Кафедрахо 54 | ||||||||||||||||||||||||||||
There are no translations available. ![]() Ҳусен Бегимов, мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотснет Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: 985 76 26 34
Бегимов Ҳ.Х. соли 1961 дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Солҳои 1980-1982 хизмат дар сафи Армияи Советӣ. Соли 1982-1987 донишҷӯи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко. Аз соли 1987 то 1989 муаллими математика ва физикаи мактаби миёнаи №31-и ноҳияи Комсомолобод, солҳои 1989 -1991 лабаранти кафедраи методикаи таълими физикаи ҳамин донишкада, аз соли 1992 то 1994 ассистенти кафедари методикаи таълими физика, аз соли 1994 то 1997 аспирант, аз соли 1997 то 1999 ассистенти кафедраи методикаи таълими физика, аз соли 2000 муаллими калони кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии факултети педагогика, «Аълочии маорифи Тоҷикистон» соли 2002, аз соли 2007 то 2011 ҷинишини декан оид ба корҳои таълимӣ дар факултети педагогика. Рисолаи номзадиро соли 2010 ҳимоя намудааст, аз 18.03.2011 номзади илмҳои педагогика, аз соли 2012 дотсенти кафедраи номбурда, аз 27.01.2017 мудири кафедраи таҳсилоти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, муаллифи 146 кори илмию методӣ аз ҷумла 12 воситаи таълимӣ ва 6 барномаи таълимӣ мебошад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» соли 2012 қадр карда шудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд. : номзади илмҳои педагогика, дотснет Собиқаи корӣ
КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ Кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ яке аз кафедраҳои авва- лини факултети «Таҳсилоти ибтидоӣ» буда, солҳои таҳсили 1960-1961 бо номи кафедраи педагогика ва методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ ташкил ёфт. Бо ин ном то моҳи сентябри соли таҳсили 1992 фаъолият намудааст. Соли 1992 бо сабаби зарурияти таъсис додани кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, кафедра бо номи мето- дикаи таълими синфҳои ибтидоӣ фаъолият намуд. Дар асоси пешниҳоди садорати факултет бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 24.03.2013 кафедра бо номи методика ва таҳсилоти ибтидоӣ ва аз 13.09.2015 кафедра бо номи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият дорад. Аввалин мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қозиҷонов М.А таъин мешавад, ки то соли 1973 ба он роҳбарӣ менамояд. Устод М. Қозиҷонов ҳамчун шахси эҳтиёткор ва ботадбир ҳамаи корҳоро аз рӯи нақша хеле санъаткорона анҷом медоданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар атрофи ӯ мутахассисони варзидаи соҳаи таълими синфҳои ибтидоӣ гирд меояд. Ба монанди: Лутфуллоев М, Аминов А, Каримов М, Икромова Ф, И, Грудис С.И, Канн Х.И, Акрамов С, Латипов Р, Баҳриддинов А, Ҳаётова Р, Одилов А, Муминов Т, Зиёев Т, Акбаров Д, Раҳимов Х, Мирзоев Р, Раҳимова Х ва дигарон, ки шумораи онҳо ба 20 нафар расида, аз забони модарӣ ва методикаи таълими он, , педагогика, математика ва методикаи таълими он, санъати тасвирӣ, таълими меҳнат, табиатшиносӣ, мусиқӣ ва суруд, адабиёти умумӣ ва бачагона дарс мегуфтанд. Баъд аз устод Қозиҷонов М.А роҳбарии кафедра ба зимаи шогирди кордону ташкилотчии ӯ н.и.п. дотсент Икромова Ф.И гузошта мешавад. Ҳамин тавр ин силсилаи роҳбари оғоз ёфт ва то имрӯз давом дорад. Ба таври хронологӣ онро ба таври зер тасвир кардан мумкин аст: Қозиҷонов М.А (1960-1973), Икромова Ф.И (1973-1979), Қодиров А (1979-1980), Қаландаров К (1980-1982 ва 1987-1988) , Қурбонов Р (1998-1999), Лутфуллоев М (1982-1987 ва 1999-2002), Акбаров Д (2002-2007) ва Раҷабов Т.Б (2007-2017), аз 27.12.2017 вазифаи мудири кафедраро дотсент Бегимов Ҳ.Х. ба ӯҳда дорад Кафедра дар солҳои фаъолияти хеш (1960-2012) бо дастгирии усто- дони варзида барои тайёр кардани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои ҳамсояи наздик ва дур хизматҳои бебаҳо кардааст. Бинобар ин бомаврид аст, ки мо ҳамаи онҳоро ёдовар шавем: н.и.ф. дотсент Қозиҷонов М. А., д.и.п. профессор Лутфуллоев М. Л., н.и.п. пофессор Икромова Ф. И., н.и.б. профессор Акрамов С. А., н.и.ф. дотсент Қаландаров К. Қ., н.и.п. дотсент, Қурбонов Р., н.и.ф.м. дотсент., Қодиров А., н.и.ф. дотсент, Норова Н.Н., н.и.п. дотсент Ҳоҷиев А., н.и.ф.м. дотсент Гадоев М., н.и.п. Эм. А.А. , н.и.ф. Собирова Г., н.и.б. Ивазов Н.,н.и.п. Ҷумъаев М., н.и.ф. Калаева С. И.,н.и.ф.м. Мамедова Ҷ., ва дигарон. Муаллимони калон: Абдураҳмонов Ф.М., Латипов Р., Бадриддинов А., Турсунов Ш., Латипов Р., Акрамов Ш., Рустамова Х., Канн Х.И., Латипова Р., Александрова А.В., Икромов С., Муминов Т., Одилов А., Назриев И.А., Қараев Ю., Зиёев Т., Ҳаётова Р.Ҳ., Зиёев С., Қараев Ю., Акбаров Д.А., Раҳимова Х., Каримов Н., Грудин Н.И., Бадалова М.А,, ХайруллоевБ., Назаров Н.О., Зиёев М.,Ким В.Н., Тошпулатова Т., Рогозина А.А., Бойназаров П., Муродов Н., Шукурова Р., Мухторова В. П., Қараев А.Ю., Бегимов Ҳ.Х., ва дигарон. Ассистентон: Ғафуров Б., Алиева А., Боронов К., Қодиров М., Эшонқулова Х., Шарипов Т., Хоҷаев Ш.И., Шарипова Х., Хоҷаева Г., Ғафурова И., ва дигарон. Дар асоси фармони донишгоҳ аз 17.03.2008 кафедраи «Забон ва адабиёти синфҳои ибтидоӣ» ба кафедраи «Методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ» ҳамроҳ карда шуд. Аз ин лиҳоз, ба сафи устодони кафедра шахсони зерин ҳамроҳ шуданд: н.и.ф. дотсент Ғаффоров А.О, муалли- мони калон: Раҳимов Х.Б., Исматуллоев М.Р., ТураевЁ., Аҷиков Х., ассистентон: Қаландарова Д., Абдулҳаева И., Ҳамин тавр 80 нафар машғули таълим ва тарбияи донишҷӯён мебо- шанд, ки хизмати онҳо дар рушду камолоти кафедра бағоят зиёд буда, муваффақиятҳои кафедра ба номи онҳо алоқаманд мебошад. Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба тайёр кардани мутахас- сисони баландихтисос аз ҳисоби дастпарварони худ барои дар кафедра кор кардан кӯшиши зиёд дорад. Устодони кордону эҷодкори кафедра ба монанди Қозиҷонов М.А., Лутфуллоев Л., Икромова Ф.И., Раҷабов Т.Б., ва дигарон симоҳои дар ҷумҳурӣ шинос барои пешрафти маорифи кишвар, махсусан тайёр кардани омӯзгорони зинаи аввали маълумоти миёнаи умумӣ хизмати босазо кардаанд. Натиҷаи ҳамин фаъолияти кафедра аст, ки имрӯз аксарияти омӯзгорони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ шогирдони кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошанд. Фаъолияти баъзе устодони кафедраро махсус ёдовар шудан лозим аст. Имрӯз аз рӯи китобҳои дарсии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфуллоев М.Л., «Алифбо» фарзандону набераҳои мо аввалин ҳарфҳои лафзи ширини тоҷикӣ ва китоби «Алифбои ниёгон» ҳарфҳои ниёгона- монро омӯхта, хондану навиштанро ёд мегиранд ва ба олами зебою пурасрор шинос мешаванд. Дар солҳои охир ба қалами устодони кафедра як силсила китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, тавсияҳои методию мақолаҳои илмӣ- методӣ ва монографияҳо таҳия ва нашр шуданд. Аз он ҷумла, «Педагогикаи аҷам», «Дарс», «Дидактикаи муосир» (Лутфуллоев М.Л.), «Забон бо хониш» (Икромова Ф.И., Абдуллоев И.), «Табиатшиносӣ» барои синфи 4 (Акрамов С.), «Маҷмӯаи корҳои амалӣ аз математика» (Акбаров Д., Бадалова М.), «Нишондодҳои методӣ доир ба навиштани корҳои курсӣ аз методикаи таълими забони модарӣ» (Икромова Ф.И., Лутфуллоев М.), «Барномаи таълимӣ аз математика» барои донишҷӯёни факултети педагогика», (Бадалова М., Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.,ва дигарон), «Нишондодҳои методӣ доир ба навиштани корҳои курсӣ аз методикаи таълими забони модарӣ» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б.), «Барномаи таълимӣ аз фанҳои математика, практикуми курси математикаи мактабӣ, ҳалли масъалаҳои типикӣ» (Бегимов Х.Ҳ., Раҷабов Т.Б,, ва дигарон) ,«Барномаи таълимӣ аз фанни методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» (Бадалова М. А., Бегимов Ҳ., ва дигарон), «Барномаи таълимӣ аз фанҳои машғулияти факултативӣ, курси махсус, курс ва семинарии махсус» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б.,), «Маҷмӯаи барномаҳои таълимии фанҳои кафедраи методикаи таълими синфҳои иьтидоӣ» (Барои шӯъбаи ғоибона), (Бегимов Ҳ.Х., Бадалова М.А., Сайёдов И. Д.), «Нишондодҳои методӣ оид ба кори курсӣ аз методикаи таълими мате -матикаи синфҳои ибтидоӣ» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б.,), «Маводи дидактикӣ аз математика ва алгебра барои синфҳои V,VI,VII,VIII,IX, X,XI» (Раҷа- бовТ.Б., Нӯъмонов М), «Барномаи фанни адабиёти бачагона» (Раҳимов Х.Б.), «Методикаи тарбияи мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Хайруллоев Б.), «Барномаи таълимӣ аз фанни назария ва методикаи таълими мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Хайруллоев Б.) ва ғайраҳоро ёдовар шудан бо маврид аст. Дар кафедра ба омӯзиши фанҳои тахассуси забони адабии ҳозираи тоҷик ва методикаи таълими он дар синфҳои ибтидоӣ, математика бо методикаи таълими он дар синфҳои ибтидоӣ, табиаишиносӣ ва методикаи таълими он, санъати тасвирӣ ва методикаи таълими он, асосҳои назарияи мусиқӣ ва методикаи таълими он, таълими меҳнат ва методикаи он ва дигар мутахассисони соҳибихтисос, профессорон Лутфуллоев М., Акрамов С., Икромова Ф.И., дотсентон Ҳоҷиев А, Раҷабов Т., Бегимов Ҳ.Х, Ғаффоров А.О., муаллимони калон Бадалова М., Назаров Н., Қараев А, Аҷиков Х ва дигарон машғуланд. Кафедра бо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, 9, 10, 12, 34 ва 53-и шаҳри Душанбе, коллеҷи омӯзгорӣ ва омӯзишгоҳҳои педагогӣ, пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, донишкадаи бозомӯзии Ҷумҳурӣ робитаҳои илмӣ-методӣ ва амалӣ дорад. Дар солҳои аввали таъсисёбии кафедра омӯзгорон дар гурӯҳҳои таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дарс мегуфтанд. Аз ин рӯ, коллективи педагогии кафедра аз миллатҳои гуногун иборат буд, то ки ҳар як гурӯҳи таълимӣ бо забони модариашон таҳсил намоянд. Ҳоло дастпарварони гурӯҳҳои методикаи таълими ибтидоӣ дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ иҷрои вазифа намуда, дар таълиму тарбияи фарзандони мардум ҳиссагузор мебошанд. Чанде аз дастпарварони кафедра бо роҳи илм рафта, рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ намуданд. Байни онҳо Сайвалӣ Раҳмонов., Сафар Тағоев., Раҳматулло Қурбонов (ёдашон ба хайр), Ф. Икромова., Раҷабов Т., И. Абдуллоев., А. Ҳоҷиев., Ҳ. Бегимов., Ғаффоров А.О., М. Исматуллоев ва дигаронро метавонем мисол биёрем. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ кафедра мақсад гузошта буд, ки мутахассисони соҳибкасб ва дониши баланди назариявию амалӣ доштаро тайёр намоянд. Дар кафедра семинарии илмӣ-методӣ амал мекунад, ки ба он дотсенти кафедра Ҳоҷиев А. роҳбарӣ менамояд. Инчунин, дар кафедра ду маҳфили фаннӣ амал мекунад: маҳфили «Хушнависон» - роҳбар н.и.п. дотсент Абдуллоев А. ва маҳфили «Математикони ҷавон» - роҳбараш омӯзгори кафедра Бадалова М. Аъзоёни кафедра ба ғайр аз корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию методӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ низ машғуланд. Дар кафедра доир ба мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ: «Асосҳои психологӣ-педагогии ташаккули донишҳои элементарӣ оиди фанҳои табиӣ-илмӣ дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ» дотсент Бегимов Ҳ.Ҳ. роҳбарӣ менамояд. Кафедра як нафар аспиранти шуъбаи рӯзона (Мавлянова Н.Д. дар мавзӯи «Ташаккули маҳорат ва малакаҳои таҳқиқотии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мавриди таълими математика») ва як нафар доктор PhD (Шукурзода Х.А. дар мавзӯи «Ташаккули фаъолияти таълимӣ таҳ- қиқоти муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ мавриди омӯзиши назария ва амалияи ҳалли масъалаҳои матнӣ») ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Кафедра бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳои омӯзгорӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтаппа ба номи Н. Хусрав, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва ғайраҳо робитаҳои илмию методӣ дорад. Ҳоло дар кафедра дотсентон Раҷабов Т.Б., Ҳоҷиев А., Бегимов Ҳ.Х., И. Абдуллоев., Алимов С (ба сифати ҳамкор), муаллимони калон Бадалова М.А., Ҷалилова М.Н., аз фанҳои тахассусӣ дарс мегӯянд. Аз соли 2014 Шарипова М ба сифати лаборанти кафедра фаъолият намуда истодааст.
Ҳайати профессорону омӯзгоронии кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ
![]() Тағоймурод Раҷабов 15.02.1964 н.и.п.дотсент Тел: 93-506-34-12 ![]() Абдуҳомид Ҳоҷиев 30.06.1940 н.и.п.дотсент Тел: 93-300-44-54 ![]() Ибодулло Абдуллоев 29.07.1949 н.и.п.дотсент Тел: 93-591-29-52 ![]() Мавлуда Ҷалилова 20.07.1974 муаллими калон Тел: 900-01-12-16. E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ![]() Мавлуда Бадалова 14.10.1963 муаллими калон Тел: 988-32-00-02
|