• Tajik
  • Russian
  • English

Факултетҳо

Физика
There are no translations available.

Оғози Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Дар ҷараёни конфронси илмӣ-амалӣ дар се бахш ҳудудан 70 мавзуъ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Субҳи имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Конфронси илмӣ-амалии “Проблемаҳои муосири рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ” бо сухани ифтитоҳии Ҷонишини Ректори Донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусамад Муллоев оғоз

ба кор кард.

Ноиби Ректори Донишгоҳ баргузории ин гуна нишастҳои илмиро муфид ва саривақтӣ хонд ва изҳори умед кард, ки дар ҷараёни рӯз масоили мавриди баҳс дар атрофи мавзуъ аз ҷониби донишмандон ба пуррагӣ арзёбӣ мешавад. Вай ҳамчунин ба роҳбарияти факултаи физика барои созмон додани ин гуна як ҳамоиши муҳим изҳори сипос намуд.

Абдусамад Муллоев ҳамчунин яке аз собиқадорони факултаи физика, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бобоқул Қодировро ба муносибати 70-умин солгарди умраш аз номи роҳбарияти Донишгоҳ муборакбод намуд ва дар ҳузури ҳамагон ба ӯ Ифтихорномаи Донишгоҳро супурд. Бобоқул Қодиров аз ҷумлаи донишмандонест, ки 47 соли умри пурбаракаташро сарфи кори мактабу маориф кардааст.

Қарор аст баъди шунидани чанд маърӯза кор дар се бахш: физикаи муҳитҳои конденсионӣ, методикаи таълими физика ва математика ва методикаи таълими он шуруъ гардад.  Дар ҷараёни конфронси илмӣ-амалӣ дар се бахш ҳудудан 70 мавзуъ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj