• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

НАҚШИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОН

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Натиҷа ва дастовардҳои кишвар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ба таври мушаххас таҷассум гардидааст.Аз ҷумла, вобаста ба рушди  соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳо Пешвои миллат чунин таъкид намуданд:Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”. Бо истифода аз мавриди муносиб лозим ба зикр аст, ки мо то ҳоло ба кадрҳои беҳтарин ниёз дорем ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд дар ин ҷабҳа кӯшиш ба харҷ диҳем.

 
Пажуҳиш

МАОРИФ ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид)
Лозим ба зикр аст, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин як амали оддӣ набуда, санади дорои аҳамияти расмӣ ва барномавӣ маҳсуб меёбад. Дар ин баробар онро метавон ифодакунандаи возеҳи рушди самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар донист, зеро тамоми барномаҳои кории ҳама ниҳодҳои давлат тавассути ҳамин санад баррасӣ мешаванд.
Паёми Президенти кишвар ба таври самимона ба ҳар як шаҳрванди кишвар ироа гардида, пайкест баҳри ободии имрӯзу фардои кишвар, ки дорои хусусиятҳои созандагӣ мебошад ва рисолати Пешвои муаззами миллатро дар худ таҷассум кардааст. Он асосан дар заминаи манфиатҳои миллӣ ба таври мустақилона самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ва дурнамои пешрафти кишварро муайян мекунад. Минбаъд барои ҳар як тоҷикистонӣ ин нукта бояд боиси ифтихор бошад, ки ҷиҳати муайян ва татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардидани Паём аз ҷониби Роҳбари давлат аз ҷумлаи нишонаҳои асосии соҳибистиқлолии мамлакат дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллати тоҷик дар ироа гардидани ҳамин рисолати Пешвои муаззами миллат нуҳуфтааст.

 
Пажуҳиш

ПАЁМ –ВАСИЛАИ ИЛҲОМИ МО

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар таърихи 23 декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро таҳти унвони  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ман тавассути ин мақолаи худ мехоҳам, каме ҳам бошад, дар боби масоили соҳаи маориф ва хусусан фаъолияти омӯзгор, ки Сарвари муаззами давлат дар суханронии хеш ба он таъкид намуданд, ҳарф занам.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: “Ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

 
Пажуҳиш

МУШКИЛОТИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, чунин зикр намуданд: “Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз чаҳор ба як кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои панҷ намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад. Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

 
Пажуҳиш

МОДЕЛҲОИ ИДОРАКУНИИ БАХШИ МОЛИЯВӢ-ИҚТИСОДИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДӢ БОЗОРӢ

Рушди маориф аз маблағгузории он вобастагии калон дорад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хосса дорад.

Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс ҳуқуқи маълумот гирифтанро дорад. Маълумоти умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад. Давлат маълумоти умумии асосии ҳатмиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ба таври ройгон кафолат медиҳад.

Мувофиқи моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» бунёди хароҷоти давлатӣ барои маориф ба принсипҳои ягонагии сохтор, шакл, усул ва воситаҳои фаъолият, меъёрҳои минималии давлатии стандартҳои иҷтимоии таъминоти буҷетӣ, хароҷоти молиявӣ барои расонидани хизматрасониҳои таълимӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, асос меёбад.

 

 


Страница 11 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj