• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Поягузори шеъру забони ноби тоҷик

Бахшида ба Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 22 сентябр дар донишгоҳ чорабинии бошукӯҳ  баргузор гардид, ки дар он шоирони шинохтаи тоҷик Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Шаҳобиддини Шуҷоъ, Хайрандеш ва фалаксарои машҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Бердиев ҳузур доштанд.

Нахуст ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ доир ба  ҳаёту фаъолияти Рӯдакӣ сухан кард. Мавсуф зикр намуд, ҳарчанд ашъори устод Рӯдакӣ хеле зиёд аст, то замони мо ҳамагӣ 1000 байт расида, ки ин ҳама шарбати ақливу  маънавӣ ва рамзи абадияти миллати мо ба ҳисоб меравад.

 

Шоири маҳбуби тоҷик Аскар Ҳаким зикр намуд, ки фарҳанги тоисломии мо, форсизабонон, беҳтарин намунаи худро дар ашъори устод Рӯдакӣ пайдо намуд. Баъдан шеъре аз эҷодиёти худ дар васфи Рӯдакӣ ироа намуд, ки тараннумгари шуҳрат пайдо кардани шеъру забони тоҷикӣ бо воситаи устод Рӯдакӣ буд.

Дар идомаи чорабинӣ дигар меҳмонон низ пиромуни ашъори ноби устод Рӯдакӣ сухан ронданд. Сипас, Абдулмаҷид Бердиев бо сурудҳои дилангез табъи ҳозиринро болида гардонид.

Саидаброр Саидӣ, хабарнигори ҷамоатӣ

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj