• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Тағйири муносибат ба мундариҷа ва раванди таълим аз талабот ва нақшаҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 бармеояд. Дар ин санади муҳими рушди соҳа навсозии мазмуни таҳсил, тағйироти сохтории соҳаи маориф, таъмини дастрасии таҳсилоти босифат вазифагузорӣ карда шудааст. Оид ба тағйир додани мазмуни таҳсилот таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои замонавӣ бо мақсади таъмини инкишофи кӯдакон, омодасозии ҷисмонию рӯҳии онҳо ба фаъолияти мунтазами маърифатӣ ва навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандӯзӣ ва ҳам рушди қобилияти салоҳиятнокии таълимӣ вазифагузорӣ карда шудааст.

 
Пажуҳиш

МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23-юми декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли паёмҳои қаблӣ баррасии масъалаҳои соҳаҳои муҳими кишварро фаро гирифта буд.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳифзи манфиатҳои милливу фарҳангӣ буда, дар ин самт пайваста талош меварзанд, то ин ки ба натиҷаҳои судманд ноил гардем. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, пеш аз ҳама рушди соҳаҳои илму маорифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Чи хеле ки дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад” (иқтибос аз Паём).

 
Пажуҳиш

ҶУЗЪҲОИ ЛУҒАВИИ СОМАТИКӢ ДАР ТАРКИБИ БАЪЗЕ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ

(Аз рӯйи маводи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ)

Дар ин нигоштаи мухтасари худ дар хусуси мавқеъ ва ҷойи вожаҳои соматикӣ – қабати луғавии марбут ба узвҳои бадан, ки дар забоншиносӣ соматизмҳо номида мешаванд, дар яке аз шоҳасарҳои шуҳрати ҷаҳонидоштаи адабиёти форсу тоҷик, шоҳасари безавол, ки моломоли идеяҳои қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ ва дар навбати худ ба забони муосири тоҷик қаробат ва наздикидошта, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебахшем. “Шоҳнома” мукамалтарин, асари бадеӣ, таърихӣ ва таҷассумгари таърихи тамаддуни мардуми форсизабон аст, аз он барои таҳқиқ ва пажӯҳиши масоили мавриди омӯзиш қарорнагирифтаи забони муосири тоҷик маводи фаровон ба даст овардан имконпазир аст.

Шоҳнома дар муддати 30 сол навишта шудааст ва дар бораи шоҳони эронӣ, аз Каюмарс оғоз карда, то замони истилои Искандари Мақдунӣ маълумот медиҳад. Он масъалаи асосие, ки мо тавққуф карданием, на далелҳои таърихӣ, балки истифодаи воҳидҳои фразеологиро бо компонентҳои узви бадан, яъне бо ифодаи забоншиносӣ – соматизмҳоро дар бар мегирад ва ин масъала дар забоншиносии тоҷик масъалаи нав ба шумор меравад.

Пеш аз он, ки ба масъалаи асосӣ тавҷҷуҳ намоем, рӯй оварданро ба ду чизи асосӣ лозим медонем: Аввалан, дар бораи с о м а т и з м ва таърихи пайдоиши он чанд нуктаеро ёдоварӣ лозим ва зарур аст.

 
Пажуҳиш

АРЗИШИ АМАЛИИ ЗАБОНДОНӢ АЗ НИГОҲИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР “НАВОДИР-УЛ-ВАҚОЕЪ”

Мусалламан, забон муҳимтарин воситаи муошират ва гуфтугӯи байни одамон аст. То кунун васоити зиёдеро илми муосир муайян кардааст, ки иртиботи инсонро дар ҷомеаи худ метавонад таъмин созад, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дар ин роҳ, мисли забон муассиру қобил набудаанд. Биноан, забон ҳамчун дастовард, муъҷиза ва воситаи арзишманд дар таъмини иртибот ва ҳусни тафоҳуми ҷомеаи башарӣ ивазнашаванда боқӣ мемонад. Аҷобати забон боз дар он зоҳир мешавад, ки ин ҳадяи бебаҳо дар тамоми олам вазифаи худро якранг иҷро намояд ҳам, мазмуну мундариҷа ва маъниву тарзи ифодаю баёни мухталиф дорад. Аз ин нигоҳ, ҳар халқу миллат дорои забони худ мебошад, ки ӯро маҳз ба ин тавассут мешиносанд ва таъриху маънавиёташро ба ҳар сабаб меомӯзанд ва ғайра. Ҷомеаи инсонӣ, ки бар пояи тааҳҳуд устувор аст, инсонҳо наметавонанд беиртибот, беҳамдигарфаҳмӣ, бедодугирифт зиндагӣ кунанд. Агар ин гуна муносибатҳо дар як ҳавзаи забонӣ бемушкилӣ, тавассути як забони умумӣ раҳандозӣ шаванд, ниҳоят табиист ва ниҳоят саҳлу осон асту зарурати дигареро пеш намеорад. Вале берун аз як ҳавзаи забонӣ муносибат кардан ва равобити гуногунҷабҳаро таъмин сохтан, зарурати забондонӣ ва забономӯзиро пеш мегузорад.

 
Пажуҳиш

МЕТОДҲОИ ИНТЕРАКТИВӢ ВА РОҲУ ВОСИТАҲОИ АМАЛКАРДИ ОНҲО

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Масъалаи соҳаи маориф аз масоили умдаи ҷомеаи имрӯз маҳсуб меёбад ва аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба мушкилоти ин соҳа бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, чунин таъкид карданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.

Дар ин росто мо, омӯзгорон вазифадор ҳастем роҳу усулҳои нави таълиму тарбияро кашф кунем, ки дар рушди соҳаи маориф, ба ҳадди каме бошад ҳам, ангеза эҷод кунад. Дар ин робита дар мақолаи мазкур истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарси муосир мавриди таҳқиқ қарор додем, ки корбурди он ҳамчун шарти омӯзиши технологияи педагогӣ аз манфиат холӣ нест.

Бояд гуфт, ки барои самаранок истифода намудани усулҳои навини таълим дар дарси муосир ба мисли интерактив, ҳамфаъол, ҳамгиро, босалоҳият баррасӣ шудааст.  Идораи раванди дарс, тақсими имконияти таълимгирӣ ва ҳамкорӣ асоси таълими интерактивиро ташкил медиҳанд.

 


Страница 5 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj