Кафедрахо 54 | ||||||||||||||||||||||||||||
There are no translations available. ![]() Ҳамза Боқиев, мудири кафедраи забони ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотснет Email: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it Тел: 919 00 20 22
Боқиев Ҳамза Олимович зодаи деҳаи Каздони н.Айнӣ, в.Суғд мебощад. Ӯ 15-уми январи 1969 дар ҳамин деҳа ба дунё омадаст. Ӯ аз хонадони зиёӣ мебошад. Солҳои (1976-1986) таҳсил дар мактаби миёнаи №5-и ба номи М.Бедил, н. Айнӣ.Солҳои (1986-1987) коргари корхонаи қаннодии н.Айнӣ. Солҳои (1987 – 1989) хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ш. Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон. Солҳои (1989-1990) аъзои колхози «Тоҷикистон»-и н. Айнӣ. Солҳои (1990-1995) донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Солҳои (1995-1996) коромӯз-тадқиқотчии кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ. Солҳои (1996-1999) аспиранти рӯзонаи кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ. Солҳои (1999-2001) муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДТТ ба номи А.И.Сино. Солҳои (2001-2005) мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе. Солҳои (2005-2008) дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон. Солҳои (2008-2009) дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба номи С.Улуғзода. Аз 01.03. 2009 то 01.04.2015 мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ. Аз 10.09.2015 то 27.01.205 и.в. мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Аз 27.01.2017 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2010). Аълочии матбуоти Тоҷикситон (2003), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005), «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми ЧТ (2010). Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Собиқаи корӣ
КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз 03.07. 2015, № 6/ 8.3 таъсис дода шуд. Мудирии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Боқиев Ҳамза Олимович роҳбарӣ менамояд. Дар кафедра асосан аз рӯйи ду равия: адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ корҳои илмӣ бурда мешавад. Дар соли равон устодони кафедраи навтаъсис вобаста ба равияҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ дар мавзӯи «Нақши илмҳои забон ва адабиёти тоҷик дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд. Дар кафедра семинари илмӣ-методӣ амал мекунад, ки ба он муаллими калони кафедра Зиёев М. роҳбарӣ менамояд. Инчунин, дар кафедра маҳфили фаннӣ бо номи «Ҳусни баён» амал мекунад», ки роҳбари он муаллими калони кафедра Раҳимов Х.Б. мебошад. Аъзоёни кафедра ба ғайр аз корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию методӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғуланд. Кафедра бо кафедраҳои факултети филологияи тоҷики донишгоҳ ва кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, коллеҷҳои омӯзгорӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва ғайра робитаҳои илмию методӣ дорад. Ҳоло дар кафедра дотсентон Боқиев Ҳ.О., Ғаффоров А.О., муаллимони калон Раҳимов Х.Б., Қаландарова Д.М., Зиёев М. аз фанҳои тахассусӣ дарс мегӯянд. Аз соли 2016 Давляева Г. ба сифати лаборанти кафедра фаъолият намуда истодааст.
Ҳайати профессорону омӯзгоронии кафедраи Забони ва адабиёти тоҷик
![]() Абдушукур Ғаффоров 30.12.1968 н.и.ф. дотсент This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it Тел: 93-506-34-12 ![]() Холмаҳмад Раҳимов 20.05.1972 муаллими калон Тел: 938495691 ![]() Маҳмадалӣ Зиёев 15.05.1936 н.и.п.дотсент Тел: 93-591-29-52 ![]() Дунёзода Қаландарова 27.09.1956 муаллими калон Тел: 901008884
|