Кафедрахо 54 |
There are no translations available. Хушнуд Муҳаббатов, Мудири кафедраи физикаи эксперименталӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Тел: (+992) 938 35 31 35 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Муҳаббатов Хушнуд Қурбонович (тав. 17.11.1971 ноҳияи Ҳамадонӣ вилояти Хатлон). Физик – математик, номзади илмҳои техникӣ (2006), дотсент (2008). Солҳои 1989 – 1994 донишҷӯи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии ш.Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, сол¸ои 1990 – 1995 лаборанти калон, солҳои 1995 – 1997 ассистент, солҳои 1997 – 1998 муаллими калони кафедраи физикаи умумии донишгоҳи номбурда; Солҳои 1999 – 2001 аспирант, солҳои 2002 – 2004 муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ ва кафедраи физикаи эксперименталӣ, солҳои 2004 – 2005 муовини декани факултети физика оид ба тарбия, солҳои 2005 – 2008 муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, соли 2008 сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои олӣ ва баъдидипломии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ҶТ, солҳои 2008 – 2009 мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва экспернименталии донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Аз соли 2009-2014 декани факултети физика. Оид ба хосиятҳои гармофизикии маъдан¸ои ба гармо тобовар корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 30 номгӯи корҳои илмӣ, илмию методӣ ва таълимию методӣ мебошад. Кафедраи физикаи эксперименталӣ Кафедраи физикаи эксперименталӣ сентябри соли 1990 таъсис гардидӯ Мақсади таъсиси кафедра муттаҳид кардани мутаххасисони илмӣ-омӯзгорӣ ва ҳамгиро кардани лабораторияҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароитҳои самараноки таълимӣ ва корҳои илмӣ- тадқиқотӣ буд. Аз рӯзҳои аввал дар кафедра раванди таълим аз рӯи фанҳои электротехника, радиотехника, асосҳои автоматика ва техникаи ҳисоббарор, татбиқи МЭҲ дар идора кардани равандҳои технологӣ физикаи умумӣ ва курсҳои махсус аз физикаи полимерҳо ба роҳ монда шуд. Дар ихтиёри кафедра лабораторияҳои таълимии таҷҳизонидашудаи радиотехника, электротехника, лабораторияҳои илмӣ – тадқиқотии физикаи полимерҳо ва таҳлили рентгенӣ фаъолият доштанд. Асосгузор ва сарвари аввалини кафедраи физикаи эксперименталӣ дотсент Рашидов Ҷ буд ва дар кафедра 8 нафар номзадҳои илм фаъолият доштанд. Ба кафедра сарвари намуданд: дотсент Рашидов Ҷ (солҳои 1990-2002), дотсент Шоимов У., (солҳои 2002-2004), досент Шерматов М (солҳои 2004-2008). Соли 2008 кафедраи физикаи назариявӣ ва кафедраи физикаи эксперименталиро муттаҳид намуда, кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталӣ ташкил карда шуд. Мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталӣ солҳои 2008-2009 дотсент Муҳаббатов Х.Қ., ва солҳои 2009-2012 дотсент Нуриддинов З., буданд. Аз соли 2012 кафедраи физикаи эксперименталӣ боз аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва роҳбари кафедраи нав таъсисро дотсент Қодиров Б.А., ба ӯҳда дорад. Дар ибтидои фаъолияти кафедраи физикаи эксперименталӣ дар он 5 нафар дотсентон (Тӯхтасунов И.Т., Богданов А.И, Ҷанобилов Қ., Файзуллоев З., Бобоев Г.Ю.), се нафар номзадҳои илм (Ҳакимов Қ., Ҷуманбоев Қ., Рашидов Ҷ.), се нафар муаллими калон (Хусравов Ҷ., Рашидов С., Насруллоева М) кор мекарданд. Дар озмоишгоҳҳои илмӣ донишчӯён таҳти роҳбарии устодони пуртаҷриба корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида, натиҷаи онро ба шакли рисолаҳои дипломӣ, корҳои озмунӣ ҷамъбаст менамуданд. Бештари корҳои илмию тадқиқотии кафедра ба омӯзиши хосиятҳои физики ҷисмҳои сахт (хосиятҳои механикӣ, электрӣ), махсусан физикаи полимерҳо бахшида шуда буд. Дар давраи солҳои 2004-2008 (мудири кафедра дотсент М. Шерматов), дар назди кафедраи физикаи эксперименталӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ғайри тахассуси (фак. химия, географии, технология) озмоишгоҳҳои таълимии механика ва физикаи молекулӣ, барқӣ, оптика аз нав барқарор карда шуд. Бо саҳми устодони кафедра ин озмоишгоҳҳо бо асбобу анҷомҳои таълимӣ таҷҳизонида шуданд. Махсусан саҳми устодон Шерматов М., Рашидов С., Шоимов У., Нуриддинов З., Муҳаббатов Х.Қ., Ширинбеков З., Шукрихудоев Х., Абдуҳамидова З., Қушматов А., Давлатов З., Соқиев Р қайд кардан ба маврид аст. Дар давраи солҳои 2008-2012 (мудирони кафедра дотсентон Муҳаббатов Х.Қ., Нуриддинов З.) дар назди кафедра маҳфили «Ихтирокорон» ташкил карда шуд, ки ба он муаллими калон Қушматов А роҳбари менамуд. Таҳти роҳбарии дотсентон Муҳаббатов Х.Қ, Шерматов М., Нуриддинов З ва муаллими калон Қушматов А., Соқиев Р як зумра донишҷӯён ба сохтани як қатор асбобҳо ва дастгоҳҳо барои истифода дар соҳаҳои гуногуни саноат ва истеҳсолот ноил шуданд. Аъзоёни ин маҳфил бо асбобҳо ва лоиҳаҳои худ борҳо дар телевизион баромад намуда, дар озмунҳо иштирок карда, сазовори ҷоизаҳо шуданд ва ҷойҳои аввалро ишғол намудандӯ Ҳоло дар кафедра бо равияи 01.04.07. «Физикаи муҳитҳои конденсионӣ» омӯзгорони кафедра (дотсентон Қодиров Б.А., Муҳаббатов Х.Қ., муаллимони калон Шукрихудоев Х., Бобохонова Ш) корҳои илмию тадқиқотӣ мегузаронанд. Устодони кафедра бо ҳамкорӣ бо кафедраи методикаи таълими физика кори илмӣ-таҳқиқотӣ супоришӣ бо ВМҶТ (барои солҳои 2012-2016) иҷро карда мешавадӯ Роҳбари илмии ин лоиҳа дотсент Қодиров Б.А. мебошад. Соли 2012 дар кафедра 12 нафар устодон ва лаборантон фаъолият менамоянд, ки ду нафар номзади илм (дотсентон Қодиров Б.А. ва Муҳаббатов Х.Қ) мебошанд. Муаллими калон Шукрихудоев Х., аспирантураро бо муваффақият хатм намуда дар арафаи дифоъи номзади мебошад. Дар курси дуюми шуъбаи рӯзонаи аспирантура омӯзгор Бобохонова Ш, таҳсилро бо муваффақият идома медиҳад. Донишҷӯён дар маҳфилҳои гуногуни фаннии дар назди кафедра ташкил карда шуда, аз ҷумла «Радиотехника» (роҳбар Рашидов С), «Ихтирокорон» (роҳбар Қушматов А) ва «Камертон» (роҳбар дотсент Қодиров Б.А) иштирок карда, дониш маҳорату малакаҳои касбии худро сайқал медиҳанд. Омӯзгорон
Бобоқул Қодиров дотсенти кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 13.02.1947 Тел: (+992) 934777864
Хуррам Шукрихудов муаллими кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 16.04.82 Тел: (+992) 935131516
Баҳодур Ҷаъфаров ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 21.07.1990 Тел: (+992) 988944595
Савруллои Абдулвоиз ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 01.09.1992 Тел: (+992) 937700576, 988557506 Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Идибек Холов ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 07.08.1987 Тел: (+992)988572718
Алишери Зукуръё ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 26.03.1992 Тел: (+992) 987626241 Бахтовари Мирзовалӣ ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 08.06.1991 Тел: (+992) 907904383
Шарифа Бобохонова ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 24.07.1986
Ҷамшед Дустов лаборанти калони кафедраи физикаи эксперименталӣ, санаи таваллуд 05.06.1986 Тел: (+992) 985458428. E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
|