Кафедрахо 54 |
There are no translations available.
![]() Абдулбоқӣ Нуров, мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: 918 87 81 41 Нуров Абдулбоқӣ 25 январи соли 1953 дар деҳаи Оқтераки ноҳияи Ховалинг таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №17 ба номи Дмитриеви н.Восеъ соли 1970 ба шӯъбаи филологияи тоҷики факултети таъриху филологияи ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда онро соли 1974 хатм намуд. Аз соли 1974 то соли 1977 дар омӯзишгоҳи миёнаи касбӣ-техникии ш.Орҷоникидзобод (ҳоло Ваҳдат) ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷик иҷрои вазифа кардааст. Аз соли 1977 то соли 1981 ассистенти кафедраи педагогикаи донишгоҳ ва солҳои 1981-1984 аспиранти кафедраи педагогикаи ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко буд. Соли 1985 дар Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадии Институти давлатии педагогии ш.Алма-Ато ба номи Абай (таҳти роҳбарии номзади илми педагогика Гордин А.Ю.) дар мавзӯи: «Ягонагии талаботи маънавии оила ва мактаб дар тарбияи ахлоқии талабагони синфҳои ибтидоӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Аз соли 1985 то 1992 дар вазифаи ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи педагогика кор кардааст. Аз соли 1992 мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, аз июни соли 1998 то соли 2007 декани факултети педагогика, аз соли 2007 то соли 2008 ноиби Ректор оид ба илм ва аз соли 2008 то соли 2013 декани факулттеи педагогика, аз 1 феврали соли 2013 мудири кафедраи педагогика ва психологияи факултети педагогикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Нуров А. ба тадқиқи проблемаҳои ҳамкории мактаб ва оила дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол, мақоми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар тарбия, ақидаҳои мутафаккирони адабиёти форсу тоҷик доир ба тарбияи насли наврас машғул мебошад. Cоли 2004 дар мавзӯи «Арзишҳои миллию умумибашарӣ ва нақши онҳо дар тарбияи ахлоқии насли наврас» рисолаи доктори дифоъ кард. Соли 2008 ӯ сазовори унвони илмии профессорӣ гардид. Ӯзви Раёсат, аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ, аъзои Шӯрои илмии факултетӣ педагогика ва раиси Шӯрои диссертатсиони доир ба педагогика (солҳои 2008-2015). Нуров А. дар конфронсҳои байналхалқи дар шаҳрҳои Москва, Будапешт, Бишкек ва Душанбе бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Ӯ бо ордени «Шараф» (1999), нишони «Аълочии системаи маълумоти касбӣ-техникӣ» (1998) ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2015) қадр шудааст. Муаллифи се китоби дарсӣ барои мактабҳои олии касбӣ (дар ҳаммуаллифӣ), ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия кардааст. Зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкории мактаб ва оила дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол, мақоми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар тарбияи инсон, ақидаҳои мутафаккирони адабиёти форсу тоҷик оид ба тарбияи насли наврас баррасӣ шудаанд. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилаллӣ дар шаҳрҳои Москва, Будапешт, Бишкек ва ш.Душанбе бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Бо роҳбарии ӯ 16 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Аз соли 2008 то 2014 раиси Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории соҳаи педагогика дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад. Бо ордени «Шараф» (1999), нишони «Аълочии системаи маълумоти касбӣ-техникӣ» (1998), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2015) қадр карда шудааст. Оиладор. Соҳиби се фарзанд мебошад.
КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯ Кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ моҳи июни соли 1992 таъсис ёфт. Мақсади таъсиси ин кафедра аз он иборат буд, ки аз як тараф таълими фанҳои педагогика ва психология ба хусусиятҳои хоси факултети педагогика наздик карда шавад, аз тарафи дигар фанҳои педагогика ва психология бояд дар факултет мавқеи марказиро ишғол намоянд. Бо ҳамин мақсад, таълими ин фанҳо аз як тараф ба хусусиятҳои хоси факултет наздик карда шуд, аз тарафи дигар миқдори соатҳои таълимӣ доир ба фанҳои педагогика ва психология нисбат ба дигар факултетҳо таносубан ду баробар зиёд карда шуд. Илова бар ин, аз рӯи фанҳои педагогика ва психология ҳатман дар курси сеюм иҷрои курсӣ ба нақша гирифта шуд. Зарурияти ташкили ин кафедра инчунин аз он ба вуҷуд омад, ки таълими фанҳои педагогика ва психология бо таълими фанҳои соҳаи ихтисос ҳамоҳанг сохта шаванд. Чунончи, таълими педагогикаи умумӣ ба педагогикаи томактабӣ ва методикаи таълими фанҳои педагогӣ, психологияи умумӣ бо психологияи бачагона ва психологияи синнусоливу педагогӣ, таълими таърихи фалсафаи маълумоти педагогӣ бо таълими таърихи педагогикаи олигофренӣ яъне таърихи педагогикаи фикран қафомонда (ноқусулақлон). Ё худ бачагони аз ҷиҳати инкишофи фикрӣ қафомонда ва ғайраҳо, ки ингуна равия дар дагар факултетҳо тамоман ба назар намерасад. Аз ин гуфтаҳо пай бурда мешавад, ки номгӯи кафедра зоҳиран оддӣ, аммо таркибан ниҳоят мураккаб аст. Аз ин рӯ, аз устодони ин кафедра тайёрии махсус ва ниҳоят ҷиддиро талаб мекунад. Ҳангоми таъсис додани кафедра ҳамаи ин ба назари эътибор гирифта шуда буд. Соли авали таҳсисёбӣ кафедра он 7 нафар аъзо дошт, ки миқдоран қариб тағйир наёфт. Аз 7 нафар аъзои кафедра 1 нафар н.и.п., профессор, 3 нафар н.и.п. дотсент; 1 нафар омӯзгори калон ва 2 нафар ассистентон буданд. Ба монанди Раҳимов Б., Нуров А.,Раҳмонов С., Нуриддинов Ғ., Худойназаров Б., Ризоев А., Салуквадзе С.В. Вале аз соли хониши 1994-1995 сар карда ҳайати кормандони кафедра бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтан гирифт. Аз ҷумла бо сабаби аз ҷумҳури муҳоҷират кардани Салуквадзе С.В. ва бо сабаби набудани довталабон дар гурӯҳҳои таълим бо забони русӣ ва узбекӣ ин гурӯҳҳо баста шуданд. Дар натиҷа соатҳои таълимӣ кам шуд. Бинобар ин, Бобоёрова З., Шомуродов Ҳ. ва Токаева Н.М. аз кор рафтанд. Илова бар ин устодон ба нафақа баромад, дигаре фавтид, ба монанди дотсентон Нуриддинов Ғ. ва Раҳмонов С. ва онҳо аз сафи кормандони кафедра хориҷ гаштанд. Баъдтар ба ҷои онҳо кормандони нав қабул гардиданд. Ба монанди Мирзоев А. (аз соли хониши 1997-1998) ва Сабоҳати Муродзода баъди хатми донишгоҳ бо дархости кафедра, дар назди кафедра монда шуд. Ҳоло дар кафедра 5 нафар устодони тавсибӣ ва 2 нафар ҳамкорон кор мекунанд, ки аз онҳо 1 нафар д.и.п. ив. профессор, 1 нафар н.и.п. муаллими калон, 3 нафар муаллимони калон ва 1 нафар ассистент мебошанд. Ба монанди: Нуров А., Файзализода Ҷ.Х., Тураев Ё., Рабиева С., Мамадносирова М., Чобулова Н. ва Олимов Т. Ба ин кафедра аз июни соли 1992 то ноябри соли 1998 н.и.п. дотсент Нуров А., роҳбарӣ менамуд. Аз ноябри соли 1998 иҷрои вазифаи мудирии кафедра ба зимаи н.и.п.профессор Раҳимов Б. гузошта шуда буд. Аз соли 2013 вазифаи мудири кафедраро профессор Нуров А. ба уҳда дорад. Саҳми омӯзгорони ин кафедра дар тартиб додани китобҳои дарсӣ барномаҳои таълимӣ барои донишкадаҳои олӣ ва дастурҳои методӣ доир ба иҷрои корҳои контролӣ ва курсӣ калон аст. Аз ҷумла, китоби дарсии «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик» (муаллиф н.и.п. профессор Раҳимов Б.) (1994), «Педагогика» (дотсентон Раҳимов Х. ва Нуров А.) (2007, 2011), «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик» (Раҳимов Б. ва Нуров А.) (2008), «Педагогикаи коррексионӣ» (Раҳимов Б.), «Факултети педагогика 80 сол» (Раҳимов Б.Р., Нуров А.) (2012), Барномаи таълимии «Педагогика» барои донишкадаи санъат (профессор Раҳимов Б.), барномаи таълимии «Педагогика» барои донишкадаҳои олии педагогӣ (Нуров А.), барномаи таълимии «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик» (профессор Раҳимов Б.), васоити таълимӣ доир ба фалсафаи таърихӣ маълумот «А.С.Макаренко дар бораи таълиму тарбия» (профессор Раҳимов Б.) тавсияҳои методӣ доир ба навиштани кори контролӣ ва курсӣ (дотсент Раҳмонов С.Р. ва Сабоҳати Муродзода), «Идора ва назорати дохили мактабӣ» (А.Нуров, Ҳ.Искандаров) (2013), «Методология ва методҳои таҳқиқоти илмӣ-педагогӣ» (Раҳимов Б.Р., Нуров А.) (2014), «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» (Раҳимов Б.Р., Нуров А.) (2016) ва ғайраҳо ба қалами устодони кафедраи педагогика ва психология тааллуқ доранд. Ба ёрии муаллимони мактаби миёнаи маълумоти умуми ва устодони донишгоҳ як қатор тавсияҳои методӣ низ нашр карда шудаанд.Ба монанди «Барномаи тарбияи ҷавонон» (профессор Раҳимов Б. ва дотсент Нуров А.), «Кори мустақилонаи донишҷӯён дар донишкадаҳои олии педагогӣ» (профессор Раҳимов Б.), «Нақши арзишҳои миллӣ дар тарбияи маънавии мактабиёни хурдсол» дастури методӣ барои роҳбарони синф (профессор Нуров А.) ва ғайраҳо. Муаллимони кафедра дар рафти ҳамкорӣ бо муаллимони синфҳои ибтидоии мактабҳои маълумоти умимӣ як идда дастуру тавсияҳои методӣ ба табъ расониданд. Ба ин гурӯҳ устодон Нуров А. ва Раҳмонов С.Р., дохил мешаванд. Кафедра ва устодони он бо мактабҳои маълумоти умумии шаҳри Душанбе (мактабҳои рақами 8,9,10) ҳамкории доимӣ ва ногусастанӣ дорад. Баъзе устодон инчунин дар мактаб дарс мегӯянд, ба монанди Мирзоев А., (мактаби рақами 9 шаҳри Душанбе). Дар баробари ин қариб ҳамаи устодони кафедра ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ машғуланд. Самти асоси корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраро пешрафти методология ва назарияи илмҳои педагогӣ-психологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил менамояд. Аз ҷумла С.Муродзода «Нақши афсонаҳои халқӣ дар тарбияи меҳнатии хонандагони синфҳои ибтидоӣ», Рабиева С. «Проблемаи тарбияи ахлоқии мактабиёни хурдсол дар оилаҳои нопурра» Мамадносирова М. «Масъалаҳои тарбияи духтарон дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ» ва ғайраҳо. Аз профессори кафедра сар карда то ассистентони он дар конференсияҳои анъанавии устодони донишгоҳ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Аъзоёни кафедра инчунин дар конференсияҳои байналхалқӣ дар ш.Москва, Венгрия, Бишкек, Қурғонтеппа низ бо маърӯзаҳо баромад намудаанд. (профессор Раҳимов Б, профессор Нуров А.) Ҳамаи аъзоёни кафедра дар тайёр намудани донишҷӯён ба конференсияҳои илмӣ ширкат меварзанд. Дар зери роҳбарии профессор Раҳимов Б. 20 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ба гирифтани унвони илмии номзади илм ва 1 нафар рисолаи докторӣ навишта соҳиби унвони профессорӣ гаштааст. Дар зери роҳбарии профессор Нуров А. 16 нафар рисолаҳои номзадии худро дифо намуда, ба гирифтани унвони илмӣ сазовор шуданд. Таҳти роҳбарии профессор Нуров А. 2 нафар рисолаи докторӣ ва 3 нафар рисолаи номзадӣ навишта истодаанд. Ҳамин тавр кафедра гарчанде ҷавон бошад, ҳам дар рушду нумуи илм саҳми арзандаи хешро гузошта истодааст. Ҳайати профессорону омӯзгоронии кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ ![]() Мамадносирова Моҳбегим Тел: 501-03-36-93 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ![]() Садбарг Рабиева Тел: 907-04-40-65 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ![]() Наргис Чобулова Тел: 988-66-98-96 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ![]() Ёрмаҳмад Тураев Тел: 934-09-22-15 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тағойбек Олимов Тел: 988-21-08-22 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Ҷумахон Файзалиев доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Тел: 918-50-63-24
|