Кафедрахо 54 |
There are no translations available. Қамарадинова Заррина Нусратуллоевна Мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо номзади илмҳои физика-математика Телефон: (+992) 919680242 Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ҚАМАРИДДИНЗОДА Заррина Нусратулло (12.04.1980, шаҳри Душанбе), миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Душанбе соли 1997 ба факултаи математика, шуъбаи математика-информатикаи ДДОТ ба номи Қ.Ш. Ҷӯраев дохил шуда, соли 2001 зинаи бакалаврро хатм намуд. Қамариддинзода З.Н. аз соли аввали кориаш то ҳол худро ҳамчун корманди фаъол нишон дода, дар ҳамаи корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва факултет фаъолона иштирок кардааст. Дар байни кормандони факултет ва донишгоҳ обрӯю эътибори калон дорад. Тамоми супоришҳои аз тарафи Раёсати донишгоҳ, факултет, ки ба вай супорида мешаванд, сари вақт ба пуррагӣ ба сомон мерасонад. Дар айни ҳол дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва таҷрибавиро аз фанҳои алгебра ва назарияи ададҳо, мантиқи математикӣ ва системаҳои адавдӣдар сатҳи баланд бо истифода аз воситаҳои муосири технологии таълим ва маводи мултимедӣ мебарад. Қамариддинзода З.Н. муаллифи як китоби дарсӣ, зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва якчанд дастури таълимӣ-методӣ мебошад. Инчунин дар таҳияи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои алгебра ва назарияи ададҳо, мантиқи математикӣ, системаҳои ададӣ, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, математикаи дискретӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои “Математика”, “Математика - информатика”, “Математика-физика” дар Донишгоҳ саҳми арзанда дорад. Аз сентябри соли 2001 то июли соли 2003 дар шуъбаи магистратураи донишгоҳ таҳсил намуда, назди кафедраи таҳлили математикӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Каримова Муҳаббат Маъмуровна оиди мавзӯи “Теоремаҳои тауберии бақиядор бо миёнаҳои Рисс” рисолаи магистриашро хатм намудааст. Солҳои 2003-2006 аспиранти кафедраи таҳлили математикӣ буда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Каримова Муҳаббат Маъмуровна корҳои илмиашро пеш мебурд. Аз соли 2006 то соли 2009 дар кафедраи тахлили матемактикӣ ҳамчун муаллими калон кору фаъолият дошт. Аз соли 2009 то соли 2015 дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба сифати муаллими калон кор мекард. Аз соли 2015 то соли 2016 дар кафедраи математикаи Донишгоҳи Давлатии Славянии Руссияву Тоҷикистон бар ҳайси мауллими калон фаъолият менамуд. Аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи сентябри соли 2022 дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият менамуд. Сипас аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи марти соли 2023 ҳамчун дотсенти кафедра кору фаъолият намудааст. Ҳоло бошад, аз таърихи рӯзи 09.03.2023с. дар вазифаи ҷонишини декан оид ба илм кору фаъолият намуда истодааст. Аз соли 2007 то 2015 дар шуъбаи алгебра ва назарияи ададҳои институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Раҳмонов З.Ҳ. корҳои илмиашро давом додааст. Моҳи июни соли 2015 дар мавзӯи “Средние Рисса арифметических функций, распространенных на значения тернарной кубической формы” рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Ҳоло бошад рисолаи докториашро интихоб карда аз паи таҳқиқоти илмӣ мебошад. Дастовардҳои илмӣ ва илмӣ-методии Қамарадинова З.Н. дар маҷалаҳои ватанӣ ва берун аз он ба табъ расида истодаанд.
Таърихи ташкилёбии кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо
Кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо соли 1970 ташкил ёфтааст. Аввалин мудири кафедра дотсент Элнатанов Б.А. буд. Дар кафедра дотсентон: Давлатов Р.Д., Шарипова М.Ш. кор мекарданд. Аз соли 1976 –мудири кафедра дотсент Шарипова М.Ш. интихоб шуд, ки дар ин муддат дар кафедра Давлатов Р.Д., Чориев У., Шарипова Р.М., Назаров Ф., Ваҳобов А., Улчабоева М.Т., Алиқулов Р.К. кор мекарданд. Баъди кафедраи мустақил ташкил ёфтанаш ба донишгоҳи собиқ Иттиҳодияи Шӯровӣ робитаи илмӣ дошт. Аз он ҷумла ба шаҳрҳои Москва, Ленинград. Дар ин муддат рисолаҳои номзадии баъзе аъзоёни кафедра тайёр шуда ба дифоъ пешниҳод карда шуд. Аз соли 1980 мудири кафедра Элнатанов Б.А. интихоб шуд. Пас аз он соли 1984- мудири кафедра Шарипова Р. М. интихоб шуд. Дар ин муддат Чориев У. рисолаи номзадиашро дифоъ карда соли 1985- мудири кафедра интихоб шуд. Аз соли 2000 то соли 2004 мудири кафедра дотсент Алиқулов Р.К. буд. Аз соли 2004 то соли 2016 мудири кафедра дотсент Олимов М.И. буд. Дар ин муддат, дар кафедра дотсентон Исроилов С., Чориев У., Алиқулов Р.К., Олимов М.И. ва муаллимони калон Хайруллоев Ш.А., ассистентон Мирзоев Ф.О., Давлатбеков А.А., Амонқулов Ҳ.Г. кор кардаанд. Робитаи илмии кафедра ба Институти математика ва дигар Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Муаллими калон Хайруллоев Ш.А. рисолаи номзадиашро дар Шӯрои Институти Математика 11-феврали соли 2009 бо мувофақият ҳимоя кард. Аз соли 2016 то ҳоло н.и.ф.м. Қамариддинова З.Н. мудири кафедра мебошад. Айни ҳол дар кафедра дотсентон Чориев У., Олимов М.И., ассистентон Шомуродова Б., Давлатов А., Ёғибеков Б. кору фаъолият карда истодаанд. Дар кафедра як нафар доктор PhD Олимов С.М курси дуюм таҳти роҳбарии Олимов М.И фаъолият дорад. Инчунин як нафар аспиранти курси дуюм Аслонов Сорбон таҳти роҳбарии дотсенти донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон Исроилов С. таҳсил карда истода ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул аст. Дар кафедра равияҳои илмии зерин амал мекунанд:
Нақшаи дурнамои ин равияҳои илми низ вуҷуд дорад, ки тадбиқи матритсаҳои квадратии ба адади соддаи Р- сатрлағжонида, - симметрӣ ва матритсаҳои дудиогоналаи фавқи майдони комплексиро дар ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ, нобаробариҳои ирратсионалӣ ва системаи муодилаҳои ирратсионалӣ, системаи нобаробариҳои ирратсионалӣ нишон дода щудааст. Дар оянда тадбиқи синфи матритсаҳои квадратии дудиогоналаи фавқи майдони ададҳои комплексӣ барои тадқиқи таоремаи Ферма дар назар дошта шудааст.
Дастовардҳое, ки кафедра дар муддати мавҷудияташ оиди таълими предметҳои кафедра ба даст овардааст: 2. Дастовардҳои устодони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо дар давоми 25 – соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аз аввали ташкилёбии кафедра дар ҳайати коллективи кафедра 6 - нафар дотсент. аз он ҷумла Элнатанов Б.А., Давлятов Р.Д., Чориев У., Назаров Ф., Шарипова Р.М. ва муаллимони калон Алиқулов Р.К. , Олимов М.И., Аҳадов А. кор мекарданд. Баъди соли 1991 ҳайати устодони кафедра каме тағир ёфт. Баъзе аз устодон ба сабабҳои воқеаҳои маълум кафедраро тарк карданд. Баъзеяшон вафот карданд. Истиқлолият ба ташаккули кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо низ таъсири худро расонд. Дар давоми 25 - сол тағиротҳои назарас ба амал омад. Дар ин муддат устодон Олимов М.И. соли 1994 рисолаи номзадиро ҳимоя карда ва аз соли 1995 дотсенти кафедра мебошад. Аз соли 2004 Олимов М.И. вазифаи мудири кафедраро иҷро карда истодааст. Соли 2009 бошад, муаллими калон Хайруллоев Ш. рисолаи номзадии худро ҳимоя кард. Ҳоло дар кафедра 3 нафар дотсент, номзади илм ва 3 нафар ассистент кор ва фаолият карда истодаанд. Дастовардҳои дар давраи Истиқлол: 1.Олимов М.И. – Мудири кафедра аз соли 2004 то соли 2016 ва дар донишгоҳ аз соли 1980 кор мекунад. Дар давоми 25 -соли истиқлолият корҳои зеринро ба анҷом расондааст: 7 дастур ва васоити таълимӣ аз он ҷумла:
Инчунин 196- то корҳои илмӣ ва методӣ чоп кардааст. 2.Чориев У. аз соли 1971 дар кафедра кор мекунад ва дорои дастовардҳои зерин аст, 24 дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ навиштааст:
Инчунин 105 корҳои илмӣ ва методӣ чоп кардааст. 3. Исроилов С. аз соли 1998 дар кафедра кор мекунад ва дорои дастовардҳои зерин аст, 3 то дастурҳои таълимӣ ва китобҳои таълими навиштааст:
Инчунин 59 мақолаҳои илмӣ ва методӣ чоп кардааст. Ассистентон: Мирзоев Ф.О. аз соли 2009 дар кафедра кор мекунад. 2 мақолаи илмӣ ва методӣ чоп кардааст. Давлатбеков А.А. аз соли 2010 дар кафедра кор мекунад. 2 мақолаи илмӣ ва методӣ дорад. Омӯзгорони номбурда Мирзоев Ф.О. ва Давлатбеков А.А. то солҳои 2012 кор мекарданд. Ҳоло ассистентон Шомуродова Б.Р., Давлатов А.Н., Ёғибеков Б.Ш. дар кафедра кору фаъолият карда истодаанд ва ҳар кадоми онҳо беш аз чор мақолаҳои илмӣ-методӣ доранд. Дар давраи истиқлолият устодони кафедра 41 дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ ва 196 то мақолаҳои илмӣ ва методӣ навиштаанд. Дар давраи истиқлолият дотсент Чориев У. аъзои шӯроҳои ҳимояи номзадии институти математика ва кафедраи МТМ ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Дар кафедра равияҳои илмии зерин амал мекунанд:
Нақшаи дурнамои ин равияҳои илми низ вуҷуд дорад, ки тадбиқи матритсаҳои квадратии ба адади соддаи Р- сатрлағжонида, - симметри ва матритсаҳои дудиогоналаи фавқи майдони комплексӣро дар ҳалли муодилаҳои ирратсионали, нобаробариҳои ирратсионали ва системаи муодилаҳои ирратсионали, системаи нобаробариҳои ирратсионали нишон дода щудааст. Дар оянда тадбиқи синфи матритсаҳои квадратии дудиогоналаи фавқи майдони ададҳои комплексӣ барои тадқиқи таоремаи Ферма дар назар дошта шудааст.
Аз файзи истиқлолият истифода бурда мо устодон бояд барои пазируфтани ҷодаи дурусти зиндагӣ, напайвастан бо нерӯҳои ифротгаро ва дорои одоби ҳамида будан ба ҷавонон роҳнамою ҳидоятгари ғамхору дилсӯз бошем. а) 11 феврали соли 2009 Хайруллоев Шамсулло Амонович дар мавзӯъи «Расстояние между соседними нулями дзета-функции Римана, лежащими на критической прямой» роҳбари илмӣ директори интитути математика д.и.м. Раҳмонов З. Ҳ. б) Дар давраи истиқлол устодони кафедра 205 то мақолаҳои илмӣ, илми –методӣ ва дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ навиштаанд. 3. Гузаштан ба низоми кредитӣ дар кафедра оиди равияҳои кафедра барнома, нақшаҳо таъғир дода шуд. Барои ҳар як предмети кафедра силаббусҳои ҷудогона сохта шудааст. Ин таъғиротҳо навигариҳои гуногунро ба вуҷуд овард. 4. Устодони кафедра сарпарастии курсҳои 2-юмро ба зима доранд. Ҳар як куратор нақшаи кории худро аз авали сол тартиб дода мувофиқи ҳамон нақша дар курсҳо корҳои тарбиявӣ ва тарғиботиро иҷро мекунанд.
Олимов Мулоқанд Иноятович Дотсенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 10.07.1956, Тел: (+992) 919876783 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Чориев Умидилла номзади илмҳои физика-математика, дотсент санаи таваллуд 20.04.1951, Тел:(+992) 985810314 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Шомуродова Барқия Раҳматуллоевна Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 11.12.1984 Тел: (+992) 987-84-35-25
Давлатов Ахлиддин Намозович Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 05.12.1986, Тел:(+992) 919323579 E-mail Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Ёғибеков Бахтиёр Шодибекович Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 12.06.1989 Тел:(+992) 501884313
Аслонов Сорбон Мирзомуддинович Ассистенти кафедра алгебра ва назарияи ададҳо, санаи таваллуд 06.06.1990 Тел: (+992) 988-05-11-05 |