|
Маколаҳо
|
ПАЁМ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
ВА ИНЪИКОСГАРИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ” дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳраванд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва, умуман, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бузург дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тадбирҳои судманд андешида, оид ба пешбурд ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни малакат як қатор вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
|
|
Маколаҳо
|
ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИВУ ГУМАНИТАРИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР ҚАРИНАИ АМАЛИШАВИИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ
Ҳамкориҳои фарҳангиву таҳсилотии Тоҷикистон бо Беларус дар замони истиқлолиятро метавон давоми мантиқии ҳифз ва густариши беҳтарин арзишҳо ва анъанаҳои дар замони Шӯравӣ устуворшуда номид. Далели қотеъи ин гуфтаҳои боло алоқаҳои устувори фарҳангиву адабии устодони шеъру сухани ду кишвар, ки ҳанӯз аз солҳои 30-уми асри XX сарчашма мегирифт, мебошанд. Маҳз дар ҳамин солҳо робитаҳои эҷодӣ, шиносоии ҳамдигарии нависандагон, шоирон, санъаткорон ва дигар намояндагони фарҳанги ду кишвар сурат гирифтааст. Аз ҷумла, шоирону нависандагони тоҷик осори адибони беларус – Я. Купала, Я. Колас, П. Бровка, А. Кулешов, М. Танкро тарҷума ва ба хонандагони тоҷик муаррифӣ карда буданд. Ба забони беларусӣ осори С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, баъди ҷанг М. Турсунзода, Ф. Ансорӣ, А. Баҳорӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Шералӣ, М. Миршакар, Ғ. Мирзо, Ф. Ниёзӣ, Б.
|
Маколаҳо
|
СОВЕРШЕНСТВОВАНИЕ ОБРАЗОВАТЕЛЬНОЙ СРЕДЫ ПОДГОТОВКИ БУДУЩИХ УЧИТЕЛЕЙ АНГЛИЙСКОГО ЯЗЫКА
Сегодня проблема совершенствования непрерывной подготовки учителей иностранного языка приобретает особую значимость и актуальность. «Прежде всего, это обусловлено повышенному требованию к выпускникам языковых педагогических вузов, факультетов иностранных языков и социальной нужды общества. Следовательно, вопрос формирования иноязычной профессиональной компетентности будущих учителей и поиска новых приемов, методов, форм и средств обучения иностранному языку, который способствуют повышению эффективности ее формирования и развития в системе подготовки с позиций современной образовательной парадигмы всегда было в центре внимание ученных».
С учётом нынешнего состояния образовательной среды, улучшения качество образования Правительство Республики Таджикистан периодически принимает ряд законов и реализует мероприятия, с целью развития системы образования и научных исследований. Важно отметить, что особое внимание Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон выделил в своём Послании «Об основных направлениях внутренней
|
|
Маколаҳо
|
ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ЗАМИНАИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАРБИЯ
Мафҳум ва ғояи ватандустӣ садоқат ба мардум, эҳтиром ба таърих арҷгузори ба анъана ва фарҳанги ӯ воло баҳисоб рафта мазмун ва моҳияти онро пеш аз ҳама рӯҳияи ахлоқии ҷомеа ва заминаҳои устувори таърихии он муайян мекунад.
Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа намуданд, аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошанд.
|
Маколаҳо
|
НИЗОМИ АРТИШДОРИИ ШОҲАНШОҲИИ ҲАХОМАНИШИҲО (Ба муносибати Иди Артиши миллии Тоҷикистон)
Таърихи артишдории тоҷикон, ҳамчун як рукни давлатдорӣ ба аҳди бостон иртибот мегирад. Ҳанӯз аз замони Пешдодиёну Каёниён ба баъд, ҷадди номовари мо ба хотии дифоъ аз марзу бум ва муқаддасоти инсонии хеш дар асоси меъёрҳое, ба мисоли адолату ҳақиқат бо қувваҳои тахрибкор пайваста пайкор намудаанд. Ҳамин буд, ки мо тавонистем дар дарозои таърих, бо вуҷуди нобасомониҳои рӯзгор аз худ ва суннатҳои давлатдории худ дифоъ намуда, имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии худ гардем.
|
|
|
|
|
Страница 1 из 3 |