• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.

 

НИЗОМНОМАИ

раёсати илм ва инноватсияи муассисаи  давлатии таълими «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ»

 

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Низомномаи намунавии мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, тартиби фаъолияти раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ»-ро муайян менамояд.

1.2. Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» (минбаъд раёсат) яке аз сохторҳои асосии муассиса буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ- таҳқиқотии устодону омӯзгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос ва постдокторантураро ба роҳ мемонад.

1.3. Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» фаъолияти худро дар асоси қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ, Низомномаи мазкур, фармоишҳои ректори муассиса, супоришхои муовини ректор оид ба илм ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.

1.4. Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» дар тобеияти бевоситаи ректори донишгоҳ ва муовини ректор оид ба корҳои илмӣ қарор дорад.

1.5. Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» ба корҳои илмӣ-тадқиқотие, ки кафедраҳо ва факултетҳо иҷро мекунанд, роҳбарӣ менамояд.

1.6.  Фаъолияти раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» аз ҳисоби маблағҳои харҷномаи донишгоҳ (маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳо, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд) ба роҳ монда мешавад.

1.7. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ профессорон, дотсентон, омӯзгорон, ассистентон, докторантон аз рӯи ихтисос (аспирантон), постдокторантон, унвонҷӯён, донишҷӯён, коромӯзон ва ҳамчунин, шахсоне, ки барои иҷрои корҳои илмӣ аз дигар ташкилотҳо бо мақсади таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ сафарбар гардидаанд, ҷалб карда мешаванд.

1.8. Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» аз натиҷагирии фаъолияти худ дар доираи ҳуқуқ ва тартибе, ки низомномаи мазкур муқаррар намудааст, масъулият ва ҷавобгариро ба зимма дорад.

 

2. Сохтор ва ҳайати раёсат

2.1. Дар сохтори раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ»

- Қисми роҳбарикунандаи раёсати илм ва инноватсия,

- Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ,

- Шуъбаи магистратура,

- Шуъбаи табъу нашр,

- Шуъбаи матбуот,

- Шуъбаи нашрияи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ»,

- Шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа,

- Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ,

- Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо,

- Матбааи ДДОТ ба номи С. Айнӣ,

- Музей,

- Китобхонаи илмӣ,

- Парки технологӣ,

- Боғи агробиолабораторӣ дохил мешаванд;

2.2. Ба ҳайати раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мутахассисон, мутахассисони пешбар, сармутахассисон ва роњбарони зерсохторњои раёсат шомил мебошанд:

2.3. Раёсати илм ва инноватсия ва зерсохторҳои он аз љониби раёсати Донишгоњ бо маводе, ки барои пешбурди фаъолияти корї зарур аст, таъмин карда мешавад.

 

3. Ҳадаф ва вазифаҳои раёсат

3.1. Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» масъули иҷрои вазифаҳои зерин мебошад:

- муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ- таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, постдокторантҳо, магистрҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ;

- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ;

- таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;

- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;

- таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;

- назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола оид ба фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;

- ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;

- ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишгоҳ;

- ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ- маълумотӣ;

- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олими сол, озмуни олимони ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун ва чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун, ташкил ва ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғ.;

- назорати фаъолияти Шӯрои олимони ҷавони муассиса ва факултетҳо;

- назорати иҷрои рисолаҳои хатми бакалавриат, мутахассис ва магистратура, корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ;

- назорати фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар заминаи донишгоҳ таъсис ёфтаанд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;

- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос,постдокторантҳо ва унвонҷӯён;

- танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;

- ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ- таҳқиқотӣ;

- назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии донишгоҳ;

- омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои донишгоҳ тибқи талаботи мақомоти дахлдор;

- дар якҷоягӣ бо ректори донишгоҳ мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ.

4. Вазифахои сардори раёсат

4.1. Сардори раёсати илм ва инноватсия бо пешниҳоди муовини ректор оид ба корҳои илмӣ аз тарафи ректори донишгоҳ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад. Сардори раёсати илм ва инноватсия масъули иҷрои вазифаҳои хизматии зерин мебошад:

- муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ- таҳқиқотии омӯзгорон ва таълимгирандагони донишгоҳ;

- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмие, ки дар факултет ва кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;

- сарфаҷӯёна истифода бурдани маблағҳои пулӣ бо мақсади рушди заминаи моддӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

- тарғиби дастовардҳои илмӣ-техникии донишгоҳ тавассути ташкил намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, дигар чорабиниҳои илмӣ, намоишгоҳҳо, нашри асарҳои илмӣ;

- санҷиши иҷрои амру фармоишҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;

- назорат аз болои манбаъҳои молиявии мавзӯъҳои фармоишӣ аз тарафи факултет ва кафедраҳо ва риояи муҳлати иҷрои онҳо;

- танзими ҳуҷҷатнигорӣ ва назорати иҷрои саривақтии он;

- ташкил ва гузаронидани конференсияҳои солонаи илмӣ-амалӣ ва илмӣ-методии ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ;

- назорат аз болои ба нашр омода сохтани мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва нашри маҷмӯаи осори илмии устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон;

- ҳамоҳанг сохтани ширкати ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён дар конференсияҳои илмӣ ва методии донишгоҳӣ, байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони раёсат ва таъмини интизоми иҷроия дар раёсат;

- таҳияи нақшаи чорабиниҳои раёсат ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қонунгузорӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо дар соҳаи маориф;

- таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои раёсат ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қонунгузорӣ дар самти дахлдор;

- оид ба фаъолияти қисми илми донишгоҳ дар муҳлатҳои муқарраргардида, дар муддати на камтар аз се рӯз ҳисобот пешниҳод менамояд;

- дар тарѓиби сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ва амалигардонии он дар донишгоҳ аз тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад;

- иштирок дар мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар донишгоҳ;

- иҷрои супоришҳои ректори донишгоҳ ва муовини ректор оид ба корҳои илмӣ оид ба фаъолияти илмиву техникӣ.

 

5. Ҳуқуқҳои сардори раёсат

5.1. Сардори раёсат ҳуқуқ дорад:

- аз факултетҳо, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ маълумоти зарурӣ ва ҳисобот талаб намояд;

- ба маҷлисҳои ректорат ва шӯрои олимони муассисаи донишгоҳ ва факултетҳо барои баррасии масъалаҳо оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, докторантура аз рӯи ихтисос ва постдокторантура пешниҳодҳо манзур намояд;

- мукотибаи фаъолияти илмии раёсатро бо тамоми сохторҳо ба роҳ монад;

- намояндагии донишгоҳро дар ташкилотҳои болоӣ, корхонаҳо, маҷлисҳои дахлдор оид ба масъалаҳои раёсат амалӣ намояд;

- маҷлисҳои хизматӣ ва техникиро оид ба масъалаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ даъват намояд;

- оид ба ҳавасмандкунии устодону омӯзгорони фаъол, ки саривақт корҳои илмӣ-таҳқиқотиро анҷом доданд ва ҳамчунин дар бораи дидани чораҳои интизомӣ нисбат ба устодону омӯзгороне, ки саривақт корҳои илмӣ-таҳқиқотиро иҷро накардаанд, ба ректорат пешниҳод манзур намояд;

- дар маҷлисҳои аттестатсионии магистрҳо, докторантон аз рӯи ихтисос ва постдокторантҳо дар кафедраҳо иштирок намуда, аз онҳо иҷрои накшаҳои инфиродиро талаб намояд ва ҳамчунин аз болои воқеъбинона арзёбӣ намудани сифати таҳсил ва фаъолияти магистрҳо, докторантон аз рӯи ихтисос ва постдокторантҳо назорат кунад;

- роҳбарони илмии докторантон аз рӯи ихтисос ва докторантҳоро барои ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб даъват намояд;

- дар якҷоягӣ бо маъмурияти донишгоҳ ба таъсиси заминаи муосири илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишӣ ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз тарафи устодону омӯзгорон, докторантон аз рӯи ихтисос, постдокторантҳо ва кормандони донишгоҳ мусоидат намояд;

- назорат аз болои хароҷоти воситаҳои пулии буҷети донишгоҳро, ки барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷудо шудаанд, анҷом диҳад;

- назоратро аз болои рафти супоридани ҳисобот оид ба корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ, ки ба муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мегардад, анҷом диҳад;

- аз болои тартиби интихоб ва қабули довталабон ба магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос ва постдокторантура, аз ҷумла ҳисоби хатмкунандагони ин бахшро дар кафедраҳо ва факултетҳо назорат намояд;

- маводи воридшударо ба кормандони раёсат барои иҷро супорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат намояд;

- ба кормандони раёсат дар доираи ваколатҳои раёсат супоришҳо диҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат намояд;

- нақшаи кории кормандонро якҷоя бо онҳо тартиб дода, тасдиқ намояд;

- ба фаъолияти кормандони раёсат барои содир нагардидани амалҳои коррупсионӣ назорат намояд;

- дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба ректори донишгоҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ намояд;

- нақшаҳои кори раёсатро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин намояд;

- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин намояд;

- лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони раёсатро таҳия, мувофиқа ва якҷоя бо роҳбари шуъбаи таъминотӣ ҳуқуқӣ ва кадрҳо ба тасдиқи ректори донишгоҳ пешниҳод намояд;

- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия намояд;

- лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия намояд;

- дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои донишгоҳ иштирок намояд;

- шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намояд.

5.2. Сардори Раёсат  барои иҷрои муқаррароти низомномаи мазкур масъул аст.

5.3. Дар сурати дар рухсатӣ, дар сафари хизматӣ қарор доштани сардори раёсат амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои он ба зиммаи муовини сардори раёсат вогузор мегардад.

 

6. Вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси раёсат

6.1. Мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассис дорои чунин вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо мебошанд:

- масъули коргузории раёсат буда, сабти ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии раёсатро иҷро намуда, нигоҳдории онҳоро дар парвандаҳои муқарраргардида таъмин намояд;

- оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридшаванда ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори раёсат ахбороти ҳафтаина ва моҳона пешниҳод намояд;

- дар самти худ назорат мебарад, ба масъулин дастурҳои методӣ диҳад, дар ҷамъбасти чоряк (семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона) гузориши таҳлилӣ талаб намояд;

- ҷиҳати таҳияи нақшаи Раёсат, нақшаи кории сардори раёсат ва нақшаи кории муовини ректор оид ба корҳои илмӣ таклиф пешниҳод намояд;

- оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян гардидаанд, ҳисобот таҳия ва пешниҳод намояд;

- дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба сардори раёсат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳад ва бо онҳо ҳамакорӣ намояд;

- ҳар рӯз оид ба ҳаракати маводҳо ва фаъолияти худ дар дафтарҳои бақайдгирӣ қайдҳо гузорад;

- оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори раёсат ахбороти ҳафтаина ва моҳона пешниҳод намояд;

- дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок намояд;

- рӯйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиянамудаи сардори раёсатро барои давраи ҳисоботӣ тартиб медиҳад ва маводҳои онҳоро дар ҷувзгирҳо тибқи феҳристи парвандаҳо нигоҳ дорад;

- фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо раёсатҳо, шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳои донишгоҳ ба роҳ монад;

- оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият аз раёсатҳо, шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳои донишгоҳ бо дархости сардори раёсат ҳисобот талаб, таҳия ва пешниҳод намояд;

- вазифадоранд дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия ва муовини сардори раёсати илм ва инноватсияро иҷро намоянд;

- талаботи низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки тартиб ва шартҳои фаъолиятро муайян менамоянд, риоя кунанд.

6.2. Сардори раёсат барои иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматии мутахассис, мутахассиси пешбар, сармутахассис ва ҳайати кормандони Раёсат, ки дар Низомномаи мазкур омадааст, масъул мебошад.

6.3. Аз ҷониби мутахассис, мутахассиси пешбар, сармутахассис ва ҳайати кормандони раёсат иҷро нагардидани вазифаҳои хизматиашон сардори раёсат вазифадор аст ҷиҳати танбеҳ, сарзаниш, ҷазо додан ва аз вазифаи ишғолкардааш озод намудан ба ректори донишгоҳ пешниҳод намояд.

7. Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо

7.1. Тағйироту иловаҳо ба “Низомномаи раёсати илм ва инноватсия” бо пешниҳоди сардори раёсат, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ворид карда шуда, аз ҷониби ректор тасдиқ карда мешаванд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj