ТАЙЁРӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ РЕПЕТИТОРӢ
Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ фаъолияти худро дар асоси «Иҷозатномаи АУ №0001335 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ», ки то 10 июли соли 2018 эътибор дорад, ба роҳ монда, ҷиҳати омода намудани довталабон барои супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ равона кардааст. Дар Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ курсҳои тайёрии шашмоҳа аз моҳи ноябр ва курсҳои семоҳа аз моҳи феврал оғоз шуда, маблағи таҳсил дар курсҳои семоҳа -800 сомонӣ ва дар курсҳои шашмоҳа 1600 сомониро ташкил медиҳад. Ба раванди таълими шунавандагон асосан омўзгорони соҳибтаҷриба ва унвондор, ки бо барномаҳои таълимии мактабҳои миёна шиносанд, ҷалб шудаанд. Айни замон дар назди курсҳои тайёрӣ ҳамагӣ 90 нафар шунаванда таҳсил доранд. Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ фаъолияти худро дар самти ҷалби довталабон ба курсҳои тайёрӣ аз рўи кластерҳои ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, иқтисодӣ ва география, филология, педагогика ва санъат, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, тиббӣ, биологӣ ва варзиш дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонидаст: 1. Эълони қабули довталабонро ба курсҳои шашмоҳаи тайёрӣ маротибаи аввал аз 13 октябр то 23 октябр дар Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” ва маротибаи дуюм аз 24 то 31 октябр дар Муассисаи давлатии телевизони Тоҷикистон “Шабакаи якум” (бо давомнокии 40 сония) пахш намуд; 2. Аз ҷониби кормандони шуъба бо мақсади гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва муаррифии ихтисосҳои шуъбаҳои рўзона ва ғоибонаи Донишгоҳ ва ҷалби довталабон ба курсҳои шашмоҳаи тайёрӣ зиёда дар 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе бо хатмкунандагон вохўрӣ ва сўҳбатҳо оид ба аҳмияти курсҳои тайёрӣ гузаронида шуд; 3. Дар матбааи Донишгоҳ 1200 адад варақаҳои эълонҳои тарғиботӣ ба чоп расонида шуда, дар дохили Донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе ва гирду атрофи он дар ҷойҳои намоён овезон карда шуданд; 4. Ҳамчунин дар ду шумораи рўзномаи донишгоҳӣ «Омўзгори ҷавон» эълони қабули довталабонро ба курсҳои шашмоҳаи тайёрӣ аз рўи кластерҳои ихтисосҳои амалкунанда ҷиҳати омода намудани онҳо ба озмуни қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шуд; 5.Ҷиҳати таълиму тадриси шунавандагони курсҳои шашмоҳаи тайёрӣ омўзгорони зерини соҳибунвону ботаҷриба аз кафедраҳои Донишгоҳ ҷалб карда шудаанд. 1.Умаров Умар- дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими физика (аз фанни физика); 2.Ганҷакова Матлуба _ дотсенти кафедраи таърихи халки тоҷик (аз фанни таърихи халки тоҷик); 3. Аҷиков Хайрулло - муаллими калони кафедраи назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ (аз фанҳои забони тоҷики ва адабиёт); 4.Ҷумаев Маъруф- муаллими калони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ (аз фанни химия); 5.Дадабоев Тоҳирҷон - муаллими калони кафедраи географияи табиӣ (аз фанни география); 6. Норов Раҷабалӣ -муаллими калони кафедраи методикаи таълими математика (аз фанни математика); 7.Каримова Мунира - ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ (аз фанни забони англисӣ); 8.Алишери Назар -ассистенти кафедраи анатомия ва физиология (аз фанни биология); 9. Қурбонов Абдуҷаббор - ассистент, мудири Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ (аз фанҳои ҳуқуқи инсон ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ).
МАРКАЗИ КУРСҲОИ КӯТОҲМУДДАТИ ЗАБОНОМӯЗӢ
Маркази курсҳои кўтоҳмуддати забономўзӣ Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ соли 2015 таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси Низомнома ва дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ, «Иҷозатномаи АУ №0001407 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ», ки то 20 январи соли 2019 эътибор дорад, ба роҳ мондааст. Ҳайати кормандони марказ: роҳбари марказ - Мирова М.Ш., оператори марказ - Забиров А. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2018-2019 дар марказ омўзгорони зерин кору фаъолият карда истодаанд: 1.Ахмедова Турсуной – омўзгори забони русӣ (корманди беруна); 2.Суфибекова Махбуба – омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ; 3.Ҷураева Хубонгул-муаллими калони кафедраи умуми донишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ДДОТ ба номи С.Айнӣ; 4. Мусина Э.К. – омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ; 5. Сулейманова Евгения - омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ; 6. Сафарова Мавҷигул- омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ; 7. Газиева М. – доцент, факултети забон ва адабиети рус Маркази курсҳои кўтоҳмуддати забономўзӣ аз моҳи августи соли 2018 257 нафар шунавандаро ба қайд гирифт, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ва дар айни ҳол дар марказ 12 гурўҳ фаъолият дорад, ки 230 нафарро ташкил медиҳанд. Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, аз саршавии соли таҳсили 2018-2019 ба имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонидаст. 1. Эълони қабули довталабонро ба курсҳои семоҳаи забономӯзӣ дар ду шабакаҳои Муассисаи давлатии телевизони Тоҷикистон “Шабакаи якум” ва Муассисаи давлатии телевизони “Синамо” (бо давомнокии 45 сония) пахш намуд; 2. Дар матбааи Донишгоҳ варақаҳои эълонҳои тарғиботӣ ба чоп расонида шуда, дар дохили Донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе ва гирду атрофи он дар ҷойҳои намоён овезон карда шуданд; 3. Ҳамчунин дар шумораи рӯзномаи донишгоҳ «Омӯзгори ҷавон» эълони қабули довталабонро ба курсҳои семоҳаи забономӯзӣ нашр карда шуд; Бояд қайд намуд, ки дар Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда корҳои зиёдӣ таблиғотию ташвиқотӣ дар самти ҷалби довталабон ба курсҳои забономӯзӣ гузаронида шуда, дар оянда гузаронидани як қатор корҳои дигар ҷиҳати ҷалби довталабон ба курсҳои забономӯзӣ дар назар дорад. СЕХИ ДУЗАНДАГӢ Сехи дузандагӣ бо 7 адад мошинаи дарздўзӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Ин сех аз моҳи феврали соли 2018 ба омўзгорону донишҷўён нисбат ба арзиши бозор бо нархи пасттар хизмат мерасонад. Дар сехи дўзандагӣ дўхтани намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, гулдўзӣ, вишивка, чакандўзӣ, ва таъмиру тармими либос ба роҳ монданӣ ҳастем. Ҳадафҳои асосии ин воҳиди сохторӣ омӯзонидани донишҷўдухтарон ба касби дўзандагӣ ва эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ мебошад, Алҳол аз моҳи октябри соли ҷорӣ мудири сехи дӯзандагӣ-бофандагӣ Мавлоназарова А.С. дар хобгоҳои №2 №3 №7 дарсҳои кушод барои омўзонидани бофандагӣ мувофиқи нақша ба роҳ монда шудааст. УСТОХОНАИ КОРКАРДИ ЧӮБУ ТАХТА Устохонаи коркарди чӯбу тахта айни ҳол, устохонаи коркарди чӯбу тахта бинобар сабаби таъмин набудан бо техникаю таҷҳизоти муосири истеҳсоли маҳсулотҳои рақобатпазир дар бозорро ба роҳ намондааст. Аммо дар давраи соли таҳсили 2017-2018 аз ҳисоби кормандони сехи мазкур 300 мизи нишаст як қатор курсиҳои корношоямгардидаи синфхонаҳои таълимии донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз нав таъмиру барқарор карда шуда, барои истифодаи такрорӣ ба факултетҳои эҳтиёҷманд тақсим карда шуд, ки ин иқдом минбаъд низ тақвият меёбад. Ҳамчунин устохонаи коркарди чубу тахта дар хобгоҳи № 3 55 адад ҷевон ва 16 адад тумбочка аз нав таъмиру барқарор карда шуда, барои истифодаи такрорӣ ба хобгоҳ супорида шуд. Устохонаи коркарди чӯбу тахта боз ба шуъбаи умумӣ ва шуъбаи дуюми Донишгоҳ дар даромадҳои шуъбаҳо тахтаи риояи сарҳадӣ сохта ба истифода дод. Тирезаҳои таҳхонаи хобгоҳи №2 соҳиби болопӯш шуданд. Устохонаи коркарди чуб 146 либосовезак сохта, ба тамоми факултаҳо тақсим ва насб намуданд. Айни ҳол дар нақша бо супориши раёсати донишгоҳ кормандони устохонаи коркарди чӯбу тахта бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта ба сохтани либосовезонкунакҳо бо теъдоди 160 адад ва сохтани 100 адад тумбочка барои синфхонаҳои таълимӣ ва хобгоҳ дар нақша гирифта шудааст. МАРКАЗИ ТАКСИР ВА МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ Маркази таксир ва маводҳои таълимӣ 15 декабри соли 2017 кор ва фаъолияти худро сар намуд. Дар марказ навъҳои зерини хидматрасониро анҷом медиҳад: - суратбарорӣ - нусхабарорӣ - муқовабандӣ - чопи ранга - ламинатсия - чопи ифтихорнома - ҳуруфчинӣ - чопи брошура - чопи даъватнома. |