• Tajik
  • Russian
  • English
Физика - Хабархо
There are no translations available.

Анҷоми Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ

Бо баррасии ҳудудан 70 мақолаву суханрониҳои илмӣ дар се бахш Кофронси илмӣ-амалии “Проблемаҳои муосири рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ” ба кори худ поён дод.

Ин Конфронс субҳи имрӯз дар толори фарҳанги Донишгоҳи омӯзгорӣ оғоз ба кор кард.

Дар бахши Физикаи муҳитҳои конденсионӣ ширкаткунандагон маърӯзаҳои Тадқиқи гармигузаронии маҳлулҳои равғани офтобпараст

аз консентратсияи н-гексан дар фишор ва ҳароратҳои баланд”, “Таҳлили муқоисавии сохтори системаи nа,cа//сo3,f – h2o  дар ҳароратҳои 25 ва 50 ос”,Таҳқиқи хосиятҳои  электрикии обҳои нўшокии ш.  Душанбе”, “Ба воситаи методхои  физикави ва химиявии муайян намуданй таркиби партовҳо”, “Техникаи микропротсессорӣ ва истифодаи он дар рӯзгор” ва ғайра шунида шуданд.

Ширкаткунандагони гуруҳи Методикаи таълими физика атрофи мавзуъҳое чун “Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълими физика”, “Нақши масъалаҳои графикӣ ва фаъолияти дарккунии хонандагон дар ҷараёни таълими физика”, “Робитаи байнифаннӣ дар раванди таълими фанни физика”, “Муносибати салоҳиятнокӣ ба омўзиши физика дар синфи X”, “Андешаҳо перомуни хусусиятҳои ҳалли масъалаҳои физикӣ дар синфҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, Алгоритми ҳалли масъалаҳо доир ба мавзўйи «Қонуни якуми термодинамика», “Робитаи байни фаннии физика ва биология дар омўзиши мавзўи афканишоти электромагнитӣ” ва ғайра баҳс карданд.

Дар бахши математика ва методикаи таълими он низ ҳудудан 20 маърӯзаву гузоришҳои илмӣ шунида шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Конфронс аз ҷониби факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташкил шуд ва он ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj