20.04.2017 10:35 |
There are no translations available. Офарин!- романӣ германӣ Давоми нақшачорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ аз 10-ум то 19-уми апрел мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯписарони факултаҳои донишгоҳ анҷом ёфт. Бояд қайд кард, ки ба даври нимфиналии мусобиқа факултаҳои забонҳои романӣ-германӣ, иқтисодиёт, физика ва таърих роҳ ёфтанд. Ба даври финалӣ бошад, барои гирифтани ҷои 1-ум ва 2-юм факултаҳои забонҳои романӣ-германӣ ва таърих байни ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа факултаи забонҳои романӣ-германӣ бо ҳисоби 2:1 факултаи таърихро шикаст дод ва сазовори ҷои аввал гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои 1-ум насиби факултаи забонҳои романӣ-германӣ ва ҷои 2-юм факултаи таърих ва ҷои сеюм факултаҳои физика ва иқтисодиёт гашт.
Шердил Каримов, хабарнигори ҷамоатӣ |