• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Риояи тартибот ҳатмист

Шурӯъ аз 13-ум то 19-уми сентябр вохӯрии ташреҳии кормандони раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли 1-ум баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии силсиламулоқотҳо шинос намудани толибилмон бо низомномаҳо, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаро дар бар мегирифт.
Дар баромади худ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Раъно Бобокалонова доир ба муайян намудани кураторони гурӯҳҳо, пешниҳоди рӯйхати ятимон, нимятимон, маъюбон, аъзо намудани донишҷӯён ба китобхонаи донишгоҳ ва Китобхонаи миллӣ, ҷалби бештари онҳо ба чорабиниҳои фарҳангӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Р.Бобокалонова махсус таъкид кард, ки дар доираи асноди амалкунанда бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ омадани донишҷӯён, пӯшидани рӯймоли сиёҳ, сарулисбоси ғайрирасмӣ, куртаи дароз, бурукҳои танг (ласина), макасин ва ғайра қатъиян манъ аст. Дар ҳолати роҳ додан ба чунин камбудиҳо муҳассилинро мебояд подоши сангинеро, то ҳадди хориҷ шудан аз донишгоҳ интизор шаванд.

И.Қосимов

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj