There are no translations available.
НИЗОМНОМАИ МАТБААИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
1.Муқаррароти умумӣ 1.1. Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд - Матбаа) яке аз сохторҳои қисми илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» (минбаъд - Донишгоҳ) мебошад. 1.2. Матбаа фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳуқуқи муаллиф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Оинномаи Донишгоҳ, Низомномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ мемонад. 2. Вазифаҳои асосии Матбаа 2.1. Ба амал баровардани назорати мақсаднок дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи маориф, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф вобаста ба таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсиву маводи таълимӣ. 2.2. Риояи сиёсати нашри маводи таълимӣ, ки аз ҷониби вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2002 таҳти № 01-53 ба имзо расидааст. 2.3. Таъмини иҷрои ҳамаи корҳои вобаста ба танзим, таҳия, муоинаи китобҳо, санадвораҳо ва дастурҳои таълимӣ, ки аз тарафи Матбаа чоп мешаванд. 2.4. Танзими фармоишот, паҳн намудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимие, ки бо барномаҳои нави таълимӣ мувофиқат карда, аз тарафи Матбаа интишор мешаванд. 2.5. Барқарор намудани алоқаи доимӣ бо муаллифон, ноширон ҳангоми интишори китобҳои дарсӣ. 2.6. Ҳалли масъалаҳои дар назди Матбаа гузошташуда дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои Донишгоҳ. 2.7. Мустаҳкам намудани робита бо комиссияҳои озмунӣ, озмоишӣ вобаста ба нашри китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ. 3. Самтҳои асосии фаъолияти Матбаа 3.1. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муаллифон (доимӣ), интихоби муаллифон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо. Ҷиҳати расидан ба ҳадафи асосӣ корҳои зайл иҷро карда мешаванд: - бастани шартномаҳо оид ба таҳия, чопи компютерӣ, тақризи китобҳо ва дигар маводи таълимӣ; - қабул намудан ва ба қайд гирифтани дастхатҳо дар асоси варақаи махсусе, ки ҷавобгӯи тамоми меъёрҳо ва талабот бошанд. 3.2. Ташкили экспертиза (муоинаи таҳқиқот): - муайян намудани коршиносони озод (бетараф); - муайян намудани мактабҳои озмоишие, ки дар онҳо санҷиши китоб ба роҳ монда мешавад; - омӯзонидани экспертҳо (коршиносон) ва омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии озмоишӣ. 3.3. Танзими ҳуҷҷатгузорӣ: - омӯзиши вазъи умумии таъмини муассисаҳои таълимӣ, факултетҳои Донишгоҳ бо китобҳои дарсӣ: номгӯй ва номи муаллифони китоби дарсии истифодашаванда, ҳолати дастнависи китобҳои дарсӣ; - тайёр кардани мактубҳои тавзеҳӣ, ҳуҷҷатгузории маводи таълимӣ; - нашри варақаҳои иттилоотӣ доир ба китобҳои дарсӣ; - коркарди нишондодҳои баҳодиҳии экспертӣ ва ғ. 3.4. Гирдоварӣ ва таҳияи маълумоти оморӣ оид ба китобҳои дарсӣ ва дигар маводе, ки тибқи хоҳиши раёсати Донишгоҳ нашр мекунад: - қабули дархостҳои китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, варақаҳо аз раёсат ва дигар сохторҳои Донишгоҳ барои нашр; - қабули фармоишҳо оид ба нашри китоб, муайян намудани нархи харид ва арзиши иҷораи китобҳои дарсӣ; - муайян намудани ҳаҷми дақиқи ҷузъи нашриву ҳисобии ҳар як дастхат; - ба танзим овардани феҳристи китобҳои дарсӣ. 3.5. Ҳамкорӣ бо нашриёт ва чопхонаҳои вазорату муассисаҳои дахлдор, омодагӣ ба гузаронидани музояда, фурӯш ва озмунҳо: - бастани шартномаҳо оид ба нашри китобҳо, санадвораҳои Донишгоҳ ва дигар маводи таълимӣ; - дар оянда муваффақ шудан ба нашри мунтазами китобҳои дарсӣ, нашри китобҳо барои муаллимон, дастурҳои методӣ, маводи гуногуни таълимӣ ва дастурҳои аёнӣ, санадвораҳои Донишгоҳ, хрестоматияҳо, китобҳои машқ, маълумотномаҳо ва маҷмӯаи саволу супоришҳо, китобҳо барои хониш воқеӣ, харитаҳои ҷуғрофӣ ва ғайра; - баҳодиҳӣ ба нишондодҳои техникии китобҳои дарсие, ки ба воситаи музояда нашр мешаванд; - таъин намудан ва расман тасдиқ намудани нишондодҳои сифатҳои китоб: аз ҷиҳати илмӣ, талаботи педагогӣ, забонӣ, методӣ, дидактикӣ, техникӣ-технологӣ, зебошиносӣ, санитарӣ-гигиенӣ; - омӯзиши вазъи таъмини факултетҳои Донишгоҳ бо китобҳои дарсӣ ва аён намудани талаботи аввалиндараҷа ба он ва дар асоси ин пешниҳоди таклифот ба раёсати Донишгоҳ. 4. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мудири Матбаа Ҳуқуқҳои мудири Матбаа иборатанд аз: 4.1. Ҳуқуқи чопи такрории китобҳои дарсӣ танҳо дар ихтиёри Раёсати Донишгоҳ ва мудири Матбаа мебошад. 4.2. Аз факултетҳо ва кафедраҳои Донишгоҳ, идораву шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ доир ба масъалаҳои дахлдори муқар- раргардида маълумоти зарурӣ гирад. 4.3. Дар асоси ҳуҷҷатҳои тибқи нақшаи корӣ таҳлилнамуда ба раёсати Донишгоҳ маълумотнома манзур намояд. 4.4. Оид ба дигаргунсозӣ, воридоти тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нисбати таҳия, табъу нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маводи таълимӣ ба раёсати Донишгоҳ фикру мулоҳизот ва таклифоти худро пешниҳод намояд. 4.5.Ба кор қабул кардани мутахассисонро ба Матбаа мутобиқ ба воҳидҳои кории ҷудошуда ба роҳ монад. 5. Мудири Матбаа уҳдадор аст: 5.1. Аз рӯи дархости сохторҳои Донишгоҳ маълумотҳоро оид ба таҳия, нашр, муомилоти китобҳо, барномаҳои таълимӣ пешниҳод намояд. 5.2. Тамоми ҳуҷҷатҳо, мактубу дархостҳоро сари вақт таҳия ва баррасӣ намояд. 5.3. Дар сохтораш шабакаи хурди компютерӣ ташкил намояд, ки он дорои заминаи маълумотдиҳӣ, факсҳо, почтаи электронӣ ва полиграфӣ бошад. 5.4. Дар ҷаласаҳои назоратии назди ректори Донишгоҳ мунтазам ширкат варзад.
|