• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Структура

меню
There are no translations available.

 

Дастовардҳои амалии марказ

 

курсҳои сартарошӣ дар кошонаи ҳусни Донишгоҳ

 

курсҳои дарздӯзӣ дар назди коргоҳи дӯзандагӣ



Дар соли 2013-2014  мувофиқи нақшаи кории тасдиқшуда  Марказ корҳои зеринро  ба анҷом расонид:

1.  Ба  курси ронандагӣ  160 нафар шаҳрвандон ҷалб гардида, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.  Ҳамаи довталабон имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд.

2.   Аз ҳисоби коллеҷҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 нафар ба омӯзиши  курси методикаи нави таълим ва психологияю педагогика ҷалб  шуда, баъди анҷоми бомувафақияти курс  соҳиби (диплом) сертификат  гаштанд.

3.  Ба  курси таълимии дӯзандагӣ 6 нафар,ҷалб гашта, ба таълим фаро гирифта шудаанд.

4. Марказ дар муассисаҳои таълимии омӯзгорӣ ҳангоми сафарҳои хизматӣ дар ш. Қуғонтеппа, Уротеппа, Хуҷанд, Регар, Рашт  ба шунавандагон маводи заруриро оиди гузаронидани методҳои фаъоли таълим,   дастурҳои зарурӣ оиди таълиму истифодаи усулҳои педагогию психологӣ дастрас гардониданд.

1. Дар соли ҷорӣ  дар курси ронандагӣ - 87 нафар таҳсил намуда, имтиҳонҳоро   бомуваффақият супорида соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.

2.  Аз ҳисоби коллеҷҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 нафар, аз вилояти Хатлон 6 нафар, аз коллеҷи омӯзгории ш.Қӯрғонтеппа 23 нафар, аз коллечҳои вилояти Суғд 7 нафар, аз ноҳияҳои тобеи Марказ  8 нафар, аз коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан 19 нафар курси 12 – рӯзаи омӯзиши фанни методикаи нави таълим ва психологияю педагогикаро хатм намуда, соҳиби  (сертификат) шаҳодатнома шуданд, ки ҷамъи умумии онҳо 79 нафарро ташкил медиҳад.

3.  Соли ҷорӣ  дар курси таълимии сартарошӣ 3 нафар ҳамчун шогирд таълим гирифтанд ва соҳиби  (сертификат) шаҳодатномаи ҳунари сартарош гардиданд.

Таваҷҷуҳи бештари шаҳрвандонро барои омӯзиши курси ронандагӣ ба ҳисоб гирифта, Марказ барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани он як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Талабот барои аз худ намудани ҳунарҳои дузандагӣ, кафшергарӣ, устои барқ низ афзун аст.

Марказ ба нақша гирифтааст, ки барои омода намудану  гузаронидани омӯзишу аз худ намудани ҳунарҳои номбурда  кӯшиши бештаре ба харҷ диҳад.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj