• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.







Худоиева Хиромон Муродалиевна

Мудири кафедраи забони англисӣ
Тел.: (+992)917190303
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript






КАФЕДРАИ ФИЛОЛОГИЯИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Кафедраи филологияи забони англисӣ, яке аз кафедраи ҷавонтарини факултети забони англисӣ ба ҳисоб меравад. Чунки ин кафедра бо ташабуси садорати факултет, моҳи сентябри соли 2016 таҳсиси ёфтааст. Сарвари онро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Утаев М. М. ба уҳда  дорад.

Имрӯз  дар кафедра 12 нафар,  аз он ҷумла 10 нафар кормандони тасвибӣ ва 2 нафар ҳамкори дохилӣ фаъолият доранд.  Дар кафедра    як нафар номзади илмҳои педаогӣ, дотсент, мудири кафедра – Утаев М. М ва як нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент,  Баротов Ф.К., 2 нафар саромӯзгор  (Нуров М., Умаров А.) ва 8 нафар  ассистентон  фаъолият мекунанд, ки аксарияти онҳо шуъбаи магистратураи донишгоҳҳои бонуфузи Федиратсияи Руссияро  хатм намудаанд.

Муаллимони  кафедра мувофиқи  равияи нақшаи дурнамои илмӣ кори илмӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ   мебаранд. Онҳо таҳти унвони «Амалӣ гардонидани  муошират дар  зинаҳои иптидоии омӯзиши забони англисӣ дар ихтисосҳои филологӣ бо истифода аз  усулҳои интерактивӣ» фаъолияти илмиро ба роҳ монданд. Аз рӯи  ин равия  нақшаи дурнамои кори илмӣ-тадқиқотӣ тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он дар  кафедра  аксарият  кори илмӣ мебаранд: Утаев М.М., Баротов Ф.К., Комилов М., Хайруллоева С.Х., Нуров М., Рузиев А., Аҳмади А., Мадаминов Н. ва дигарон.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» назди мутахассисону омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи таҳсилоти умумӣ вазифаҳои пурмаъсули ба таври куллӣ такмил додани омӯзиш ва таълими забони англисиро барои панҷ соли минбаъда тақозо менамояд.

Такмили мазмун, восита ва усулу методҳои таълиму тарбия, куллан баланд бардоштани сифати дониш ва имкониятҳои эҷодии мутахассисон –омӯзгорони ояндаи забонҳои хориҷӣ тақозо менамояд, ки донишҷӯён донишҳои забонӣ ва тахассусӣ ва методологиро ҳарчӣ бештар фаро гирифта тавонанд.

Дар амалӣ гардонидани ин вазифаю талаботи имрӯзаи давлат ва ҷомеа дар самти омӯзиш ва такмили забонҳои хориҷӣ кафедраи филологияи забони англисӣ мавқеи басо муҳим дорад. Кафедра дар  факултет ва донишгоҳ  яке аз кафедраҳои  тахасусӣ ва пешбар ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахасисони баландихтисоси забони англисӣ, барои  кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Аз ин лиҳоз омӯзгорони кафедра дар факулта, аз курси амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ, грамматикаи амалӣ, назарияи грамматика, лаҳҷашиносӣ дарс гуфта, роҳбари рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ дастпарварони худро ба уҳда доранд.

Азбаски кафедра навбунёд аст, он дар ташкили кори таълимӣ-методӣ, аз ҷумла таълифи дастуру васоити таълим, таъмини адабиёти таълимӣ ва воситаҳои аёнӣ ва коркарди барномаҳои таълимӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ эътибори калон медиҳад. Вобаста ба талаботи нав оид ба ислоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ, махсус ва олӣ, гузариш ба системаи таҳсилоти ба стандартҳои нав ҷавобгӯ, бахусус гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ва  барномаҳои нави таълимӣ дар мактаби таҳсилоти умумӣ кафедра тасмим гирифтааст, ки доир ба курси амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ, грамматикаи амалӣ, назарияи грамматика, лаҳҷашиносӣ дастуру васоити нави таълимӣ таълиф намояд.

Кафедра бо дигар кафедраҳои факултет  робитаи зич дорад. Ин дар ташкилу гузаронидани  семинару вохӯриҳои муштарак, иштирок дар конфронсҳои илмӣ-назарӣ ва илмӣ-амалии байни омӯзгорони кафедраҳо, таълифу мураттаб сохтани дастуру барномаҳои таълимӣ мавқеъи худро ёфтааст. Омӯзгорони кафедра кӯшиш ба ҳарҷ медиҳанд, ки шогирдони факулта дар давоми омӯзиши курсҳои амалӣ ва назариявӣ дар донишгоҳ ба салоҳияти коммуникативӣ ва касбӣ соҳиб гашта,  ҳамчун мутахассисони варзидаи забони англисӣ ба камол расанд.


 

Дар кафедра фанҳои зерин таълим дода мешаванд:

  1. Амалияи нутқи шифоњӣ ва хаттии забони англисӣ
  2. Грамматикаи амалӣ
  3. Лаҳҷашиносӣ
  4. Назарияи грамматика
  5. Забони англисӣ дар факултети –романӣ-германӣ курси 2,3,4.
  6. Забони англисӣ дар факултети география(туризм) курси 1, 2,3,4.
  7. Забони англисӣдар факултети  забон ва адабиёти рус курси 1, 2

 






Омӯзгорон

Нуров Меҳрубоншо Сулаймонович
Вазифа – муаллими калон
Тел: (+992) 918177297
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Назриев Мустафо Шералиевич
Вазифа – ассистент
Тел: (+992) 936110111
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Аҳмади Абдураҳмони Тавакалзод
Вазифа – муаллими калон
Тел: (+992) 918177297
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Одинаева Хушона Сабзалиевна
Вазифа – лаборант
Тел: (+992) 988535244
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj