• Таджикский
  • Руский
  • Английский


Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ МАНЪИ ИСТИФОДА БУРДАНИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар санаи 23 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе такид намуда буданд, ки: “Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад. Вале дар баробари ин, мо борҳо таъкид
 
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш санаи 1-уми сентябри соли 2023 такид намуда буданд, ки: “Рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем. Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз

 
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

НАҚШИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР РУШДИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)
Шурои илмӣ-методии донишгоҳ мақоми доимии экспертӣ ва машваратӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимии донишгоҳ, таъмини сифати баланди маводҳои илмӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва адабиёти дигар таъсис дода мешавад. Шурои илмӣ-методӣ мақоми коллегиалии машваратӣ ва тавсиявии роҳбарикунанда, маркази муҳокимаи масъалаҳои илмӣ, методӣ ва таълимии фаъолияти донишгоҳ ва ташкили коркардҳои илмию методӣ аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии пешбурди фаъолияти Шурои илмӣ-
 
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИН ВА РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ (бахшида ба соли маъфрифати ҳуқуқӣ)

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат чун пайки неку шодӣ ва пайѓоми созандагӣ ироа мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибрози дигар нуктаҳо, инчунин пешниҳод намуданд, ки ба хотири истиқбол аз љашни сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
 
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР, ДЕМОКРАТӢ, ҲУҚУҚБУНЁД, ДУНЯВӢ, ЯГОНА ВА ИҶТИМОӢ БУДАНИ ТОҶИКИСТОН (бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Дар асоси моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
Барои пурра дарк намудани моддаи мазкур зарурати шарҳи мафҳумҳои давлат, давлати соҳибихтиёр, давлати демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд, давлати дунявӣ, давлати ягона ва давлати иҷтимоӣ пеш меояд.
I. ДАВЛАТ. Ба андешаи профессорон Маҳмудзода М.А. ва Раҳимзода М.З. давлат ташкилоти

 


Страница 1 из 3
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj