Кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ |
Кафедрахо 54 |
Шерализода АдолатМудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 918 55 44 15 Шерализода Адолат Шералӣ – 25 феврали соли 1972 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Солҳои 1979- 1989 толибаи МТМУ № 17-и шаҳри Ваҳдат. Солҳои 1989-1991 сарвари пешоҳангони МТМУ № 17-и шаҳри Ваҳдат. Солҳои 1991-1996 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Қ.Ҷ ӯраев. Солҳои 1996-1999 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Солҳои 1999-2001- муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Солҳои 2001-2013 мудири шуъбаи аспирантураи ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Соли 2004 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Поэтикаи ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ” дифоъ намудааст. Солҳои 2013-2017 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба илм. Аз соли 2013 достенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Аз моҳи декабри соли 2022 и.в. декани факултети филологияи тоҷики ДДОт ба номи С.Айнӣ Аз моҳи ноябри соли 2023 и.в. мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Дастовардҳо:
Кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ аз рӯзи таъсисёбиаш (солҳои 1931 бо номи кафедраи забон ва адабиёти тоҷик) то аввали солҳои панҷоҳ бо кафедраи адабиёти тоҷик якҷоя амал мекард. Дар он як зумра устодони варзида, аз қабили Л. Бузургзода, Б. Ҳоҷизода, А.Н. Болдирев, А. Мирзоев, Н. Маъсумӣ, М. Исматуллоев ва дигарон пайваста ба таълиму тадрис ва таҳқиқи масоили забону адабиёти тоҷик машғул буданд. Дар ибтидои солҳои чил сафи забоншиносони кафедра, ки чанде аз онҳо ба дифои ватан хестанд, аз ҳисоби дастпарварони Донишгоҳи Ленинград пурра гардид, ки В. С. Расторгуева ва А. З. Резенфельд аз ҷумлаи онҳо буданд. Соли 1948 кафедраи забони тоҷикӣ мустақил шуда, сарварии онро узви пайвастаи АУ Тоҷикистон Б. Ниёзмуҳаммадов ба уҳда гирифт. Ҳамин тарв, устодон Исматуллоев М., Носирҷон М., Қурбонов П., ва шурӯъ аз солҳои аввали истиқлолият то соли 2008 Исмоилов Ш., солҳои 2008-2010 Хоркашев С. (ҳоло Раҳматуллозода С.), солҳои 2010-2012 Исмоилов Ш., аз октиябр то апрели 2012 Маҳмудов М. (ҳамзамон, аз оғози мудирияти дотсент Маҳмудов М. Кафедраи забони тоҷикии байнифакултавӣ бо кафедраи забони тоҷикӣ муттаҳид карда шуд), аз апрели 2012 то апрели 2015 Хоркашев С. (ҳоло Раҳматуллозода С.), аз апрел то июли 2015 Тӯраев Б. ва аз июли соли 2015 то ҳол номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирбобоев А. мудирии кафедраро ба уҳда доранд. Ҳамзамон бо мудирияти дотсент Мирбобоев А., аз 3.07.2015 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти №6/8.3 аз ҳисоби фанҳои кафедраи «забони тоҷикӣ» (тахассусӣ) кафедраи «забони тоҷикӣ»-и умумидонишгоҳӣ таъсис дода шуд ва дар санаи 01.09.2015 бо фармоиши ректори донишгоҳ таҳти №404-ОД бо мақсади мувофиқ намудани унвони кафедра бо самти фаъолияти равияҳо (тахассусҳо)-и он аз «забони тоҷикӣ» ба «назария ва амалияи забоншиносӣ» табдили ном кард. Ҳоло дар кафедра докторҳои илмҳои филологӣ, профессорон – Раҳматуллозода С., Маҳмадҷонов О., номзадҳои илмҳои филологӣ Гадоев Н., Хидиров Р., Алиев О., Саидолим Комил, Cулаймонов И., Холназаров Р., Раҳмонов Б.; муаллимони калон Муминова С., Раҷабов А., Сатторов Н., ассистентон Гулнораи Наим, Шарифзода Ш., Юсупов Ш., Исмоилов Б. машғули таълиму тадрис ва таҳқиқ мебошанд. Дар назди кафедра ҳамчунин як гурӯҳ магистрантон, ва докторантону унвонҷӯён ба таҳсили илм ва таҳқиқ машғуланд. Ҳоло сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирбобоев А. ба зимма дорад. Дар кафедра фанҳои забони адабии ҳозираи тоҷик, муқаддимаи забоншиносӣ, луғатшиносӣ, фонетика, морфология, синтаксис, услубшиносӣ, шевашиносӣ, луғатнигорӣ, матни классикӣ, таърихи забони тоҷикӣ, таърихи забони адабии тоҷик, забони адабии муосири ӯзбекӣ, таърихи забони узбекӣ, таърихи хат, хаттотӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони форсӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони арабӣ, грамматики забони арабӣ, навъҳои хатти арабӣ, таҳлили матнҳои классикӣ, асосҳои забоншиносии эронӣ, асосҳои забоншиносии туркӣ, забоншиносии ҷуғрофӣ, типологияи муқоисавии забонҳои эронӣ, типологияи муқоисавии забонҳои эронӣ ва сомӣ, назария ва амалияи тарҷума, таърихи афкори забоншиносии тоҷик, назарияи калимасозӣ, проблемаҳои муосири забоншиносӣ, асосҳои забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, асосҳои забоншиносии типологӣ ва ғайра тадрис мешаванд. Ҳамчунин дар назди кафедра семинари илмӣ ва маҳфили тахассусии «Забоншиноси ҷавон» ва «Хушнависӣ» амал мекунад, ки дар такмил додани маҳорати забоншиносии донишҷӯён саҳмгузор мебошанд. Устодони кафедра узвияти чандин шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳҳо ва ниҳодҳои илмии ҷумҳуриро бар уҳда доранд. Кафедра аз рӯйи равияи «Забон дар масири замон» бо масъалаҳои (проблемаҳои) 1. Инкишофи шеваҳои забони тоҷикӣ дар шароити муосир; 2. Ташаккул ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ; 3. Забон ва сабки осори шифоҳии мардумони эронитабори минтақаи Ҳиндукуши шарқӣ амал мекунад.
Ҳайати устодони кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ доктори илми филология, узви вобастаи АИ ҶТ, профессори кафедра, E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Teл: (+992) 919002178 Гадоев Нурхон н.и.ф., дотсент, дотсенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 985380054 Гулзода Наврӯз н.и.ф., дотсент, дотсенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 935 155 601 Сулаймонов Искандар Одинаевич н.и.ф., дотсент, дотсенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 987368005 Саидолим Комил Саидмирзо н.и.ф., дотсент, дотсенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 935 08 47 28 Холназаров Руҳулло Муҳаммадович доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси филология, дотсент дотсенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 937777967 Раҳмонов Бахтиёр Нурмаҳмадович н.и.ф., дотсент, дотсенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 919550408 Зоитова Моҳира ассистенти кафедра, E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 919614528 Гулнораи Наим ассистенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 985564153 Исмоилов Бахтиёр доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси филология, дотсент дотсенти кафедра E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел:(+992) 985 48 18 78 Юсупов Шоҳин Раҳимбердиевич доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси филология, дотсент дотсенти кафедра E-mail: usufov90@mail.ru Тел: (+992) 933 09 99 83 Умедҷони Лоиқшо муаллими калони кафедра, E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел: (+992) 915 00 47 47 Валиев Ҷамшед Абдурасулович доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси филология, муаллими калони кафедра E-mail:valievj_amshed.@mail.ru Тел: (+992) 988541141
|