• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Структура

меню
There are no translations available.






Маҳмадалӣ Бӯриев,
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон,
Телефон: (+ 992)
935826645
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Бӯриев Маҳмадалӣ ( тав. 2. 11. 1954, деҳаи Дӯстии ҷамоати Фархор, ноҳияи Фархор). Солҳои 1972- 1973 коргари муассисаи сохтмонии № 2 трести « Душанбестрой» буд ва ҳамзамон дар курси шабонаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ( ҳозира Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) таҳсил мекард. Солҳои 1973-1978 донишҷӯи факултети таърихи донишгоҳи номбурда, 1976-1978 шунавандаи ғоибонаи лектори муносибатҳои байналхалқӣ дар назди донишгоҳ, 1978-1981 муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи № 11, 1981- 1986 муаллими мактаби миёнаи № 4-и ноҳияи Фархор, 1986-2000 мушовир ва нозири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор, ҳамзамон солҳои 1993-1996 баранда ва директори телевизиони маҳаллии ноҳияи Фархор, 1996-2000  сардори шабакаи радиошунавонии ноҳияро ҳамчун сарбории ҷамъиятӣ ба ӯҳда дошт. 1997-2007 сарвар ва устоди гурӯҳҳои таълимии коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Фархор буд. Аз сентябри соли 2007  устоди коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб шуда кор кард. Аз 1. 03. 2008 ҳамчун муаллими калони кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба кор оғоз  кардааст. Солҳои 2008-2009 муовини декани факултети таърих оид ба таълим, 2008-2009 декани шуъбаи тайёрии донишгоҳ, 2009 то 15. 02. 2012 директори китобхонаи донишгоҳ. Аз 15. 02. 2012 то инҷониб раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳро ба ӯҳда дорад.

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991), медали  рӯимизии « Барои муаллими  ҷавони ташвиқотчии беҳтарин »- и КМ ВЛКСМ, Ифтихорномаи раиси ноҳияи Фархор ва бо як чанд Ифтихорномаҳои  КМ ВЛКСМ сарфароз гардонида шудааст.

Мавсуф дар мавзӯи «Аз таърихи фаъолияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» рисолаи номзадиро омода карда истодааст.Дар матбуоти даврӣ доир ба мавзӯи мазкур мақолаҳо рӯи чоп овардааст.Ҳамзамон дар мавзӯҳои гуногуни илмӣ,илмӣ – оммавӣ,методӣ ва сиёсӣ низ навиштаҳои худро дорад. Дар конференсияҳои гуногуни илмӣ-оммавӣ бо маърӯзаҳо баромад карда меистад.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj