• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.

ҚИСМИ ТАРБИЯИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Қисми тарбия ҳамчун сохтори мустақил бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.09.2000 сол таъсис дода, дар ин муддат фаъолияти онро шахсиятҳои кордону ботаҷриба аз ҷумла Қурбонова Ш.И, Шарифов М., Хоркашов С, Ашрапова С., Пиров Р., Олимова М., Ҷ.Исломова, Аминов И. Бобокалонова Р., Мусоҷонзода Ҷ., роҳбарӣ намуда, ҷиҳати беҳтар кардани корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳ хизмати шоистаеро ба анҷом расониданд.

Айни замон қисми тарбияи ин боргоҳи илмро д.и.б., профессор Назарзода Н.Н., роҳбарӣ менамояд.

Қисми тарбия аз оғози таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳамеша дар пешбурди корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии донишгоҳ саҳми босазо дошта, ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз фаъолияти мунтазами тамоми шуъбаҳоро дар донишгоҳ назорат намуда, масъалаҳое, ки ба ин соҳа марбутанд, дар робита бо роҳбарони шуъбаҳо мавриди татбиқ ва омӯзиш қарор медиҳад.

Фаъолияти қисми тарбия аз рӯи рукнҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, бо зерсохторҳои қисми тарбия: кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ, Шуъбаи кор бо ҷавонон, иттифоқи касабаи донишҷӯён, бахши кор бо духтарону занон, қисми фарҳанг, кор бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, кор бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, дар маҷмӯъ, фаъолияти сохторҳои таркибиро бо мақсади баланд бардоштани корҳои тарбиявӣ ва худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳуқуқӣ, маърифатӣ, таъмин менамоянд.

Қисми тарбия оид ба таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ масъул буда, онҳоро дар сатҳи назаррас таҷлил ва баргузор менамояд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj