• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54

 

 

Убайдов Салмоншо Одинаевич

Мудири афедраи технология, нақшакашӣ ва дизайн
номзади илмҳои техникӣ, тезникӣ

Тел:
Е-mail:

 

 

Кафедраи технология, нақшакашӣ ва дизайн

Маълумоти мухтасари кафедра

Аз якуми сентябри соли 1977 дар факултаи «Саноатию омӯзгорӣ» кафедраи «Механикаи техникӣ ва  нақшакашӣ» таъсис ёфта буд.

Дар солҳои фаъолияташ факултет чанд маротиба тағири ном кардааст: аз ҷумла бо номҳои «Саноатию омӯзгорӣ»,  «Муҳандисӣ-омӯзгорӣ», «Технология ва соҳибкорӣ»,  «Технология»  ва аз  соли 2013 то имрӯз бо номи  «Технология ва соҳибкорӣ»   фаъолият дорад.

Аз рӯзҳои аввали  таъсисёбӣ соли 1977 дар кафедраи мазкур  як дотсент, 4-омузгори калон, 2-ассистент,  1- устои таълимӣ, 1-лаборант, ҳамагӣ 10-нафар кору фаъолият доштаанд.

Баробари таъсисёбии  кафедра муаллими калон Поташников К.Л. то моҳи апрели соли 1978 иҷрокунандаи  мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 1978 баъд аз гузаштани озмун мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Захарова Г.Г ба вазифаи мудири кафедраи мазкур  таъин  гардид.

Дар соли хониши 1977-78 дар кафедра муаллимон номзади илмҳои техникӣ, дотсент Захарова Г.Г., н.и.т. Гутман Б.Е., н.и.т. Андрианов И.П., муаллими калон, Поташников К.Л.,  муаллими калон, Максумов Б.И., асистентон, Ҳусниддинова Н.У. ва  Тхостова А.А. кору фаъолият менамуданд.

Дар соли хониши 1977-1978 ҳаҷми умумии соатҳо аз фанҳои тадрисшавандаи кафедра:  муқовимати масолеҳ, механикаи назарявӣ, назарияи мошин ва механизмҳо, ҷузъҳои мошин, буриши масолеҳ, геометрияи тасвирӣ, нақшакашӣ, асосҳои якдигаривазкунӣ ва  таҷрибаи истеҳсолӣ 6620 соати академиро дар бар мегирифт ва муаллимони кафедра  аз фанҳо дарс мегуфтанд.

Ғайр аз фанҳои аз рӯи нақша пешбинишуда, дар назди кафедра маҳфилҳои «Технологияи масолеҳи  конструксионӣ», ки роҳбарии онро н.и.т. дотсент  Захарова Г.Г.,  маҳфили «Буриши масолеҳ»,  роҳбарии онро муаллими калон Максумов Б.И. ва «Нақшакашии мошинсозӣ» роҳбарии онро н.и.т. Андрианов И.П., ба уҳда доштанд,  фаъолият менамуданд.

Соли 1979 дар факулта таҳти роҳбари н.и.т. муаллими калони  кафедра  Гутман Б.Е. бюрои конструктории донишҷӯён /БКД/ таъсис ёфт ва соҳиби  мақоми  умумидонишкадавӣ гардид. Аз рӯзҳои аввали  фаъолияти тадқиқотии БКД баробари устодон, донишҷӯён низ саҳми худро гузашта дар донишкада ва берун аз он соҳиби обрӯю эътибор гаштанд.

Доир ба фаъолияти татқиқотии БКД донишҷӯи бахши 2-юм  Беляев Н.И  (баъдтар, пас аз хатми донишгоҳ муаллими калони факултаи саноатию омӯзгорӣ) мисол шуда метавонад, ки ӯ ҳамчун иштирокчии фаъоли БКД  аз натиҷаи корҳои татқиқоти  дастгоҳи буриши плазмавии «Офтоб»-ро ихтиро намуд ва  дар НКХХ-и СССР соҳиби медали нуқрагӣ «За успехи в народном хозяйстве» гардидаст.

Дар соли 1979 азоёни кафедра аз рӯи равияҳои зерин: проблемаҳои мошинсозӣ,  коркарди масолеҳҳои фузулотӣ дар ҷараёни нави коркард, баландбардории самаранокии ҷараёни таълимӣ ва тарбиявӣ амал менамуданд.

Дар ин солҳо дар кафедра 8-нафар муаллимони асосӣ, ки аз   инҳо дар  равияи  проблемаҳои мошинсозӣ, Захарова Г.Г., Андрианов И.П.   ва Мансуров А.Т., дар равияи коркарди масолеҳҳои фузулотӣ дар ҷараёни нави коркард  Гутман Б.Е., Мақсумов Б.И., Поташников К.Л., Сурии С.В. ва  дар равияи баландбардории самаранокии ҷараёни таълимӣ ва тарбиявӣ Тхостова А.А. корҳои илмӣ татқиқотии худро давом доданд.

Дар солҳои фаъолияти кори номзади илмҳои техникӣ,  дотсент Захарова Г.Г. дар мавзӯи «Тадқиқоти таъсири ҳолатҳои коркарди термикӣ ба устувории теғи тезбур» кори илми намудааст ва барои  тадқиқот теғи гузарандаи аз пӯлоди тезбури тамғаи  Р6М5 сохта шударо интихоб кардааст.

Инчунин омӯзгорони кафедра  номзади илмҳои техникӣ, муаллими калон Андрианов И.П. кори илмиашро дар шароити корхонаи «Тоҷикгидроагрегат» дар мавзӯи «Коркард ва баландбардории технологияи коркарди термикии ҷузъҳои гидравликии механизми комбайнҳои «Нива» ва «Колос» ва  муаллими калон Мансуров А.Г. кори илмии худро дар мавзӯи «Тадқиқоти агрегатҳои васеъгирӣ барои мулоим гардонии қулухҳои хок» бо масъалаҳои «Динамикаи реҷаи ҳаракати тезгард ва мошинаҳои пурқувват ва системаи мошин» иҷро намуданд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии кафедра дар соли 1980 дар равияҳои дар боло нишондодашудаи соли 1979 гузаронида шудааст.

Дар кафедра то 1 январи соли 1981 кабинетҳои: механикаи назариявӣ, нақшакашӣ, буриши масолеҳ ва лабараторияи технологияи плазмо-лазерӣ кор мекард. Кабинет ва лабараторияҳо  бо асбоб ва  дастгоҳҳои зерин ҷиҳозонида шуда буд:

1.Дастгоҳи лазерӣ ЛГ-32 /генератори квантӣ/.

2.Хромограф ЛХМ-8МДТ.

3.Остсилограф С1-49.

4.ГЗ-53-генератори овозӣ.

5. «Офтоб-3» дастгоҳи лазерӣ кимиёвӣ.

6.Мошини шикананда-Р5

7.Мошини қаткунӣ КМ-50

8.Копёри мятникӣ

9.Печи барқи муфелӣ 710А.

10.Сахтисанҷ «Викерс».

11.Кодоскоп.

12.Киноаппарат КПШ-4.

13.Диапроектор «Свитязь».

Дар соли 1982 корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар як равия «Коркарди масолеҳи фузулотӣ ва ҷараёни нави коркард»,  ба нақша гирифта шуда буд,  ки  ду мавзӯъро дар бар мегирифт: аз ҷумла  «Тадққоти ҷараёни технологияи плазмо-лазерӣ» ва «Тадқиқоти ҳолатҳои баландбардории устувории асбобҳои буранда».

Дар соли 1982  дар кафедра шумораи омӯзгорон нисбат ба солҳои 1977-1978 зиёд гардид: аз ҷумла  дотсентон  ду нафар, муаллимони калон 4 нафар,  ассистентон 5 нафар, устоҳои таълимӣ 2 нафар ва 1 нафар лаборант.

Аз соли 1982 то соли 1991 дар кафедра омӯзгорон ва кормандон мувофиқи нақшаҳои кории факултет ва донишкада кору фаъолият намуданд ва роҳбарии кафедраро дар ин муддат н.и.т. дотсент Захарова Г.Г. ба уҳда дошт.

Баъди пош хурдани давлати Шуравӣ шумораи омӯзгорони унвондор дар кафедра коҳиш ёфта ва дар ин солҳо (1991-1993) мудирияти кафедраро Мансуров А.Г. ба уҳда дошта дар якҷоягӣ бо омӯзгорони кафедра  барои  инкишоф додани ҷараёни таълим,  омӯзиши фанҳои умумитехникӣ ва нақшакашӣ, корҳои методӣ, худомӯзии донишҷӯён, тарҷумаи китобҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ, истифодабарии МЭҲ-ро дар раванди таълим  мақсади асосии фаъолияти худ қарор дода кору фаъолият намуданд.

Омӯзгори серғайрату ташнаи илми кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашии донишкадаи шаҳри Душанбе Миррахматов  С.Ш. дар солҳои 1988 то 1992 барои  коромӯзи ва гузаронидани тадқиқотҳои илми ба шуъбаи аспирантураи Донишкадаи техникаҳои электронии ш.Москва (МИЭТ) сафарбар гардид.  Дар соли 1992 бо қарори Шӯрои олимони факултети «Мошинсозии электронӣ» ба Миррахматов С.Ш. барои натиҷаҳои назаррасаш унвони илмӣ бо номи «Муҳандис-тадқиқотчӣ» дар ихтисоси электроникаи ҷисми сахт ва микроэлектроника қадрдони карда шудааст. Миррахматов  С. Ш. рисолаи номзадиашро  соли 1993 дар Шӯрои махсусгардонидашуда оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ бо ихтисоси «Электроникаи ҷисми сахт ва микроэлектроника» пешниҳод намуда ва дар санаи  16 феврали соли 1993 рисолаашро ҳимоя намуд.

Аз соли 1993 то соли 1994 н.и.т, дотсент Бобоев О.Ш. роҳбарии кафедраро бар зимма дошт, ки дар ин асно дар кафедра 3-нафар дотсентон 2-нафар муаллимони калон, 1-нафар ассистент, 2-нафар устоҳои таълимӣ ва 1-лабарант кору фаъолият менамуданд.

Дар солҳои 1994-2000-ум роҳбарии кафедраро номзади илмҳои техникӣ Миррахматов С.Ш. ба зимма гирифта буд ва кафедра дар мавзӯи «Омӯзиши таъсири нуқсонҳои ҷузъҳои пӯлодӣ ба мустаҳкамии конструксияи мошинҳо барои аз нав барқароркунии ҷузъҳои мошин» равияи илмии худро ба роҳ монда буд.  Мавзӯи равияи илмии дар боло зикршуда таҳти роҳбарии номзади илмҳои техникӣ Мирраҳматов С.Ш. ва муаллими калон Раҳмонов А. дар вақти муайянгардида ҳалли худро ёфтааст. Инчунин аз натиҷаи корҳои ба даст оварда муаллифон дар конфронсияҳои Ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад намудаанд.

Дар ин айём омӯзгорони дар кафедра фаъолият намоянда аз 16 фанни таълимӣ аз ҷумла: геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ, механикаи назариявӣ, санъати тасвирӣ,  муқовимати масолеҳ, ҷузъи мошин, назарияи мошин ва механизмҳо, буриши масолеҳ дастгоҳҳо ва асбобҳо, асосҳои стандартикунонӣ ва ченкунии техникӣ, санадҳои меъёри ва китобҳои дарсии фаннӣ, асосҳои тайёрии касбӣ, роҳнамои касбӣ, асосҳои маҳорати педагогӣ, моделсозии графикӣ, асосҳои рӯзғордорӣ, нақшакашии муҳандисӣ ба донишҷӯён дарс мегуфтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар кафедра кабинетҳои фанни аз қабили  нақшакашӣ, ҷузъи мошин, механикаи назариявӣ,  муқовимати масолеҳ, буриши масолеҳҳо, назарияи мошин ва механизмҳо амал менамуданд, ки ба талаботи муҳандисӣ ҷавоб дода метавонистанд.

Ногуфта намонад, ки Дар соли 1998 омӯзгори калони кафедра Додоҷонов А.Д. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Политехническое образование и трудовое воспитание учащихся в Республике Таджикистан 1946-1960гг.» таҳти роҳбарии академик Обидов И.О. аз рӯи ихтисоси 13.00.01 боваффақият ҳимоя намудааст.

Солҳои 2002-2005 Додоҷонов А.Д. пас аз бо муваффақият ҳимоя намудани  рисолаи илмиаш мудири кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашӣ таъин гардида ва дар ин овон якҷоя бо омӯзгорони кафедра аз рӯйи нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмию-методи бурда дар қатори дигар кафедраҳои факултету донишгоҳ фаъолияти пурсамар менамуданд.

Дар ин солҳо вобаста ба қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон барои самарабахш гузаронидани раванди таълим бо забони давлатӣ таъмин намудани мавводҳои таълимиро  талаб менамуд. Аз ин рӯ омӯзгорони кафедра аз ҷумла Миррахматов С.Ш., Додоҷонов А.А. воситаҳои таълимии зеринро «Корҳои амалӣ аз геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ» (Душанбе 2003) ва «Корҳои лабараторӣ аз фанни муқовимати масолеҳҳо» (Душанбе 2004с) ба чоп расониданд.

Дар солҳои 2005-2012 сарварии кафедраи мазкурро омӯзгори калони кафедра Одинаев Қурбонали Абдулҳаевич  ба уҳда дошт. Дар ин солҳо омӯзгори кафедра Убайдов С.О. дар пажуишгоҳи илми-татқиқотии кимиёи ба номи Н.В.Никитини АИ ҶТ ҳамчун унвонҷӯй ба корҳои илми машғул буд ва соли 2012 дар мавзӯи «Маҳлулҳои сахти системаи Gd5Sb3 – Ln5Bi3(Ln=Pr,Nd,) ва Gd4Sb3 – Ln4Bi3(Ln=Pr,Nd,Tb,Yb)» рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифоъ намудааст.

Баъди бомуваффақият дифоъ намудани рисолаи илмӣ Убайдов С.О. аз соли 2012 то соли 2017 сарварии кафедраи  механикаи техникӣ ва нақшакаширо ба  уҳдаи худ дошт.

Аз соли 2017 то соли 2020 мудирияти кафедраи технология, нақшакашӣ ва дизайн ба уҳдаи номзади илмҳои педагогӣ дотсент, Мухторова Г.Ғ. гузошта шуд. Дар ин солҳо кафедра аз рӯи равияи илми дар мавзӯи «Раҳёфти фаъолият ҳамчун консепсияи ташаккули низоми фарҳанги соҳибкорӣ дар самти соҳибкорӣ” кору фаъолият менамуд.

Дар солҳои охир кафедра кори худро аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда, ки  барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои илмию техникӣ тааллуқ доранд   пурзур намуда истодааст.

Аз соли 2020 то ҳол сарварии кафедраро номзади илмҳои техникӣ дотсент Убайдов С.О. ба уҳда дорад. Дар ин муддат барномаҳо, силабусҳои фанни дар кафедра иваз гардидаанд, ки ҳамаи онҳо бо роҳбарии мудирияти кафедра мувофиқ ба низоми таҳсилоти кридити ба пуррагӣ тартиб додашудаанд. Инчунин аз тарафи омӯзгорон Убайдов С.О., Мухторова Г.Ғ., Одинаев Қ.А, Саидова Б.Р., Шерматзода О.Т., Камоли Б. ва Қодирова З комплексҳои таълимию-методи аз фанҳои тадрисшаванда омода гардидаанд.

Имрӯз  кафедра аз рӯи ду равияи илмӣ дар мавзӯҳои “Тадқиқоти физикӣ – химиявии таъсири мутақобилаи антимонидҳои Gd5Sb3 , Gd4Sb3 бо висмутидҳои Ln5Bi3 (Ln =Pr, Nd) Ln4Bi3(Ln =Pr, Nd, Tb,Yb) ва дар асоси онҳо коркард кардани масолеҳҳои магнитӣ бо хосиятҳои баланди магнитӣ дошта” ва «Раҳёфти фаъолият ҳамчун консепсияи ташаккули низоми фарҳанги соҳибкорӣ дар самти соҳибкорӣ” корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида истодааст.

Айни ҳол дар кафедра 2-дотсен 2-муаллими калон, 4-ассистент ва 1-лаборант кору фаъолият доранд. Ҷои асосиро дар кафедра тайёрии назариявӣ, методӣ ва амалӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, ҷиҳозонидани синфхонаву лабараторияҳои таълимӣ ва аз нав тартибдиҳӣ ва мукаммал намудани корҳои мавҷуда, тартиб додани дастурҳои методӣ ба забони тоҷикӣ равона карда буд.

Китобу дастурҳои таълимию методии асосӣ ки дар кафедра чоп шудааст.

1.Методические указания и контрольные задания для студентов-заочников педагогического института. По теоретической механике.1987г, 48стр.

2.Шарипов Т.С., Мансуров А.Г.. Мирзоқандов Г.Р., Абдуллоев Ш.А. Методические указания к выполнению заданий по черчению на тему: «Сборочный чертеж» для ИПФ, Душанбе 1989г.,43стр.

3.Абдиев Х.Х. Методическое пособие по теории машин и механизмов для студентов заочного обучения. Душанбе. 1991г.,10стр.

4.Методическое пособие для курсового проектирования по «Деталем машин», (Расчет каническо-цилиндрического редуктора). Душанбе. 1991г, 47стр.

5.Методическое пособие для курсового проекта по «Деталем машин». Проектирование двухступенчатого зубчатого цилиндрического соосным редуктора Душанбе 1991г.,23стр.

6.Методическое пособие по «Деталем машин» Расчет ременной передачи.Душанбе 1991г.,7стр.

7.Бобоев О.Ш. Индрустрия педагогик факультетинг 1,2-нчи курс талабалари учун мустақил ишдан синов ӯтказиш ишларида қӯлланиладтган ҳисоблаш машинасида бажаралидиган методтк қӯлланма. Душанбе.1993с 16саҳ.

8.Давлатов А.Ҳ. Учебное пособие для сомостоятельной работы студентов специальности 0302 по курсу «теория механизмов и машн» Душанбе 1993,25саҳ

9.Давлатов А.Х дастури методи барои корҳои амалияви донишҷӯёни ихтисоси 03 02 аз бахши «Назарияи механизмҳо ва мошинҳо».Душанбе 1993,38саҳ.

10.Методические указания (част 1) для выполнения сомостоятельной работы по черчению студентами 1-го курса индустриально педагогического факультета. Душанбе 1993г,55стр.

11.Методические указания (част 11) для выполнения сомостоятельной работы по черчению студентами 2-го курса индустриально педагогического факультета. Душанбе 1993г, 17стр.

12.Миррахматов С.Ш. Поташников К.Л. Аюбов А.С. Сопротивление материалов. Методические пособие к выполнению контрольных и самостоятельных работ для студентов дневного и заочного обучения ИПФ.Душанбе 1998г. 41стр.

13.Программы педогогических университетов. (Составители Рузиев Ш.М. Джанобилов Қ., Исломов С. МиррахматовС.Ш., Сайфиддинов М). Душанбе 2000г 39стр.

14.Додоҷонов А.А., Атахонов М.Т, Одинаев Қ. Мухторова Г. Корҳои амалӣ аз геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ. (Воситаи таълимӣ) қисми-1 Душанбе 2003с., 41саҳ.

15.Миррахматов С.Ш., Додоҷонов А.А. Корҳои лабараторӣ аз фанни муқовимати масолеҳҳо. Душанбе 2004с.,41саҳ.

16.Убайдов С., Сайфудинов М., Одинаев Қ., Сангов Н.Н.  Буриши масолеҳ, дастгоҳ ва асбобҳо (дастури таълимӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён) Душанбе 2009 с., 105 саҳ.

17.А.Азизов, С.Раҳимов, М.Нуриддинова, А. Додоҷонов, М. Қосимов Технология (китоби дарсӣ барои синфи10 Душанбе, «Мавлавӣ», 2011. 224 саҳ)

18.Сангов Н.Н., ҒозиевХ.Р, Алиев А. Раҳнамоии касбӣ (дастури таълимӣ-методӣ). 2015/

19.Убайдов С., Сайфудинов М. Муминов Ф., Додоҷонов А. Машғулиятҳои амалӣ аз фанни назарияи буриши филизот. 2016.

20.Убайдов С. О. Машғулиятҳои амалӣ аз фанни назарияи буриши филизот. 2021. (қисми 2).

Ҳайати омӯзгорони кафедра

1. Убайдов Салмоншо Одинаевич- н.и.т. дотсент

2.Мухторова Гавҳар Ғафоровна – н.и.п. дотсент

3. Одинаев Қурбоналӣ Абдулҳайевич- муаллими калон

4. Шерматзода Олимҷон - ассистент кафедра

5. Раҳмонова Ҷ.- лабаранти кафедра

6.Холова Марҷона-устои таълимӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj