менюхо | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
There are no translations available.
Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси шартнома довталабонро аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои зерин ҷиҳати омода намудани онҳо ба озмуни қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамояд: 1. Кластери ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ; 2. Кластери ихтисосҳои иқтисодӣ ва география; 3. Кластери ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат; 4. Кластери ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ; 5. Кластери ихтисосҳои тиббӣ, биологӣ ва варзиш. Курсҳои омӯзишӣ ба довталабон имкон медиҳад, ки барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи талаботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода гарданд. Ҷиҳати таълиму тадриси шунавандагони курсҳои тайёрӣ омӯзгорони соҳибунвону ботаҷриба аз кафедраҳои донишгоҳ ҷалб карда шудаанд: 1. Маҳмудов Давлатшоҳ _ муаллими калони кафедраи таърихи халки тоҷик (аз фанни таърихи халки тоҷик); 2. Қурбонов Маҷид- дотсенти кафедраи кафедраи назария ва таърихи адабиёт (аз фанни адабиёти тоҷик); 3. Ҷумаев Маъруф- дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайри органикӣ (аз фанни химия); 4. Дадабоев Тоҳирҷон - муаллими калони кафедраи географияи табиӣ (аз фанни география); 5. Аҷиков Хайрулло-муаллими калони кафедраи назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ (аз фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ); 6. Азимов Музафар - муаллими калони кафедраи кафедраи ҳуқуқ ( аз фанни ҳуқуқи инсон); 7. Карабаев Бахтовар - номзади илмҳои педагогии муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони англитсӣ (аз фанни забони англисӣ); 8. Норов Раҷабалӣ - муаллими калони кафедраи методикаи таълими математика (аз фанни математика); 9. Умаров Умар - дотсент, мудири кафедраи методикаи таълимӣ физикаи (аз фанни физика); 10. Қурбонов Абдуҷаббор - ассистент, мудири Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ (аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ); 11. Амиров Саидмуҳаммад - муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума( аз фанни забони англисӣ); 12. . Сатторов Бахтовар ассистенти кафедраи ботаника (аз фанни биология); 13. Сайдалиев Комрон ассистени кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ (аз фани забони англисӣ). 14. Садуллоева Маҳина- ассистени кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ (аз фани забони англисӣ); 15. Сиддиқов Амиршоҳ- ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик (аз фанни таърихи халқи тоҷик); 16. Сафаралӣ Авлиёқул- ассистенти кафедраи методикаи таълими физика (аз фанни физика); 17. Абдуллои Усмоналӣ - ассистенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ (аз фанни адабиёти тоҷик); 18. Муминова Сафарбегим - ассистенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ (аз фанни забони тоҷикӣ); 19. Зоитова Моҳира - ассистенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ (аз фанни забони тоҷикӣ); 20. Асламов Иноятулло - ассистени кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ (аз фани забони англисӣ). 21. Ганҷакова Матлуба -дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик (аз фанни таърихи халқи тоҷик); 22. Азизбеки Маъруфҷон - ассистенти кафедраи методикаи таълими математика (аз фанни математика); 23. Худойдоди Насриддин- ассистенти кафедраи методикаи таълими математика (аз фанни математика); 24.Шарифзода Шамсиддин- ассистенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ (аз фанни забони тоҷикӣ).
Бо қарори Шӯрои олимон аз «____» _________ соли 2016 №_________ тасдиқ шудааст. Раиси Шӯро , ____Салимӣ Н.
Низомномаи Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Низомномаи Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд-Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи шуъбаи тайёрии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст. 1.Муқаррароти умумӣ 1.1.Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти худро дар самти омода намудани довталабон барои дохил шудан ба Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва пешниҳод намудани шаклҳои гуногуни таҳсилоти иловагӣ (машғулиятҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ) ба роҳ мемонад. 1.2.Шуъба таълими иловагиро дар шакли машғулиятҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ дар асосӣ аризаи довталабон бо имзо расонидани қарордоди дуҷониба оид ба расонидани хизматрасониҳои таълимӣ бо довталабон тибқи худмаблағгузорӣ ташкил менамояд. 1.3.Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ мутобиқи Низомномаи мазкур, бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишгоҳ таъсис дода мешавад. 1.4 .Муносибати байни Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ бо Донишгоҳ дар асоси тобеияти маъмурӣ, мутобиrи Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи мазкур ба амал бароварда мешавад. 1.5.Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории Донишгоҳ, ки ба шакли таълими рēзона, ғоибона ва фосилавӣ хоҳишмандонро барои дохилшавӣ ба Донишгоҳ ва дигар мактабҳои олии касбии ҷумҳурӣ инчунин гирифтани таҳсилоти иловагӣ омода месозад. 1.6.Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ дар ҳолати мавҷуд будани на камтар аз 10 нафар шаҳрвандони ватанӣ ва 8 нафар шаҳрвандони хориxӣ курсҳои омӯзишӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад. Гуруҳҳои репитеторӣ бошад дар ҳолати мавҷуд будани 3-нафар то 10-нафар таъсис дода мешавад. 1.7.Машғулиятҳои таълимӣ дар Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ чун қоида аз рӯйи шаклҳои таълими рӯзона ва ғоибона гузаронида мешавад. 1.8.Гурӯҳи хизматрасонии репетиторӣ бошад дар давоми давраи таҳсил ва давраи таътилҳо гузаронида шавад. 1.9.Шуъба дар давоми як соли таҳсил ду маротиба курсҳои омӯзишии гурӯҳӣ ташкил мекунад. Курсҳои омӯзишӣ аз рӯи барномаи васеъ ба муҳлати 6-моҳ ва аз рӯи барномаи фишурда ба муддати 3 моҳ таҳсили довталабонро ҷиҳати омода намудан ба имтиҳоноти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд. 1.10.Маблағи таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ ва таълими репетиторӣ бо пешниҳоди Раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи зиддииҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хароҷити воқеии хизматрасонӣ бо назардошти садҳи инфляция (таваррум) муаян карда мешавад. 1.11.Шуъба аз лиҳози маъмурӣ ба Парқи Технологии Донишгоҳ мансубият дошта, аз ҷиҳати ташкили раванди таълим дар тобеияти кисми таълими Донишгоҳ қарор дорад. 1.12. Суроuаи ҳуқуқи: 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 121. Тел 224-13-83. This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it II Сохтор ва тартиби кори Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ: 2.1.Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз мудирияти шуъба (мудири шуъба, сармутахассис, ва мутахассиси пешбар ) ва ҳайати омӯзгорон иборат аст. Музди меҳнати мудир ва кормандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсуси Донишгоҳ ва омӯзгорон мувофиқи музди меҳнати тасдиқнамудаи Донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои ба даст овардаи шуъба пардохт карда мешавад. Маблағи ҷамъоварда дар асоси тақсимоти муҳосибон аз рӯи ҷадвали махсус (калкулятсия) ба тартиб дароварда мешавад. 2.2.Роҳбарияти Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ бо деканати факултетҳо, кафедраҳои таълимӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои ба таҳсил ҷалб намудани ҷавонону наврасон ва ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим ва сифатан беҳтар гардонидани корҳои таълимию методӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар заминаи ҳамкориҳо масъалаҳои таъмини шунавандагон бо барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва асбобу анҷоми хониш ҳаллу фасл мегардад. 2.3.Роҳбарии умумии фаъолияти Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз тарафи раёсати Донишгоҳ амалӣ гардонида мешавад. 2.4.Ба корҳои таълимию методии Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ба таври умумӣ роҳбарӣ менамояд. 2.5.Роҳбарии методии фаъолияти Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз тарафи Шӯрои методии Донишгоҳ анҷом дода мешавад. 2.6.Мудири Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз тарафи Ректори Донишгоҳ аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. III Вазифаҳо ва ēҳдадориҳои мудир, кормандон ва омӯзгорони Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ : 3.1.Ба корҳои таълимию тарбиявии шуъба бевосита роҳбарӣ менамояд; 3.2.Машғулиятҳо аз рӯи нақшаю барномаҳои тасдиқшудаи таълимӣ ташкил мекунанд. 3.3.Ҷараёни таълимро таъмин ва мунтазам назорат менамоянд. 3.4.Ҷадвали машғулиятҳои дарсиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ пешниҳод менамоянд. 3.5.Рафти иҷрои корҳои мустақилонаи шунавандагонро мунтазам мавриди санҷиш карор медиҳанд. 3.6.Бо роҳбарияти факултетҳо, кафедраҳои методикаи таълим, озмоишгоҳхои илмию таълимӣ, китобхонаҳо , муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидои ва миёнаи касбӣ), Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимию методӣ робитаи мунтазамро нигоҳ медоранд. 3.7.Барои шаҳрвандони хориxӣ, ки хоҳиши омӯзиши забони тоxикиро доранд, курси забони тоxикиро ташкил мекунанд. 3.8.Барои шунавандагоне. ки майли омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро доранд, курсҳо ташкил менамоянд. 3.9.Хизматрасонии репетиториро аз рӯи фанҳои интихобшуда ба роҳ мемонанд. 3.10.Хизматрасонии репетиториро ба тарзи индивидуалӣ бо донишҷӯ ва ҳам бо тарзи гурӯҳи донишҷуён, ҳамчун қоида бо сифати дарсҳои лексионӣ, таҷрибавӣ, семинарӣ ва лабараторӣ ба роҳ мемонанд. 3.11.Барои хориҷ намудани шунавандагон бо сабабҳои давомоти нокифоя ва риоя накардани қойдаҳои дартиботи дохилидонишгоҳӣ ба Ректор таклифу пешниҳод менамоянд. 3.12.Барои шунавандагон ҳуҷҷатҳои лозимаро таҳия ва омода месозанд. 3.13.Бо мақсади ҷалб намудани шунавандагон ба курсҳои тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро бо воситаҳои ахбори омма ба роҳ мемонад: 3.14.Омӯзгор ҳақ дорад оид ба сайқал додани методикаи таълими фан ва роҳҳои хизматрасонии репетиторӣ пешниҳодҳо намояд. 3.14.Омӯзгор уҳдадор аст, ки хизматрасонии репетиториро мувофиқи талабот ба роҳ монда, корҳои таълимию методиро дар сатҳи баланд роҳандозӣ намояд. IY Тартиби қабули шунавандагон ва ташкили ҷараёни таълим дар Шуъбаи тайёрӣ: 4.1. Ба Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, (ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ), инчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъд аз вақти дарсӣ) қабул карда мешаванд. 4.2.Шахсони ба шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ қабулшаванда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: -ариза ба номи ректор ; - нусхаи аттестат(диплом) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ; -ду дона сурати 3х4; -маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ; -маълумотнома оид ба пардохти ҳаққи таҳсил ; -маълумотнома аз маъмурияти мактаб (барои хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ). 4.3.Қабул ба Шуъбаӣ тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ дар асоси қарордоди дуҷониба (Шунаванда ва Донишгоҳ) ба имзо мерасонанд бо фармоиши ректори Донишгоҳ аз рӯи кластери ихтисосҳо интихобшуда сурат мегирад. 4.4.Дохил шудан ба Шуъбаи тайёрӣ аз руйи натиҷаҳои сӯҳбат ва пардохти ҳаққи таҳсил бо фармоиши Ректори Донишгоҳ амали карда мешавад. Ба шунавандаи Шуъбаи тайёрӣ, шаҳодатнома (сертификат) дода мешавад. 4.5.Нархнома ва харҷномаи таҳсил дар Шуъбаӣ тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ вобаста ба равияи ихтисосҳои интихобкардаи шунаванда аз тарафи Шӯрои олимони Донишгоҳ муқаррар ва тасдиқ карда мешавад. 4.6.Пардохти ҳаққи таҳсил мувофиқи қарордоди тарафайн байни Донишгоҳ ва шунаванда амалӣ карда мешавад. Шунаванда ӯҳдадор аст, ки маблағи муқараршударо барои таҳсил дар Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ ба хазинаи Донишгоҳ супорад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок (давомоти нокифоя, мунтазам ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан, вайрон кардани интизоми таълим) тарки таҳсил намудан, шунаванда аз шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ хориҷ карда мешавад. Дар сурати аз Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ хориҷ гардидани шунаванда маблағи супоридаи шунаванда баргардонида намешавад. 4.7.Шунавандагони Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ ҳуқуқ доранд аз синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ, кабинетҳои методӣ, толорҳои қироатӣ, толорҳои варзишӣ, китобхонаҳои илмӣ ва электронӣ ва дигар сохторҳои ёрирасони таълимии Донишгоҳ истифода намоянд.Шунавандагон вазифадоранд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ», «Оиннома» -и Донишгоҳ ва талаботи Низомномаи мазкурро иҷро намоянд. 4.8 .Донишгоҳ бо назардошти имконияти мавҷуда шунавандагони Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиториро, ки аз ноҳияҳои дурдаст қабул шудаанд, бо хобгоҳ таъмин менамояд. 4.9.Машғулиятҳо дар Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ асосан аз рӯи фаннҳое гузаронида мешаванд, ки аз онҳо ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи қоидаҳои умумии қабул довталабон имтиҳонҳои дохилшавӣ месупоранд. 4.10.Мӯҳлати таҳсил дар Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ 3 - 6 моҳ мебошад. Таълим дар Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ вобаста ба хоҳиш ва сатҳи забондонии шунаванда ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад. Ба шунавандагони курсҳои тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ рӯзе то 4 соат машғулият гузаронида мешавад. Замон, макон ва басти таҳсил дар мувофиқа бо Раёсати таълим муайян карда мешавад. 4.11.Нақшаи таълимии равияҳои ихтисосии Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз тарафи Шӯрои олимони Донишгоҳ тасдиқ, мавриди иҷро қарор дода мешавад. 4.12.Иштирок, тайёрӣ ба машулиятҳо ва сатҳи донишандēзии шунавандагони шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз тарафи омēзгорон дар журналҳои синфӣ қайд ва баҳогузорӣ мешавад. 4.13.Дар мēҳлати муайяншудаи таҳсил шунавандагон асосҳои донишро аз рēи барномаҳои амалкунандаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз бар намуда, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ тайёрӣ мебинанд. 4.14.Ба шунавандагоне, ки имтиҳонҳои хатми Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиториро бомуваффақият супориданд, бо имзои Ректор ва мудири Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ шаҳодатнома (сертификат) дода мешавад. Барои курсҳои 3 моҳа ва 6 моҳаи Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ имтиҳони хатм дар моҳи июн гузаронида мешавад. 4.15. Шунавандагоне, ки имтиҳоноти хатмро бо мувафаққият ҷанбаст менамоянд, барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба марқази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешаванд. Тартиби хизматрасонии репетиторӣ: 5.1.Хизматрасонии репетиторӣ ихтиёрӣ дар асоси ариза бо розигии донишҷӯ ва волидайн, ки дар шартнома инъикос меёбад, амалӣ карда мешавад. 5.2.Хизматрасонии репетиторӣ ба донишҷуёни Донишгоҳ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин ба донишҷуёни дигар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил доранд расонида мешавад. 5.3.Хизматрасонии репетиторӣ ба сифати дарсҳои иловагӣ, такрори омӯзиши фаннҳои алоҳида ва ё қисматҳои он амалӣ мегардад; 5.4.Такрори омӯзиши фани дарсӣ ва қисматҳои он барои донишҷуёни ҳамаи курсҳое, ки тариқи буҷавӣ ё шартномавӣ таҳсил доранд ба роҳ монда мешавад. 5.5.Пардохти хизматрасонии репетиторӣ аз ҳисоби маблағҳои пулии донишҷӯ ва ё волидайн, ки хоҳиши гирифтани таълимоти иловагиро доранд, ба амал бароварда мешавад. 5.6.Нархномаи кори як соати дарси академӣ оид ба хизматрасонии репетиторӣ аз тарафи Шӯрои олимони донишгоҳ муайян карда мешавад; 5.7.Дар ҳолати нарасонидани хизматрасонии репетиторӣ бо айби устодон. - донишгоҳ ҳақ дорад, ки дар мувофиқа бо истифодабар (донишҷӯ) ё фармоишгар мӯхлати нави хизматрасонии репетиториро муайян намояд. - донишгоҳ маблағи пардохти истифодабар (донишҷӯ) ё фармоишгарро бо иҷозати ректори донишгоҳ баргардонад. 5.8.Дар холати нарасонидани хизматрасонии репетиторӣ бо айби истифодабар (донишҷӯ) ё фармоишгар маблағи пардохт баргардонида намешавад. 5.9.Воситаҳои пулие, ки аз хизматрасонии репетиторӣ гирифта мешавад бо тартиби муайян тақсим мешавад; - музди меҳнати омӯзгоре, ки хизмати репетиторӣ мерасонад, бо нигоҳ доштани ҳаққи суғурта дар ҳаҷми – 60% - фонди донишгоҳ - 40% 5.10.Фонди донишгоҳ барои рушди Донишгоҳ, хизматрасонии таълимӣ ва таҳкими пояи моддӣ-техникии Донишгоҳ сарф карда мешавад. VI Тартиби қатъ гардидани фаъолияти Шуъбаӣ тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ: 6.1.Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ва бо фармоиши Ректори Донишгоҳ барҳам ва ё аз нав ташкил карда мешавад. 6.2 .Дар мавриди аз нав ташкилёбӣ ва ё қатъ гардидани фаъолияти шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон аз ҷониби Ректори Донишгоҳ ба ҳимояи ҳуқуқи манфиятҳои ҳайати омӯзгорон ва кормандони аз вазифа озодшудаи шуъба кафолат дода мешавад.
1. Раванди таълим II. Маҷмӯи буҷаи вақт
Аломатҳо санҷиши дифференсиалӣ бахши назарӣ Имтиҳон
III. Нақшаи тадрису таълим
1. Раванди таълим II. Маҷмӯи буҷаи вақт
Аломатҳо санҷиши дифференсиалӣ бахши назарӣ Имтиҳон
III. Нақшаи тадрису таълим
1. Раванди таълим II. Маҷмӯи буҷаи вақт
Аломатҳо санҷиши дифференсиалӣ бахши назарӣ Имтиҳон
III. Нақшаи тадрису таълим
1. Раванди таълим II. Маҷмӯи буҷаи вақт
Аломатҳо санҷиши дифференсиалӣ бахши назарӣ Имтиҳон
III. Нақшаи тадрису таълим
1. Раванди таълим II. Маҷмӯи буҷаи вақт
|