• Tajik
  • Russian
  • English
Кафедрахо 54
There are no translations available.





Қамарадинова Заррина Нусратуллоевна

Мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо
номзади илмҳои физика-математика

Телефон: (+992) 919680242
Email: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it



ҚАМАРИДДИНЗОДА Заррина Нусратулло (12.04.1980, шаҳри Душанбе), миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Душанбе соли 1997 ба факултаи математика, шуъбаи математика-информатикаи ДДОТ ба номи Қ.Ш. Ҷӯраев дохил шуда, соли 2001 зинаи бакалаврро хатм намуд. Қамариддинзода З.Н. аз соли аввали кориаш то ҳол худро ҳамчун корманди фаъол нишон дода, дар ҳамаи корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва факултет фаъолона иштирок кардааст. Дар байни кормандони факултет ва донишгоҳ обрӯю эътибори калон дорад. Тамоми супоришҳои аз тарафи Раёсати донишгоҳ, факултет, ки ба вай супорида мешаванд, сари вақт ба пуррагӣ ба сомон мерасонад. Дар айни ҳол дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва таҷрибавиро аз фанҳои алгебра ва назарияи ададҳо, мантиқи математикӣ ва системаҳои адавдӣдар сатҳи баланд бо истифода аз воситаҳои муосири технологии таълим ва маводи мултимедӣ мебарад. Қамариддинзода З.Н. муаллифи як китоби дарсӣ, зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва якчанд дастури таълимӣ-методӣ мебошад. Инчунин дар таҳияи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои алгебра ва назарияи ададҳо, мантиқи математикӣ, системаҳои ададӣ, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, математикаи дискретӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои “Математика”, “Математика - информатика”, “Математика-физика” дар Донишгоҳ саҳми арзанда дорад. Аз сентябри соли 2001 то июли соли 2003 дар шуъбаи магистратураи донишгоҳ таҳсил намуда, назди кафедраи таҳлили математикӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Каримова Муҳаббат Маъмуровна оиди мавзӯи “Теоремаҳои тауберии бақиядор бо миёнаҳои Рисс” рисолаи магистриашро хатм намудааст. Солҳои 2003-2006 аспиранти кафедраи таҳлили математикӣ буда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Каримова Муҳаббат Маъмуровна корҳои илмиашро пеш мебурд. Аз соли 2006 то соли 2009 дар кафедраи тахлили матемактикӣ ҳамчун муаллими калон кору фаъолият дошт.   Аз соли 2009 то соли 2015 дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба сифати муаллими калон кор мекард. Аз соли 2015 то соли 2016 дар кафедраи математикаи Донишгоҳи Давлатии Славянии Руссияву Тоҷикистон бар ҳайси мауллими калон фаъолият менамуд. Аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи сентябри соли 2022 дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият менамуд. Сипас аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи марти соли 2023 ҳамчун дотсенти кафедра кору фаъолият намудааст. Ҳоло бошад, аз таърихи рӯзи 09.03.2023с. дар вазифаи ҷонишини декан оид ба илм кору фаъолият намуда истодааст. Аз соли 2007 то 2015 дар шуъбаи алгебра ва назарияи ададҳои институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Раҳмонов З.Ҳ. корҳои илмиашро давом додааст. Моҳи июни соли 2015 дар мавзӯи “Средние Рисса арифметических функций, распространенных на значения тернарной кубической формы” рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Ҳоло бошад рисолаи докториашро интихоб карда аз паи таҳқиқоти илмӣ мебошад. Дастовардҳои илмӣ ва илмӣ-методии Қамарадинова З.Н. дар маҷалаҳои ватанӣ ва берун аз он ба табъ расида истодаанд.


 

Таърихи ташкилёбии кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо

Кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо соли 1970 ташкил ёфтааст. Аввалин мудири кафедра дотсент Элнатанов Б.А. буд. Дар кафедра дотсентон: Давлатов Р.Д., Шарипова М.Ш. кор мекарданд. Аз соли 1976 –мудири кафедра дотсент Шарипова М.Ш. интихоб шуд, ки дар ин муддат дар кафедра Давлатов Р.Д., Чориев У., Шарипова Р.М., Назаров Ф., Ваҳобов А., Улчабоева М.Т., Алиқулов Р.К. кор мекарданд. Баъди кафедраи  мустақил ташкил ёфтанаш ба донишгоҳи собиқ Иттиҳодияи Шӯровӣ робитаи илмӣ дошт. Аз он ҷумла ба шаҳрҳои Москва, Ленинград. Дар ин муддат рисолаҳои номзадии баъзе аъзоёни кафедра тайёр шуда ба дифоъ пешниҳод карда шуд. Аз соли 1980 мудири кафедра Элнатанов Б.А. интихоб шуд.

Пас аз он соли 1984- мудири кафедра Шарипова Р. М. интихоб шуд. Дар ин муддат Чориев У. рисолаи  номзадиашро дифоъ карда соли 1985- мудири кафедра интихоб шуд. Аз соли 2000 то соли 2004 мудири кафедра дотсент Алиқулов Р.К. буд. Аз соли 2004 то соли 2016 мудири кафедра дотсент Олимов М.И. буд. Дар ин муддат, дар кафедра дотсентон Исроилов С., Чориев У., Алиқулов Р.К., Олимов М.И. ва муаллимони калон Хайруллоев Ш.А., ассистентон Мирзоев Ф.О., Давлатбеков А.А., Амонқулов Ҳ.Г. кор кардаанд. Робитаи илмии кафедра ба Институти математика ва дигар Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Муаллими калон Хайруллоев Ш.А. рисолаи номзадиашро дар Шӯрои Институти Математика 11-феврали  соли 2009 бо мувофақият ҳимоя кард.

Аз соли 2016 то ҳоло н.и.ф.м. Қамариддинова З.Н. мудири кафедра мебошад. Айни ҳол дар кафедра дотсентон Чориев У., Олимов М.И., ассистентон Шомуродова Б., Давлатов А., Ёғибеков Б. кору фаъолият карда истодаанд. Дар кафедра як нафар доктор PhD Олимов С.М курси дуюм таҳти роҳбарии Олимов М.И фаъолият дорад. Инчунин як нафар аспиранти курси дуюм Аслонов Сорбон таҳти роҳбарии дотсенти донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон Исроилов С. таҳсил карда истода ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул аст.

Дар кафедра равияҳои илмии зерин амал мекунанд:

  1. «Миёнаҳои Рисси функсияҳои тағйирёбандаҳо» - Роҳбари илмӣ: н.и.ф.м. Қамариддинова З.Н.
  2. Назарияи гуруҳҳо ва нимгуруҳҳо. Дар ин равия дотсент Исроилов С. тадқиқоти илми бурда зиёда аз 40- то мақолаҳои илми чоп карда,инчунин дурнамои ин равия дар солҳои наздик низ сохта шудааст.
  3. Назарияи матритсаҳои квадратии бо адади соддаи Р- стрлағжонида,  - симметрӣ ва дудиогоналаи фавқи майдони ададҳои комплексӣ. Оиди ин равия дотсент Олимов М.И. тадқиқоти илми бурда 31- то мақолаи илми чоп кардааст.
  4. Назарияи муодилаҳои номуайян оиди муодилаи Ферма  ва ҳалли он. Дар ин равия дотсент Олимов М.И. тадқиқот бурда чорто мақолаи илмӣ ба чоп расондааст.
  5. Назарияи спектр
  6. Назарияи матритсаҳои синфашон махсус
  7. Методи матритсавии ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ ва системаи муодилаҳои ирратсионалии синфашон махсус
  8. Методи матритсавии ҳалли нобаробариҳои ирратсионалӣ ва системаи нобаробариҳои намудашон махсус

Нақшаи дурнамои ин равияҳои илми низ вуҷуд дорад, ки тадбиқи матритсаҳои квадратии ба адади соддаи Р- сатрлағжонида, - симметрӣ ва матритсаҳои дудиогоналаи фавқи майдони комплексиро дар ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ, нобаробариҳои ирратсионалӣ ва системаи муодилаҳои ирратсионалӣ, системаи нобаробариҳои ирратсионалӣ нишон дода щудааст. Дар оянда тадбиқи синфи матритсаҳои квадратии дудиогоналаи фавқи майдони ададҳои комплексӣ барои тадқиқи таоремаи Ферма дар назар дошта шудааст.

  1. Назарияи аналитикии ададҳо дар равияи илмии дотсент Чориев У тадқиқот бурда истодаанд. Оиди ин равия дотсент Чориев У 141-то мақолаҳои илмӣ чоп кардааст. Натиҷаи корҳои илмии кафедра то слоҳи 2012 мақолаҳои илмӣ ки дар донишгоҳ «Паёми донишгоҳ» ва маҷалаҳои мактабҳои олии ҷумҳурии,академики фанҳои ҷумҳурӣ чоп мешуданд.

Дастовардҳое, ки кафедра дар муддати мавҷудияташ оиди таълими предметҳои кафедра ба даст овардааст:

2. Дастовардҳои устодони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо дар давоми 25 – соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз аввали ташкилёбии кафедра дар ҳайати коллективи кафедра 6 - нафар дотсент. аз он ҷумла Элнатанов Б.А., Давлятов Р.Д., Чориев У., Назаров Ф., Шарипова Р.М. ва муаллимони калон Алиқулов Р.К. , Олимов М.И., Аҳадов А. кор мекарданд. Баъди соли 1991 ҳайати устодони кафедра каме тағир ёфт. Баъзе аз устодон ба сабабҳои воқеаҳои маълум кафедраро тарк карданд. Баъзеяшон вафот карданд.

Истиқлолият ба ташаккули кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо низ таъсири худро расонд. Дар давоми 25 - сол тағиротҳои назарас ба амал омад. Дар ин муддат устодон Олимов М.И. соли 1994 рисолаи номзадиро ҳимоя карда ва аз соли 1995 дотсенти кафедра мебошад. Аз соли 2004 Олимов М.И. вазифаи мудири кафедраро иҷро карда истодааст. Соли 2009 бошад, муаллими калон Хайруллоев Ш. рисолаи номзадии худро ҳимоя кард. Ҳоло дар кафедра 3 нафар дотсент, номзади илм ва 3 нафар ассистент кор ва фаолият карда истодаанд.

Дастовардҳои дар давраи Истиқлол:

1.Олимов М.И. – Мудири кафедра аз соли 2004 то соли 2016 ва дар донишгоҳ аз соли 1980 кор мекунад. Дар давоми 25 -соли истиқлолият корҳои зеринро ба анҷом расондааст: 7 дастур ва васоити таълимӣ аз он ҷумла:

  1. Олимов М.И. «Ҳалли мисолу машқҳо бо ёрии ҳисобкуниҳои матритсавӣ» (қисми 1) Душанбе, с.2005 , 74 саҳ.
  2. Олимов М.И. «Ҳалли мисолу машқҳо бо ёрии ҳисобкуниҳои матритсавӣ» (қисми2) Душанбе, с.2010
  3. Олимов М.И. «Корҳои назоратӣ ва нишондодҳои методӣ аз алгебра ва назарияи ададҳо» Душанбе, с.2008
  4. Олимов М.И. «Корҳои назоратӣ ва нишондодҳои методӣ аз алгебра ва назарияи ададҳо» Душанбе, с.2010
  5. Олимов М.И. «Маҷмӯаи масълаҳо аз алгебраи олӣ»  Душанбе, с.2010
  6. Олимов М.И. «Алгебраи матритсаҳо»  Душанбе, с.2010.
  7. Олимов М.И. «Методи матрисавии ҳалли муодилаҳои ирратисионалӣ нобаробариҳои ирратсионалӣ ва системаи онҳо» Душанбе 2016.

Инчунин 196- то корҳои илмӣ ва методӣ чоп кардааст.

2.Чориев У. аз соли 1971 дар кафедра кор мекунад ва дорои дастовардҳои зерин аст, 24 дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ  навиштааст:

  1. Чориев У. Алгебра ва назарияи ададҳо (Васоити таълим барои донишҷӯёни факултетҳои математика ва физика донишкадаи омӯзгорӣ, қисми 4) Душанбе, с. 1991, 6 ҷ.ч. 93 саҳ.
  2. Чориев У. Алгебра ва назарияи ададҳо (Васоити таълим барои донишҷӯёни  факултетҳои математика ва физика донишкадаи омӯзгорӣ, қисми5) Душанбе, с. 1992, 5ҷ.ч. 80саҳ.
  3. Чориев У. Алгебра ва назарияи ададҳо  (Васоити таълим барои донишҷӯёни факултетҳои математика ва физика донишкадаи омӯзгорӣ, қисми5) Душанбе, с. 1993, 5,6 ҷ.ч. 90саҳ.
  4. Чориев У. Элементҳои мантиқи риёзӣ  (Васоити таълим барои донишҷӯёни факултаҳои математика ва физикаи донишгоҳи омӯзгорӣ) Душанбе, с. 1994, 3,5 ҷ.ч. 57 саҳ.
  5. Чориев У. Лекцияҳо аз алгебраи хаттӣ бо геометрия                ( васоити таълим барои факултетҳои физика ва математика) Душанбе, с. 1995, 5 ҷ.ч. 80 саҳ.
  6. Чориев У. Барномаи донишгоҳи омӯзгорӣ  (алгебра ва назарияи ададҳо, мантиқи  матем., наз. эхтимолият) Душанбе, с. 1999, 1,3 ҷ.ч. 20 саҳ.
  7. Чориев У. Номгӯи корҳои назоратӣ ва нишондодҳои методӣ роҷеъ ба иҷрои он аз алгебра ва назарияи ададҳо ( барои донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи факултаи математика, Душанбе, с. 1999, 6  ҷ.ч. 99 саҳ.
  8. Чориев У. Элементҳои назарияи эҳтимолият , қисми 1 ( барои донишҷӯёни факултаи математика ва физика) Душанбе, с. 1999,3,5  ҷ.ч. 55 саҳ.
  9. Чориев У. «10- синфда геометриядан масалалар ечиш» (дастури методӣ барои муаллимони мактабҳои ҳамагонӣ ба забони ӯзбекӣ) Душанбе, с.2001,5,9  ҷ.ч. 94  саҳ.
  10. Чориев У. «Ҳалли масъалаҳои корҳои хаттии имтиҳони хатм аз математика дар синфҳои 9 ва 11»  (барои с. таҳсили 2001-2002) Душанбе, с.2003, 4 ,6  ҷ.ч.72  саҳ.
  11. Чориев У. «Ҳалли масъалаҳои имтиҳони хатм аз математика»   ( синфҳои 9 ва 11 соли 2003) Душанбе, с.2004, 7 ҷ.ч.116  саҳ.
  12. Чориев У. Ҳалли масъалаҳо аз математика ( аз имтиҳони хатми синф. 9 ва 11 с.2004) Душанбе, с.2005, 4,7 ҷ.ч. 75  саҳ.
  13. Чориев У. «Алгебра» (барои синфҳои 10-11) Душанбе, с.2006, 4,7 ҷ.ч. 75  саҳ.
  14. Чориев У. «Ҳалли масъалаҳо аз математика» (аз имтиҳони хатми синф. 9 ва 11 с.2005)Душанбе, с.2006,  5 ҷ.ч. 80  саҳ.
  15. Чориев У. «Ҳалли масъалаҳо аз математика» (аз имтиҳони хатми синф. 9 ва 11 с.2007)Душанбе, с.2007,  5 ҷ.ч. 80  саҳ.
  16. Чориев У. «Ҳалли масъалаҳои хатм аз математика» (имт. хатми синф. 9,11 ва гузариши синфи 10, соли хониши 2006-2007) Душанбе, с.2008,  6,1ҷ.ч. 98  саҳ.
  17. Чориев У. «Ҳалли масъалаҳо аз математика» Душанбе, с.2008,  19 ҷ.ч. 303  саҳ.
  18. Чориев У. «Корҳои назоратӣ ва нишондодҳои методӣ аз алгебра ва назарияи ададҳо» Душанбе,  с.2008,  9 ҷ.ч. 146  саҳ.
  19. Чориев У. «Ҳалли масъалаҳо аз тригонометрия» Душанбе, с.2008,  3,8 ҷ.ч. 60  саҳ.
  20. Чориев У. «Ҳалли нобаробариҳо» Душанбе, с.2009,  3,6  ҷ.ч. 58  саҳ.
  21. Чориев У. «Корҳои назоратӣ ва нишондодҳои методӣ аз алгебра ва назарияи ададҳо» (нашри дуюм бо тағироту иловаҳо) Душанбе, с.2010,  8,2ҷ.ч. 131  саҳ.
  22. Чориев У. «Ҳалли мисолҳо доир ба ёфтани масоҳати фигураҳои бо хатҳо маҳдуд» Душанбе, с.2010,  3,4 ҷ.ч. 54  саҳ.
  23. Чориев У. «Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ» Душанбе, с.2010,  9,1 ҷ.ч. 145  саҳ.
  24. Чориев У. «Ҳалли мисолҳо аз тригонометрия» (нашри дуюм бо тағироту иловаҳо) Душанбе, с.2011,  3,8 ҷ.ч. 64  саҳ.
  25. Чориев У. «Ҳалли нобарогбариҳо» Душанбе 2008с, 3,8 ҷ.ч. 60 саҳ.
  26. Чориев У. «Корҳои назоратӣ ва нишондодҳои методӣ аз алгебра ва назарияи ададҳо» (нашри дуюм бо тағироту иловаҳо). Душанбе 2010 с. 8,2 ҷ.ч. 131 саҳ.
  27. Чориев У. «Ҳалли мисолҳо доир ба ёфтани масоҳати фигураҳои бо хатҳо маҳдуд» Душанбе 2010 с. 3,4 ҷ.ч. 54 саҳ.
  28. Чориев У. «Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ» Душанбе 2010 с. 9,1 ҷ.ч. 145 саҳ.
  29. Чориев У. «Халли мисолҳо аз тригонометрия» (нашри дуюм бо тағъироту иловаҳо). Душанбе 2011с. 3,8 ҷ.ч. 64 саҳ.
  30. Чориев У. «Математикада матнли масаларин ечиш» Душанбе 2013 с. 4,5 ҷ.ч. 72 саҳ.
  31. Чориев У. «Математика супоришҳои тести синфи 5» Душанбе 2014 с. 7,3 ҷ.ч. 118 саҳ.
  32. Чориев У. «Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ» (нашри дуюм бо тағъироту иловаҳо) Душанбе 2016 с. 15 ҷ.ч. 241 саҳ.
  33. Чориев У. «Алгебраи бисёраъзогиҳо» Душанбе 2016 с. 7 ҷ.ч. 113 саҳ.

Инчунин 105 корҳои илмӣ ва  методӣ чоп кардааст.

3. Исроилов С. аз соли 1998  дар кафедра кор мекунад ва дорои дастовардҳои зерин аст,  3 то дастурҳои таълимӣ ва китобҳои таълими навиштааст:

  1. Исроилов С. «Самостоятельная работа студентов» Методическая рекомендатсия. Куляб, с.1991, 3 п.л
  2. Исроилов С.  «Машқҳо аз геометрияи аналитикӣ» Дастурӣ таълимӣ   Душанбе, с.1998, 173 саҳ.
  3. Исроилов С.  Лексияҳо аз методикаи таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ. Дастури методи барои шунавандагони факултетҳои омӯзгории донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (боҳуруфи форсӣ)Душанбе 2008 , 3 п.л.

Инчунин 59 мақолаҳои  илмӣ ва  методӣ чоп кардааст.

Ассистентон:

Мирзоев Ф.О. аз соли 2009 дар кафедра кор мекунад. 2 мақолаи илмӣ ва методӣ чоп кардааст.

Давлатбеков А.А. аз соли 2010 дар кафедра кор мекунад. 2 мақолаи илмӣ ва методӣ дорад.

Омӯзгорони номбурда Мирзоев Ф.О. ва Давлатбеков А.А. то солҳои 2012 кор мекарданд.

Ҳоло ассистентон Шомуродова Б.Р., Давлатов А.Н., Ёғибеков Б.Ш. дар кафедра кору фаъолият карда истодаанд ва ҳар кадоми онҳо беш аз чор мақолаҳои илмӣ-методӣ доранд.

Дар давраи истиқлолият устодони кафедра 41 дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ  ва 196 то мақолаҳои илмӣ ва методӣ навиштаанд. Дар давраи истиқлолият дотсент Чориев У. аъзои шӯроҳои ҳимояи номзадии институти математика ва кафедраи МТМ  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Дар кафедра равияҳои илмии зерин амал мекунанд:

  1. Назарияи гуруҳҳо ва нимгуруҳҳо. Дар ин равия дотсент Исроилов С. тадқиқоти илми бурда зиёда аз 40- то мақолаҳои илми чоп карда,инчунин дурнамои ин равия дар солҳои наздик низ сохта шудааст.
  2. Назарияи матритсаҳои квадратии бо адади соддаи Р- стрлағжонида,  - симметрӣ ва дудиогоналаи фавқи майдони ададҳои комплексӣ. Оиди ин равия дотсент Олимов М.И. тадқиқоти илми бурда 31- то мақолаи илми чоп кардааст.
  3. Назарияи муодилаҳои оиди муодилаи Ферма  ва ҳалли он. Дар ин равия дотсент Олимов М.И. тадқиқот бурда сето мақолаи илми ба чоп расондааст.

Нақшаи дурнамои ин равияҳои илми низ вуҷуд дорад, ки тадбиқи матритсаҳои квадратии ба адади соддаи Р- сатрлағжонида, - симметри ва матритсаҳои дудиогоналаи фавқи майдони комплексӣро дар ҳалли муодилаҳои ирратсионали, нобаробариҳои ирратсионали ва системаи муодилаҳои ирратсионали, системаи нобаробариҳои  ирратсионали нишон дода щудааст. Дар оянда тадбиқи синфи матритсаҳои квадратии дудиогоналаи фавқи майдони ададҳои комплексӣ барои тадқиқи таоремаи  Ферма дар назар дошта шудааст.

  1. Назарияи аналитикии ададҳо дар равияи илмии дотсент Чориев У ва м.к.н.и.ф.м  Хайруллоев Ш.А тадқиқот бурда истодаанд. Оиди ин равия дотсент Чориев У 45-то мақолаҳои илмӣ чоп кардааст. Муаллими калон Хайруллоев 15-то мақолаи илмӣ чоп кардааст. Натиҷаи корҳои илмии кафедра дар мақолаҳои илмӣ ки дар донишгоҳ «Паёми донишгоҳ» ва маҷалаҳои мактабҳои олии ҷумҳурии,академики фанҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд.

Аз файзи истиқлолият истифода бурда мо устодон бояд барои пазируфтани ҷодаи дурусти зиндагӣ, напайвастан бо нерӯҳои ифротгаро ва дорои одоби ҳамида будан ба ҷавонон роҳнамою ҳидоятгари ғамхору дилсӯз бошем.

а) 11 феврали соли 2009 Хайруллоев Шамсулло Амонович дар мавзӯъи «Расстояние между соседними нулями дзета-функции Римана, лежащими на критической прямой»  роҳбари илмӣ директори интитути математика д.и.м. Раҳмонов З. Ҳ.

б) Дар давраи истиқлол устодони кафедра 205 то мақолаҳои илмӣ, илми –методӣ ва дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ навиштаанд.

3. Гузаштан ба низоми кредитӣ дар кафедра оиди равияҳои кафедра барнома, нақшаҳо таъғир дода шуд. Барои ҳар як предмети кафедра силаббусҳои ҷудогона сохта шудааст.  Ин таъғиротҳо навигариҳои гуногунро ба вуҷуд овард.

4. Устодони кафедра сарпарастии курсҳои 2-юмро ба зима доранд. Ҳар як куратор нақшаи кории худро аз авали сол тартиб дода мувофиқи ҳамон нақша дар курсҳо корҳои тарбиявӣ ва тарғиботиро иҷро мекунанд.

 

 

 

Олимов Мулоқанд Иноятович

Дотсенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 10.07.1956,

Тел: (+992) 919876783

E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

 

 

 

 

Чориев Умидилла
номзади илмҳои физика-математика, дотсент
санаи таваллуд 20.04.1951,
Тел:(+992) 985810314
E-mail:   This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

 

 

 

 

 

Шомуродова Барқия Раҳматуллоевна

Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 11.12.1984

Тел: (+992) 987-84-35-25

 

 

 

 

 

 

Давлатов Ахлиддин Намозович

Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 05.12.1986,

Тел:(+992) 919323579

E-mail   This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

 

 

 

 

 

Ёғибеков Бахтиёр Шодибекович

Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 12.06.1989

Тел:(+992) 501884313

 

 

 

 

 

 

 

Аслонов Сорбон Мирзомуддинович

Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 06.06.1990

Тел: (+992) 988-05-11-05

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj