• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54




Комилов Мирато Миршаробович
Мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Тел: 93 869 95 66






КАФЕДРАИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА ТИПОЛОГИЯИ МУҚОИСАВӢ

Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ соли 1974 таъсис ёфта, дар тӯли фаъолияти худ беҳтарин мутахассисони соҳаи забони англисӣ ва забоншиносии муқоисавиро тарбия намудааст. Ин кафедра аввалин докторону профессорони соҳаи забоншиносии муқоисавӣ-тахрихӣ, типологӣ ва муқобалаиро аз қабили П. Ҷамшедов, Р. Убайдуллоев,   В.Д. Гогошидзе, А. Собиров, М. Ҷалилова, С.Я. Балхова  ва дигаронро ба воя расонидааст.

Солҳои  ҳафтодуми қарни гузашта бошад, як гурӯҳ аъзоёни кафедра (П. Ҷамшедов,   Р. Убайдуллоев, В.Д. Гогошидзе, М. Турсунова, С.Я. Балхова, Ш. Асадов, М. Эшонхоҷаева, Н. Х. Умедҷонова) ба масъалаҳои омӯзиши муқоисавии морфология ва синтаксиси забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ машғул шуданд. Дар муддати кӯтоҳ онҳо рисолаҳои хешро перомуни мавзуъҳои мухталиф дифоъ намуданд.

Аз ибтидои солҳои ҳаштод то соли 2001 роҳбарии кафедраро профессор Ҷамшедов Парвонахон ба ӯҳда дошт. Солҳои 2003-2008 кафедраро доктори илми педагогика, профессор Авғонов Самарддин Саидович роҳбарӣ намудааст.

Аз моҳи июни соли 2008 то имрӯз мудирии кафедраро доктори илми филология, прфессор Ҷоматов Самиддин Салоҳиддинович ба ӯҳда дорад. Маҳз зери роҳбарии ӯ кафедра ба як қатор комёбиҳои илмиву-методӣ мушарраф гардид.

Имрӯз дар кафедра 15 нафар устодон фаъолият доранд. Аз он теъдод 3 нафар докторони илми филология, профессорон (П. Ҷамшедов, Ҷоматов С.С., Қосимов О.), 6 нафар номзадони илм – Асламов Ҳ.А., Каримова Д.Н., Ҷӯраева М.Н., Маҳмадсолеҳи М., Мирзоев С. ва Сангинова М., 2 нафар саромӯзгорон – Холиқов А. ва Тоҷиева Ф. ва 4 нафар ассистентон  фаъолият доранд.

Ҳамаи устодони кафедра ба таҳқиқу пажӯҳиши мавзӯъҳои илмии кафедра, ки фарогири масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавианд, машғуланд.

Аъзоёни кафедра дар се самт фаъолият мекунанд: а) таълим, б) тарбия, в) илм.

Мутахассисон аз рӯи як равияи илмии «Омӯзиши муқоисавии забонҳо дар шароити кунунӣ» ва ду масъала: «Масъалаи луғатшиносӣ дар забони англисӣ» ва «Таҳқиқи масоили грамматика» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд, ки натиҷааш ба вуҷуд омадани чандин рисолаю, барнома ва воситаҳои таълимӣ гардидааст. Маҳсули тадқиқоти онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯаҳои дастҷамъии кафедраву донишгоҳ, монографияҳо ҳар сол нашр мешаванд.

Кафедра бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла, бо донишгоҳҳои Британияи Кабир, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Англия ва Амрико робитаи зич дорад. Оид ба тартиб додани барномаҳои таълимӣ аз тарафи устодон корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Бо ташаббуси устодони кафедра моҳе як маротиба дар Маркази Шӯрои Британиягии донишгоҳ бо устодони соҳибзабон мизи мудаввар ва семинару вохӯриҳо барпо мегардад. Илова ба ин, таи ин солҳо алоқаи кафедра бо дигар марказҳои илмӣ зич пайваст гардид. Аз ҷумла, бо Донишкадаи такмили ихтисоси назди Вазорати маориф ва илми ҶТ, Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ.

Айни ҳол мудирии кафедраро номзади илмҳои филологӣ Мирато Комилов ба уҳда дорад.

 

Ҷоматов Самиддин Салоҳиддинович
Доктори илмҳои филологӣ,  профессор
Тел.: (+992)935281020
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Каримова Дилафруз Насибовна
Номзади илмҳои филолгия, дотсент
Тел.: (+992)988266996
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Сангинова Мижгон Баҳромовна
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Тел.: (+992)907996655
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Раҳматуллоев Маҳмадулло Саидуллоевич
ассистенти  кафедра
Тел.: (+992)933330896
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Маҳмадов Назрдин Маъруфович
ассистенти  кафедра
Тел.: (+992)933330896
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Гулова Ганҷина Тағоймуродовна
Ассистенти  кафедра
Тел: (+992)987875055
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj