• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54

КАФЕДРАИ ФИЛОЛОГИЯИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Кафедраи филологияи забони англисӣ, яке аз кафедраи ҷавонтарини факултети забони англисӣ ба ҳисоб меравад. Чунки ин кафедра бо ташабуси садорати факултет, моҳи сентябри соли 2016 таҳсиси ёфтааст. Сарвари онро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Утаев М. М. ба уҳда  дорад.

Имрӯз  дар кафедра 12 нафар,  аз он ҷумла 10 нафар кормандони тасвибӣ ва 2 нафар ҳамкори дохилӣ фаъолият доранд.  Дар кафедра    як нафар номзади илмҳои педаогӣ, дотсент, мудири кафедра – Утаев М. М ва як нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент,  Баротов Ф.К., 2 нафар саромӯзгор  (Нуров М., Умаров А.) ва 8 нафар  ассистентон  фаъолият мекунанд, ки аксарияти онҳо шуъбаи магистратураи донишгоҳҳои бонуфузи Федиратсияи Руссияро  хатм намудаанд.

Муаллимони  кафедра мувофиқи  равияи нақшаи дурнамои илмӣ кори илмӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ   мебаранд. Онҳо таҳти унвони «Амалӣ гардонидани  муошират дар  зинаҳои иптидоии омӯзиши забони англисӣ дар ихтисосҳои филологӣ бо истифода аз  усулҳои интерактивӣ» фаъолияти илмиро ба роҳ монданд. Аз рӯи  ин равия  нақшаи дурнамои кори илмӣ-тадқиқотӣ тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он дар  кафедра  аксарият  кори илмӣ мебаранд: Утаев М.М., Баротов Ф.К., Комилов М., Хайруллоева С.Х., Нуров М., Рузиев А., Аҳмади А., Мадаминов Н. ва дигарон.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» назди мутахассисону омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи таҳсилоти умумӣ вазифаҳои пурмаъсули ба таври куллӣ такмил додани омӯзиш ва таълими забони англисиро барои панҷ соли минбаъда тақозо менамояд.

Такмили мазмун, восита ва усулу методҳои таълиму тарбия, куллан баланд бардоштани сифати дониш ва имкониятҳои эҷодии мутахассисон –омӯзгорони ояндаи забонҳои хориҷӣ тақозо менамояд, ки донишҷӯён донишҳои забонӣ ва тахассусӣ ва методологиро ҳарчӣ бештар фаро гирифта тавонанд.

Дар амалӣ гардонидани ин вазифаю талаботи имрӯзаи давлат ва ҷомеа дар самти омӯзиш ва такмили забонҳои хориҷӣ кафедраи филологияи забони англисӣ мавқеи басо муҳим дорад. Кафедра дар  факултет ва донишгоҳ  яке аз кафедраҳои  тахасусӣ ва пешбар ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахасисони баландихтисоси забони англисӣ, барои  кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Аз ин лиҳоз омӯзгорони кафедра дар факулта, аз курси амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ, грамматикаи амалӣ, назарияи грамматика, лаҳҷашиносӣ дарс гуфта, роҳбари рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ дастпарварони худро ба уҳда доранд.

Азбаски кафедра навбунёд аст, он дар ташкили кори таълимӣ-методӣ, аз ҷумла таълифи дастуру васоити таълим, таъмини адабиёти таълимӣ ва воситаҳои аёнӣ ва коркарди барномаҳои таълимӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ эътибори калон медиҳад. Вобаста ба талаботи нав оид ба ислоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ, махсус ва олӣ, гузариш ба системаи таҳсилоти ба стандартҳои нав ҷавобгӯ, бахусус гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ва  барномаҳои нави таълимӣ дар мактаби таҳсилоти умумӣ кафедра тасмим гирифтааст, ки доир ба курси амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ, грамматикаи амалӣ, назарияи грамматика, лаҳҷашиносӣ дастуру васоити нави таълимӣ таълиф намояд.

Кафедра бо дигар кафедраҳои факултет  робитаи зич дорад. Ин дар ташкилу гузаронидани  семинару вохӯриҳои муштарак, иштирок дар конфронсҳои илмӣ-назарӣ ва илмӣ-амалии байни омӯзгорони кафедраҳо, таълифу мураттаб сохтани дастуру барномаҳои таълимӣ мавқеъи худро ёфтааст. Омӯзгорони кафедра кӯшиш ба ҳарҷ медиҳанд, ки шогирдони факулта дар давоми омӯзиши курсҳои амалӣ ва назариявӣ дар донишгоҳ ба салоҳияти коммуникативӣ ва касбӣ соҳиб гашта,  ҳамчун мутахассисони варзидаи забони англисӣ ба камол расанд.


 

Дар кафедра фанҳои зерин таълим дода мешаванд:

  1. Амалияи нутқи шифоњӣ ва хаттии забони англисӣ
  2. Грамматикаи амалӣ
  3. Лаҳҷашиносӣ
  4. Назарияи грамматика
  5. Забони англисӣ дар факултети –романӣ-германӣ курси 2,3,4.
  6. Забони англисӣ дар факултети география(туризм) курси 1, 2,3,4.
  7. Забони англисӣдар факултети  забон ва адабиёти рус курси 1, 2

 


НОМГӮИ ЧОРАБИНИҲОИ БАНАҚШАГИРИФТАИ КАФЕДРАИ ФИЛОЛОГИЯИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2018-2019







Омӯзгорон



Маъмурҷон  Утаев,
мудири кафедраи филологияи забони англисӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Тел: (992)93 5404980
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Утаев Маъмурҷон Маҳмадалиевич 20-уми августи соли 1967 дар шаҳраки Октябр,  ноҳияи  Шаҳринав  (Ҳисор) таваллуд шудааст, миллаташ  тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.  Пас аз хатми мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Ҳисор соли 1984 ба факултаи забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Садриддин Айнӣ) дохил шуда, соли 1991 донишгоҳро хатм намудаст. Дар аёми донишҷӯӣ ва пас аз хатми донишгоҳ дар Академияи Улуми Тоҷикистон дар кафедраи забонҳои хориҷӣ ба ҳайси мудири кабинет фаъолияти меҳнатиро шурӯъ намуд.  Аз солҳои 1992 то 1995 ҳамчун ҷонишини директор ва муаллими забони англисӣ дар мактабҳои миёнаи №21 ва №67-и ноҳияи Шаҳринав кор кардааст. Соли 1995 ба сифати ассистенти кафедраи забони англисии Донишкадаи Тиҷоратии Тоҷикистон фаъолият намудаст.  Аз солҳои 1997 то 2000 аввал ба сифати ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, ва аз соли 2000 ҳамчун муаллими калон дар кафедраи методикаи таълими забони англисӣ ба кор қабул карда шудааст. Соли 2004 ӯро ба вазифаи муовини декан оид ба таълим дар факултети  забони англисӣ таъин карда шуд  ва соли 2008 ба вазифаи мудири кафедраи забони англисӣ (умумидонишгоҳӣ). Соли 2013 ба вазифаи муовини декан оид ба илм дар факултети забони англисӣ ба кор таъин щудааст.  Соли 2014 ӯро ба вазифаи  мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ таъин  карда  шуд.

Аз соли 1997 то ин ҷониб дар факултети забонҳои хориҷӣ, сипас забони англисии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба сифати ассистент, муаллими калон, муовини декан оид ба таълим, мудири кафедраи забони англисӣ(умумидонишгоҳӣ), муовини декан оид ба илм, мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ ва  аз соли 2016 то инҷониб мудири кафедраи филологияи забони англисӣ,  шуда адои хизмат намуда истодааст.

Утаев Маъмурҷон Маҳмадалиевич аз солҳои донишҷӯйи то ҳол худро ҳамчун корманди фаъол нишон дода,  дар ҳамаи корҳои ҷамъиятии факултет ва донишгоҳ фаъолона иштирок мекунад. Дар байни кормандони факултет ва донишгоҳ  обу рӯяш калон аст.Тамоми супоришҳои садорати факултет ва  раёсати донишгоҳро бо масъулият ва сарбаландона  сари вақт  иҷро менамояд.

Утаев М.М. дар ҷодаи илм низ масъулиятнок мебошад. Ӯ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Дидактические условие формировании профессиональной компетенции бедующих учителей английского языка в период педагогической практике», ки барои омода намудани мутахасисони соҳаи омузгорӣ бахшида шудааст соли 2012 бо муваффақият дифо намудааст. Корҳои илмӣ ва илмӣ- методиаш дар маҷаллаҳои ватанӣ ва берун аз он ба чоп расидаанд.  Ӯ ҳоло дар мавзӯи «Методическая система подготовки  студентов  в  языковом педагогическом вузе: теория и практика» рисолаи доктории худро навишта истодааст. Дар айни ҳол дарсҳои лексионӣ аз фанҳои методикаи таълими забони англисӣ, асосҳои маҳорати омӯзгории муаллими забони англисӣ, амалияи нутқи хаттӣ ва щифохии забони англисӣ дар сатҳи баланди илмӣ ва илмӣ-методӣ бурда истодааст.

Утаев  М. М. муаллифи   зиёда аз 20 мақола илмӣ  мебошад. Инчунин  муаллифи барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯён  аз фанҳои методикаи таълими забони англисӣ, асосҳои маҳорати омӯзгории муаллими забони хориҷӣ, амалияи нутқи хаттӣ ва щифоҳии забони англисӣ,   маводҳои илмӣ–методӣ ва таълимӣ  мебошад.

Бо мукофотҳо, раҳматнома аз тарафи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардидааст.

 

 


 






Мустафо Назриев,
ассистент
Ихтисос:   забони англисӣ ва олмонӣ
Соли таваллуд:  31 Август соли 1991
Соли     2015–  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  ба номи Садриддин Айнӣро  хатм  кардааст.
Тел: (992) 501 01 94 88
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript







Ардамеҳр  Рузиев
Ассистент
Ихтисос: забони англисӣ
Соли таваллуд: 08 майи соли 1991
Соли 2015–  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи ба номи Садриддин Айнӣро  хатм  кардааст.
Тел: (992) 985010009
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Абдурахмон Ахмади,
ассистент
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ                                                                                               
Соли таваллуд: 10 январи соли 1992
Соли 2014 – Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро  хатм намудааст.
Соли 2016 шуъбаи магистратураи  Донишгоҳи Давлатии Педагогии Бошқирдистони  ш. Уфа Руссияро  хатм кардааст.
Тел: (992) 917224466
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript








Насимҷон Аҳатов
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ
Соли таваллуд: 1 июни соли 1992
Соли 2014 – Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро  хатм намудааст.
Соли 2016 шуъбаи магистратураи Донишгоҳи Давлатии Пскови Руссияро  хатм кардааст.
Тел: (992)988 23 23 00
Е-mail- nasim-gold.tj@ mail.ru






Неъмат Мадаминов
ассистент
Соли таваллуд: 12 августи соли 1992
Соли 2014 – Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айниро хатм намудааст
Соли 2016 шуъбаи магистратураи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Башқартистони Руссияро  хатм кардааст.
Тел: (992) 900 48 08 42
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript



Мехрубоншо Нуров
муаллими калон
Ихтисос:   забони англисӣ ва фаронсавӣ. Муаллими кафедраи филологияи забони англисӣ
Соли таваллуд:    4 феврали соли 1968.
Соли   1990–  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Т.Г.Шевченко (ҳоло  ба номи Садриддин Айнӣ)-ро  хатм  кардааст.
Тел: (992) 918177297
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 


 


 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj