• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Истиқлолият-саодати миллат

Истиқлолият вожаи арабӣ буда, маънояш мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ мебошад. Ҷашни истиқлол ҷашнест, ки ба муносибати ба даст овардани истиқлолияти кишвар таҷлил мегардад. Истиқлолиятмазмуни сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакатро муайян мекунад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳама гуна масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва муносибатҳои байналхалқиашро мустақилона ҳал менамояд. Чунин аст маънои истиқлолияти халқу миллати озод ва давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон. Дар бораи аҳамияти Истиқлолият Пешвои миллат чунин гуфтаанд:

«Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард».

Истиқлолият неъмати бузургест баҳри ҳар як халқу миллат. Моҳияти истиқлолият дар он аст, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи сиёсати давлати хеш бошем. Худшиносу худогоҳ бошем ва ин хислатҳоро дар наврасон парвариш намоем, то ин ки ғунчаи умеди мо-фарзандон ифтихор аз Ватан дошта бошанд. Истиқлолият моро водор месозад, ки манфиати миллату Ватанро аз манфиати хеш афзалтар донем, арзишҳои умумибашариро эҳтиром намоем, сулҳу ваҳдатро шиори зиндагии худ қарор диҳем:

Сулҳу Ваҳдат ҷовидон ояд ҳаме,

Дар диёри тоҷикон ояд ҳаме.

Сад шукр, ки имрӯз Тоҷикистони мо озоду соҳибистиқлол гаштааст. Ҳар як давлати озоду мустақил рамзҳои давлатии худро дорад, ки онҳо муқаддасоти миллат маҳсуб мешаванд. Муқаддасоти Ватани соҳибистиқлоли мо-Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишон, Парчам, лафзи модарӣ, шиноснома, расму оин, пули миллӣ, сарҳад мебошанд. Тоҷикистони офтобрӯя ба сарвату ганҷҳои моддию маънавии беназир соҳиб аст. Онҳоро азизу гиромӣ доштан қарзи муқаддаси ҳар яки мост.

Яке аз муқаддасоти миллат-Суруди миллӣ буда, дар он орзую омоли тамоми тоҷикони кишвар таҷассум ёфтааст.

Аз файзи истиқлол аст, ки аз ҳар субҳ дар тамоми гӯшаву канорҳои кишвар Суруди миллӣ танинандоз мегардад.

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,

Зиҳӣ бахту зиҳӣ иқболи тоҷик!

Истиқлолият дар тӯли 25 соли мавҷудияташ на фақат мамлакатро аз бунбасти иҷтимоию иқтисодӣ раҳоӣ бахшид, балки бо назардошти талаботи ҷомеаи навин роҳи рушди ояндадори кишвар ва сулҳи бебозгашти онро таъмин намуд.

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати сулҳхоҳу соҳибтамаддун шинохта шудааст. Сабақи сулҳи тоҷиконро давлатҳои дигари ба сулҳ ниёзманд меомӯзанд ва сармашқи кори худ менамоянд. Ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонист:

Сарзамини ман кунун                         гул-гулшукуфон мешавад,

Тоҷи халқи ман зи нав лаъли                         Бадахшон мешавад.

Як биҳишти рӯи олам                                Тоҷикистон мешавад,

Ин биҳишти тоза ҷони                                Оли Сомон мешавад.

Мо, аҳли кишвар, бояд дасти ҳам бигирем, шукрона аз Истиқлолу Ваҳдати миллӣ намоем, баҳри ободию гулшукуфоии кишвари азизамон ҷаҳду талош намоем.

Фаридун Дадохоҷаев, донишҷӯи факултаи таърих

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj