• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54

 

 

Эмомов Исматулло Боронович

Мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Тел:  (+992) 918 68 08 21

 

 

 

 

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Кафедраи методикаи таълими забони англисӣ навбунёд буда, моҳи сентябри соли 1998 дар заминаи кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва забони дуюм таъсис ёфтааст.  Айни ҳол сарварии онро Эмомов Исматулло Боронович ба ӯҳда дорад.

Кафедра дар шакли пештарааш ҳанӯз соли 1974 дар назди факултети забони хориҷӣ таъсис ёфтааст. Дар кафедра дар солҳои гуногун профессорон Сатская П.Н., Алиев С.Н., Сайфуллоев Х., дотсентон Наҳангова М., Болтабоева У., Утаев М.М., Ғуломов А.О., Карабоев Б. ва саромӯзгорон Максименко Е.В., Демидович Н.И., Маҳмадҷонова М., Кашичкина Е.И., Сахарова В.В.., Умедҷонова Н., Маматова М., Ҳоҷимуҳаммадова С. Алидодхонова К. ва дигарон кор кардаанд, ки дар тайёр кардани омӯзгорони забони хориҷӣ барои мактабҳои ҷумҳурӣ ҳиссаи босазо гузоштаанд.

Имрӯз  дар кафедра 12 нафар,  аз он ҷумла 9 нафар кормандони тавсибӣ ва 3 нафар ҳамкорони дохилӣ фаъолият доранд.  Дар кафедра 4 нафар  номзадони илм, 6 нафар муаллимони калон ва 2 нафар  ассистентон кор мекунанд.

Муаллимони  кафедра (Эмомов И.Б., Сангинова М., Мавлонова И.,   Ѓуломов Н., Комилов М., Саидхоҷаева Т., Ҳалимова З., Исматиллоева Д., Бобоев М., Нуров Н., Бобоҷонова М., Асадова Г. ) мувофиқи  равияи нақшаи дурнамои илмӣ таҳти унвони «Амалӣ гардонидани муносибати коммуникативӣ нисбат ба мундариҷа ва методикаи таълими забони англисӣ дар шароити ислоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ ва олӣ» кори илмию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ  мебаранд. Равия  таҳқиқи проблемаҳои зайлро дар бар мегирад: омӯхтани омодагии донишҷӯёни факултети  забони англисӣ ба касби омӯзгорӣ, таҳқиқи  комплексии салоҳияти касбии донишҷӯён дар заминаи  муносибати системӣ, инкишофи салоҳияти коммуникативии донишҷӯён дар ҷараёни омӯзиши фанҳои методикаи таълими забони англисӣ, психологӣ–педагогӣ ва дар рафти таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

Тайёр кардани омӯзгорони забони англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вазифаи муҳими кафедра маҳсуб меёбад. Донишҷӯи имрӯза, ки дар оянда омӯзгори забони англисӣ мешавад, на танҳо забонро комилан бояд хуб донад, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими забони англисиро дар мактаб ҳамаҷониба омӯзад. Аз ин лиҳоз, омӯзгорони кафедра дар факултет, аз курси методикаи умумӣ ва методикаи махсуси таълими забони англисӣ, методҳои муосири таълими забони англисӣ, асосҳои маҳорати педагогии омӯзгори забони англисӣ, асосҳои психологии таълими забонҳои хориҷӣ дар мактаб, семинари махсус аз методикаи амалии таълими забони англисӣ, методикаи мактаби олӣ, усулҳои интерактивии таълими забони англисӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ дарс гуфта, роҳбарии корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатму магистрӣ ва доторантонро ба уҳда доранд.

ОМӮЗГОРОН

Муяссара Сангинова
Саромӯзгори кафедраи  методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 904 00 55 66
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ ва методикаи  таълими он

 

Интизор Мавлонова
Саромӯзгори кафедраи забони англисӣ ва методикаи таълими он
Тел: 918 79 49 97
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ ва методикаи таълими он

Наимҷон Ғуломов
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 934 08 50 38
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


Зарина  Ҳалимова
Ихтисос: забони англисӣ, муаллимаи забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 904 03 33
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


Мунира Каримова
ассистент
Тел: 904 43 34 44
Email:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Тахмина Саидхоҷаева
саромӯзгор
Тел: 904 38 85 85
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Меҳроҷиддин  Бобоев
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 908 77 19 17
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj