• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

РОҒУН – САРЧАШМАИ НУР

Барои коршиносон ва мутахассисони соҳа маълум аст, ки тарҳи НБО Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 – уми асри XX ва корҳои сохтмонӣ соли 1976 оғоз ёфта, қадамҳои нахустин дар ҳамин давра гузошта шуда буданд. Аслан нахустин корҳои омӯзишӣ дар ин мавзеъ дар давраи  солҳои 1933 ва 1938 сурат гирифта, аз рӯи ташхиси олимони Шӯравӣ муайян гардидааст, ки  мавзеи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидор хело мусоид мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ  роҳбарияти давлати шуравӣ аз ҳар ҷиҳат барои сохтмони нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, зеро барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дошт. Дар ин миён, хоссатан барои бунёди аз ҷумла НБО  Роғун низ дар доираи маҷомоти давлатии он давр гуфтушунидҳо анҷом меёфтанд. Аз ин рӯ, муддати бештар аз 10 сол 47 пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ИҶШС барои ташхиси мавзеи НБО  Роғун корҳои озмоишӣ гузаронида, оид ба фавран оғоз кардани бунёди ин иншооти аср  хулосаҳои мусбии худро пешниҳод карданд.

 
Пажуҳиш

ШИНОХТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА РОБИТАИ ОН БО ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Арзишҳои миллӣ  ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат буда, ҳеҷ миллат наметавонад бидуни арзишҳои хоси хеш арзи вуҷуд намояд. Посдорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин саъю талош намудан барои мондагории онҳо масъулияти миллӣ ва шаҳрвандии ҳар фард аст.Дар ҷаҳони имрӯз, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад, ҳар фарди ҷомеа дар шинохти миллати худ бояд оҷиз набошад, аз таъриху фарҳанг,  роҳи таърихии тайкардаи миллати хеш ва ҷумла муқаддасоти он  комилан огоҳ бошад,  арзишҳои миллиро ҳифз намояд, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳифзу бақои миллат аст. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон такя карда, ин қишри ҷомеаро ояндаи миллат меноманд, имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад. Аз ҷавонон бояд тақозо шавад, ки арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии кишвари худро  бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло гузошта, дар ин замина  тарбияи ватандӯстии хешро тақвият бахшанд. Агар ба таври дигар ифода кунем, онҳо бояд муҳофизони аслӣ ва боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашма ва манбаи асосии рушди имрӯзу  ояндаи кишвари худ  бошанд. Дар заминаи ин гуфтаҳо ҷавононро  бояд аз ҷумлаи он қишри ҷомеа донист, ки аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ  бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд, вагарна надонистани фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ, истифода накардан аз инҳо ҷомеаро метавонад ба вартаи нобудӣ ва ё кассодӣ бирасонад.  Ҷавононе, ки воқеан ба Ватани худ содиқ  мебошанд ва рушди он  ғояи асосии зиндагии онҳост, бояд бо ҷидду ҷаҳди худ барои пешрафти давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Бар замми ин  ҷавонон бояд ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии хешро низ қувват бахшида, аз таърих,фарҳанг ва умуман асолати миллии худ бархурдор гарданд.

 
Пажуҳиш

ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АУДИОВИЗУАЛИИ ТАЪЛИМ ДАР МАШҒУЛИЯТҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳониӣ амалӣ мешавад, ба низоми омӯзиш ва раванди таълиму тарбияи донишомӯзон таъсири мустақим дорад. Дар ин баробар дар ҷомеаи муосир мавқеи забонҳои хориҷӣ торафт афзуда истодааст, ки донистани забони хориҷӣ имкон медиҳад шахс ба фарҳанги ҷаҳонӣ шомил шавад, дар фаъолияти худ аз имконоти захираҳои васеи интернетӣ истифода барад, инчунин технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва воситаҳои мултимедиявии таълимро ба таври  мукаммал истифода барад. Бинобар ин зарурат ба миён меояд, ки барои пешрафти истифодабарии методикаи технологияи иттилоотии компютер дар таълими забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро навгониҳои технологияи иттилоотии педагогӣ бевосита аз раванди таълим вобастагӣ таъсири мусбӣ мегузоранд.

 
Пажуҳиш

НАҚШИ ПАЁМ ДАР РАВАНДИ РУШДИ КИШВАР

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 таҳти унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа намуданд, аз муваффақиятҳои ноилшудаи кишвар дар панҷ соли сипаришуда ва умуман дар давраи пасошӯравӣ ёдовар шуданд, ки рақамҳои гуфташуда худ дар роҳи дуруст қарор доштан ва ҷонибдори сиёсати муваффақона будани мардуми шарифи Тоҷикистонро бозгӯйӣ мекунад.

Аз ҷумла зикр шуд, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самту соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаву давлат дар самти тандурустӣ бо овардани асноди воқеӣ таъкид доштанд, ки дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо фарогирии 52800 нафар корманд фаъолият дошта бошанд, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир 2827 муассисаю иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 516 ва кормандони онҳо ба 72 ҳазор расидааст.

 
Пажуҳиш

НАҚШИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ОЛМОНӢ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮЁН

Таълиму тарбия яке аз падидаи муҳимтарин ниҳодҳои иҷтимоӣ буда камоли инсон аз он вобастагӣ дорад. Дар воқеъ, сифати дигари ниҳодҳои иҷтимоӣ то андозаи зиёд ба чигунагии таълиму тарбия вобаста мебошад. Сифат дар айни замон яке аз меҳварҳои аслии ҳама баҳсҳои омӯзишӣ буда, баланд бардоштани он дар кишвари мо муҳимтарин вазифаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мафҳуми сифати таълим ё омӯзиш шомили чор бахш буда, иборат аст аз фаъолиятҳои мактаб аз қабили ҷараёни ёддиҳӣ ва ёдгирии донишомӯзон, муаллимон ва ҳамкорони омӯзишӣ, донишомӯзон ва имконот ба таҷҳизоти омӯзишӣ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар раванди таълиму тарбия нақши калидӣ дорад, зеро дар ин боргоҳи илму ҳунар омӯзгорони ояндаи кишвар ба воя мерасанд ва кафедраи забони олмонӣ яке аз бахшҳои муҳими ин донишгоҳ мебошад. Бинобар ин зарур дониста мешавад, ки вазъияти кунунии кафедраи забони олмонӣ баррасӣ гардида дастовардҳои он ҳифз ва мушкилоти мавҷуда бартараф карда шавад.

 


Страница 8 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj