• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Омӯзгорон ифтихорнома гирифтанд

Дар чорабинии фарҳангие, ки бахшида ба Рӯзи муаллимон дар донишгоҳ 30-юми сентябр гузаронида шуд, Давлатхон Назаров, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ ва Мадина Дадабоева, котиби Шӯрои олимон бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, ба 11 омӯзгор ифтихорномаи донишгоҳ тақдим карда шуд.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Насрулло Убайдуллоев доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва саҳми мударрис дар таълиму тарбияи насли наврас нутқ ироа кард. Ӯ зикр кард, ки омӯзгор нафарест, ки пешрафту иқтисодиёти ҷомеа, маданияту фарҳанги мардум, имрӯзу фардои ҷаҳон аз ӯ вобаста аст. Аз ин рӯ, эҳтирому арҷгузории ин равшангарони роҳи зиндагӣ қарзи инсонии ҳар яки мост.
Аз ҳисоби Иттифоқи касабаи устодону кормандон ва суратҳисоби махсуси  донишгоҳ ба 32 омӯзгори собиқадори таълимгоҳ, ки бемору барҷомондаанд, ба ҳар кадоме ба маблаѓи 200 сомонӣ туҳфа расонида шуд.
Раиси Иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ М.Бӯриев аз ҳисоби фонди Иттифоқи касаба 7-уми октябр тамоми омӯзгорону кормандонро ба театри ҷавонон даъват менамояд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj