• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

ОЗМУНИ «ТОҶИКОН» ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» - АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», ки оғози баргузории он  дар моҳи феврали соли 2023 ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст, аз ташаббусҳои роҳбарияти олии давлату миллати тоҷик мебошад ва  мақсади ин озмун асосан арҷгузорӣ ба таърихи миллати тоҷик мебошад. Омӯзиши корномаҳои ниёгон, комил намудани эҳсоси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ба таври бештар шинохтани нақши миллати тоҷик дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ва амсоли инҳо низ аз ҳадафҳои озмуни мазкур мебошанд.

Мусаллам аст, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи осорест, ки метавон онро ҳамчун шоҳкори инъикоскунандаи  таърихи миллӣ ва ватанӣ маҳсуб донист.  Китоби мазкур дар интиҳои солҳои шастуми асри XX дар шакли асари илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом расида, бо унвони “Тоҷикон” мунташир гардид. Он дар даври нахуст, соли 1972 ба забони русӣ дар шаҳри Маскав ба табъ расида, минбаъд, солҳои 1973 ва 1985 дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

 
Пажуҳиш

ОБ-МУЪҶИЗАИ НОТАКРОРИ ТАБИАТ

«Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худ ҳаёт аст, об- ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Об манбаи ҳаёт буда, ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аз об вобаста аст. Сарсабзии гулу буттаҳо, сиҳатию саломатии одамон, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, коркарди бисёре аз маҳсулотҳои ниёзи мардум ба об вобастагии калон дорад.

 
Пажуҳиш

ЗАБОНШИНОСӢ: ДИАЛЕКТИЗМҲО – МАВЗУИ БАҲСИ УСЛУБШИНОСИИ ТОҶИК

Дар осори илмие, ки ба масоили забон ва услуби асари ҷудогона ва ё эҷодиёти адибони тоҷик бахшида шудааст, оид ба корбурди истилоҳи “диалектизм” муносибати якхела дида намешавад. Масалан, Н. Маъсумӣ дар аввалин рисолаи ба забон ва услуби асари бадеӣ ба табъ расонидааш мафҳуми “калимаҳои халқӣ-гуфтугӯӣ”-ро истифода бурда, роҷеъ ба ин масъала фасли калонеро ҷудо карда, муҳим будани истифодаи унсурҳои забони зиндаро чун як воситаи муассири бадеию услубӣ таъкид намуда, навиштааст: “Қайд кардан даркор аст, ки дар забони асари бадеӣ кор фармуда шудани калима ва ибораҳои халқӣ-гуфтугӯӣ танҳо вобаста ба хусусиятҳои мавзуъ, жанр, метод ва приёмҳои эҷодӣ, услуб ва тарзи ифода мувофиқ меафтад. Бинобар ин, дар интихоб ва истеъмоли ин гуна элементҳо маҳорат ва забондонии нависанда роли асосӣ мебозад” (Маъсумӣ, 1959, 119). Ӯ доир ба ҷойгоҳи истеъмоли ин қабил унсурҳои луғавӣ таваққуф намуда, зикр мекунад, ки “калима ва ибораҳои халқӣ, одатан, дар услуби нутқи шифоҳӣ дар гуфтугӯи муқаррарӣ характерноканд. Онҳо дар муносибатҳои расмӣ, хизматӣ ва дар забони асарҳои илмӣ муносибати бевосита надоранд” (Маъсумӣ, 1959, 2019,118).

 
Пажуҳиш

СОХТОРИ ВОЖАҲОИ НАВЪҲОИ АЛАФУ ГИЁҲ ВА БУТТАҲО ДАР ШЕВАИ ҶАНУБӢ ВА ҶАНУБӢ-ШАРҚИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Калимаву истилоҳоти умумии ин гурӯҳ. Мавҷудияти зиёди алафу буттаҳо гувоҳи он аст, ки дар тӯли таърих мардум аз онҳо барои эҳтиёҷоти гуногуни худ истифода кардаанд. Онҳоро чун хӯроки худашон ва барои ҳайвоноти хонагӣ, воситаи табобатии шифобахш, асбоби рӯзгор ва ғайра истифода мебаранд. Теъдоди ин калимаҳо ниҳоят бисёр аст. Таркибан сода, сохта мураккаб ва аз ибораҳо сохта шудаанд. Дар байни вожаҳои сода калимаи сатрú серистеъмол аст. Вожаи сатрú//сатърú дар шеваи ҷанубӣ аз рӯйи чанд маънӣ истифода мешавад, ки ҳамаи онҳо ба анвои гиёҳ робита доранд. Пеш аз ҳама сатрú номи навъи алаф аст ва дар робита ба ин ба маънии ним дарза, якчанд қабзаи алаф ё ғаллаи даравидашуда, чоряки дарза низ меояд; чан қавза-ра мемонем, сатрú меша (Чб.); бегайú шава, чил сатърú кä мезанъм (Мӯм.). Вобаста ба ин проф. Ғ.Ҷӯраев чунин фикри маъқулро пеш меоранд, ки “калимаву терминҳои ифодакунандаи ғарам дар шеваи ҷанубӣ аз рӯйи мундариҷа, ҳудуди интишор як хел нестанд. Чунон ки дар забони адабӣ барои ифодаи онҳо як силсилаи муайян ба вуҷуд омадааст (тор, қабза, банд, ғарам...), дар шеваи ҷанубӣ ҳамин гуна равиши аз ҷузъ ба кул мушоҳида мегардад. Калимаи сатри-ро дар ҳамин силсила баъди калимаи умумихалқии қабза//қавза воҳиди луғавии дуюм номидан мумкин аст”. [Ҷӯраев 1980,190]. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба маънои дарза (як банд сатрú) дар шеваи ҷануби шарқӣ вожаи веб истифода мешавад. Маънии дигари сатрú//сатърú навъи нонест, ки аз орди ҷуворимакка ва арзан тайёр карда, гоҳо равғану тухм ҳамроҳ мекунанд: сатрú-ра дар това мепазан (Лахш).

 
Пажуҳиш

НИГОҲЕ БА ВИЖАГИҲОИ ҶАШНИ САДА

 

Сада сад раҳ кушояд сӯи Наврӯз,

Ба рӯи мо намояд рӯи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

Гулназар

Ҷашнҳои миллӣ баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии гузаштагон буда, дар тули мавҷудияташон арзишҳои миллию фарҳангии моро дар таркиби худ ҳифз намудаанд. Омӯзиши таъриху мухтассоти ҷашнҳои миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо аз афкору аъмол, орзуву ормон, ҷаҳонбиниву худшиносии аҷдоди гузаштаи дури худ огоҳӣ пайдо намоем.

 


Страница 6 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj