• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.





Фозилов Суҳроб Мингбоевич
Мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: (+992) 985756555




Таърихи кафедра

Кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ моҳи июни соли 1992 бо номи кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ таъсис ёфт. Мақсади таъсиси ин кафедра аз он иборат буд, ки аз як тараф таълими фанҳои педагогика ва психология ба хусусиятҳои хоси факултети педагогика наздик карда шавад, аз тарафи дигар фанҳои педагогика ва психология бояд дар факултет мавқеи марказиро ишғол намоянд. Бо ҳамин мақсад, таълими ин фанҳо аз як тараф ба хусусиятҳои хоси факултет наздик карда шуд, аз тарафи дигар миқдори соатҳои таълимӣ доир ба фанҳои педагогика ва психология нисбат ба дигар факултетҳо таносубан ду баробар зиёд карда шуд. Илова бар ин, аз рӯи фанҳои педагогика ва психология  ҳатман дар курси дуюми шуъбаи рӯзона ва курси сеюми шуъбаи ғоибона иҷрои кори курсӣ ба нақша гирифта шуд.

Зарурияти ташкили ин кафедра инчунин аз он ба вуҷуд омад, ки таълими фанҳои педагогика ва психология бо таълими фанҳои соҳаи ихтисос ҳамоҳанг сохта шаванд. Чунончи, таълими педагогикаи умумӣ ба педагогикаи томактабӣ ва методикаи таълими фанҳои педагогӣ, психологияи умумӣ бо психологияи бачагона ва психологияи синнусоливу педагогӣ, таълими таърихи фалсафаи маълумоти педагогӣ (ҳоло таърихи педагогикаи ҷаҳон) бо таълими таърихи  педагогикаи олигофренӣ яъне таърихи педагогикаи кӯдакони фикран қафомонда (ноқусулақлон). Ё худ бачагони аз ҷиҳати инкишофи фикрӣ қафомонда ва ғайраҳо, ки ингуна равия дар дигар факултетҳои донишгоҳ тамоман ба назар намерасад.

Аз ин гуфтаҳо пай бурда мешавад, ки номгӯи кафедра зоҳиран одӣ, аммо таркибан ниҳоят мураккаб аст. Аз ин рӯ, аз устодони ин кафедра тайёрии махсус ва ниҳоят ҷиддиро талаб мекунад.

Ҳангоми таъсис додани кафедра ҳамаи ин ба назари эътибор гирифта шуда буд. Соли аввали таъсисёбӣ кафедра он 7 нафар аъзо дошт, ки миқдоран қариб тағйир наёфт. Аз 7 нафар аъзои кафедра 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ, профессор, 3 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент; 1 нафар омӯзгори калон ва 2 нафар ассистентон буданд. Ба монанди Раҳимов Б., Нуров А., Раҳмонов С., Нуриддинов Ғ., Худоназаров Б., Ризоев А., Салуквадзе С.В.

Вале аз соли хониши 1994-1995 сар карда ҳайати кормандони кафедра бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтан гирифт. Аз ҷумла бо сабаби аз ҷумҳури муҳоҷират кардани Салуквадзе С.В. ва бо сабаби набудани довталабон дар гурӯҳҳои таълим бо забони русӣ ва узбекӣ ин гурӯҳҳо баста шуданд. Дар натиҷа соатҳои таълимӣ кам шуд. Бинобар ин Бобоёров З., Шомуродов Ҳ. ва Токаева Н.М. аз кор рафтанд. Илова бар ин қисме аз устодон ба нафақа баромаду, дигаре фавтиданд. Инҳо дотсентон Нуриддинов Ғ. ва Раҳмонов С. буданд.

Ба кафедра аз июни соли 1992 то ноябри соли 1998 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент (ҳоло профессор) Нурзода А., роҳбарӣ карданд. Аз ноябри соли 1998 иҷрои вазифаи мудирии кафедра ба зимаи н.и.п.профессор Раҳимов Б. гузошта шуд, ки то соли 2012 роҳбарӣ намуданд. Аз моҳи марти соли 2013 то соли 2017 роҳбарии кафедра ба зиммаи профессор Нурзода А. вогузор гардид. Аз августи соли 2017 роҳбарии кафедраро н.и.п., дотсент Фозилов С.М. ба уҳда дорад.

Кафедра аз рӯи равияи илмии «Инкишофи методология ва назарияи умумии илмҳои педагогӣ-психологӣ дар Тоҷикистон» корҳои илмӣ- тадқиқотӣ бурда истодаанд.

Саҳми омӯзгорони ин кафедра дар тартиб додани китобҳои дарсӣ барномаҳои таълимӣ барои донишкада ва донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва дастурҳои методӣ доир ба иҷрои корҳои контролӣ ва курсӣ калон аст.

Аз ҷумла, китоби дарсии «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик» (Раҳимов Б.), «Педагогика» (Раҳимов Х., Нурзода А.), «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик» (Раҳимов Б., Нурзода А.), «Методология ва методҳои таҳқиқотии илмӣ-педагогӣ» (Раҳимов Б., Нурзода А.), «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» (Раҳимов Б. ва Нурзода А.), «Раҳнамои куратор» (Нурзода А.), «Талаботи муосир ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон» (Нурзода А.), «Идора ва назорати дохилимактабӣ» (Нурзода А., Искандаров Ҳ.), «Мақоми менталитети миллӣ дар тарбия ва таълим» (Раҳимов Б., Нурзода А.), «Педагогикаи коррексионӣ» (Раҳимов Б.) «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Нурзода А.), Психология Ҳусейнов Н., Олимов Т., Психология (дастури таълимӣ аз фанни психологияи синнусолӣ барои тахассусҳои омӯзгорӣ) Фозилов С., Ҳусейнов Н., Олимов Т., Бобоёров З.   Барномаи таълимии «Педагогика» барои донишкадаи санъат (Раҳимов Б.), барномаи таълимии «Педагогика» барои донишкадаҳои олии педагогӣ (Нурзода А. Фозилов С.), барномаи таълимии «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик» (Нурзода А. ва Чобулова Н.), барномаи «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» (Раҳимов Б., Нурзода А.), барномаи таълими аз фанни «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Нурзода А.), васоити таълимӣ доир ба фалсафаи таърихӣ маълумот «А.С. Макаренко дар бораи таълиму тарбия» (Раҳимов Б.), барномаи таълими аз фанни «Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ» (Нурзода А. ва Фозилов С.) ва ғайраҳо ба қалами устодони кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ тааллуқ доранд.

Айни замон дар кафедра 12 нафар муаллимони тавсибӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, профессор, 3 нафар номзади илмҳои педагогӣ, 2 нафар муаллимони калон ва 6 нафар ассистентон мебошанд.

Ба монанди: профессор Нурзода А., н.и.п., дотсент Фозилов С., н.и.п., муаллими калон Саидмирова С. Мамадносирова М., муаллими калон Олимов Т., Ҳусейнов Н., ассистентон Чобулова Н., Азизова Ф., Бобоёров З., Мирзоназарова Б., Давлатназарова Ф., Шарипова М. фаъолият доранд.

 

Ҳайати профессорону омӯзгоронии кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ


Нурзода Абдулбоқӣ
доктори илми педагогӣ, профессор
E-mail : A. Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 918878141

Саидмирова Савринисо
Номзади илми педагогӣ
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 901053030

Мамадносирова Моҳбегим Мирзомамадовна
Номзади илми педагогӣ
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 934 63 36 93

Олимов Тағойбек Шодиевич
Муаллими калон
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 000055552

Ҳусенов Насридин Муқимҷонович
Муаллими калон
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 918 45 74 55

Чобулова Наргиза Мемондустовна
Ассистент
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 988669896

Азизова Файзигул Шарифовна
Ассистент
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 918 31 83 62

Бобоёров Зокирҷон
Ассистент
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 931942414

Мирзоназарова Бегимоҳ Султоншоевна
Ассистент
E-mail: Mirzonazarova.81@ mail.ru
Тел. 935119316

Давлатназарова Фируза Ақназаровна
Ассистент
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 935 65 22 00

Шарипова Малоҳат Сатторовна
Ассистент
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел. 901 31 29 81

 


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj