• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

ЗАН – МОДАР  ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ОЯНДА

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Тӯли солҳои зиёд ба таври  анъана Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман ба мардуми шарифи кишвар ироа мегардад. Барои дарки аҳаммият ва моҳияти Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба ин нуктаи асосӣ  таваҷҷуҳ намуд, ки  Паёми Роҳбари давлат, пеш аз ҳама дорои моҳияти маълумотию ҳисоботӣ буда, тавассути он дар бораи вазъияти ҷории кишвар ва ҷараёни фаъолият дар марҳилаи муайян, инчунин, бурду бохти давлат ва роҳбари давлат  назди ҷомеа ахбор ба миён гузошта мешавад.  Барилова, Паём ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, дар он нақшаву супоришҳо барои оянда ва беҳтар гардидани фаъолият матраҳ мешаванд.

 

 
Пажуҳиш

АМИНҶОН ШУКЎҲӢ - ШОИРИ БАЧАҲО

Боиси хушнудиест, ки имрӯз дар бораи фарзандҳои фарзонаи миллати тоҷик ёд мекунему хотир меорем.

Боиси ин ҳама ғамхориҳову арҷгузориҳо албата, кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Дар мақолаи мазкур мехостем бахшида ба ҷашни 100 солагии Аминҷон Шукуҳӣ ибрози андеша намоем.

Шоир, нависанда, тарҷумон, дромнавис, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008),шоири халқии Тоҷикистон (1994)Аминҷон Шукўҳи (Ҳоҷибоев) 10-уми июни соли 1923 дар маҳаллаи Лак-лакони деҳаи Румон, ҳозира қишлоқи ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Хуҷанд дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳия омўзгорӣ кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мақомоти умури дохила хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 дар вазифаи мудири шўъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» кор кардааст. Соли 1955 факултаи рўзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро хатм намуда, муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» таъин шудааст.

 
Пажуҳиш

ИСТИФОДАИ БОМАВРИДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ГУНОГУНИ ПЕДАГОГӢ ВА МЕТОДҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ - ОМИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар раванди ҷаҳонишавӣ вобаста ба пешрафти ҷамъият талабот ба касбукор низ тағйир меёбад ва ин муносибати навро ба таҳсилот талаб мекунад. Тақозои ҷомеаи муосир дар он аст, ки мутахассисони оянда дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд бо донишҳои амиқи педагогию психологӣ тавассути истифодаи технологияҳои гуногуну муосири педагогӣ ва истифодаи методҳои мухталифи фаъоли таълим мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир омода карда шаванд.

Дар Паёми навбатӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  ироа гардид, маориф боз ҳам соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб дониста шуд. Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем, зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Дар ҳақиқат пешравии ҳар як ҷомеаи пешрафта аз омӯзгорони соҳибзавқу кордон,  донишманд ва лаёқатманди ҳамон ҷомеа вобастагӣ дорад.  Беҳуда маорифро бунёди сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ қайд накардаанд.

 
Пажуҳиш

НАҚШИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР РАВАНДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Рушди ҷомеаи инсонӣ бо рушди маориф робитаи зич дорад. Маориф нерӯи асосии тағйирдиҳандаи тамоми соҳаҳои ҳаёт буда, ба рушди минбаъдаи мусбати онҳо таъсири ҳалкунанда расонида, насли наврасро ба ҳалли масъалаҳои замони муосир омода месозад. Аз тарафи дигар, маҷмӯи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ, демографӣ ва ғайра, ки ҷомеа бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, дар соҳаи маориф  инъикос меёбад. Дар маҷмӯъ, маориф ҳамчун василаи бунёдии рушди мамлакат, ноилшавӣ ба сифати нави зиндагӣ хизмат мекунад. Нақш ва аҳамияти соҳаи маориф дар ҳар як марҳилаи таърихӣ истисноӣ буда, ҳар гуна ислоҳот ва дигаргунӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, маҳз аз ҳамин соҳа ибтидо мегирад. Ин нукта Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ба таври возеҳ ва  мушаххас таҷассум гардидааст.Аз ҷумла, вобаста ба ин соҳаи муҳим Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: “ Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.

Ҳолати кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, динамикаи рушди илмию техникӣ сатҳи муносиби донишҳо, маҳоратҳо ва малакаҳоро дар захираҳои меҳнатӣ талаб мекунанд. Дигаргуниҳои ҷаҳоние, ки дар иқтисодиёт сурат гирифта истодаанд, бояд бо омодагии касбии кадрҳо таъмин ва тақвият дода шаванд, зимнан, аҳамияти афзалиятнокро зудҳаракатии донишҳо, имконияти навсозии доимии онҳо касб мекунанд.

 
Пажуҳиш

НИГОҲЕ БА ҶАНБАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ САЙЁҲӢ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ҷиҳати рушди фаъолияти сайёҳӣ чунин зикр намуданд: “Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.” Воқеан, даврони соҳибистиқлолӣ боис гардидааст, ки моро ҳамчун миллати соҳибдавлат ва соҳибтамаддун эътироф намуда, мустақилияти кишвари моро ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр ва ягона ба расмият шиносанд. Ҳамин омили асосӣ аст, ки ҳар сол ҳазорон сайёҳон барои тамошои табиати нотакрору дилфиреби кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Дар ин замина  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.

 


Страница 10 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj