There are no translations available.
Таърихи мухтасари кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ
Кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ яке аз кафедраҳои умумидонишгоҳӣ буда, аввал бо номи кафедраи фалсафа соли 1962 дар заминаи кафедраи марксизм-ленинизм ташкил шудааст. Нахустин мудири кафедраи фалсафа Арбоби шоистаи илм, доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҷабов Мусо Раҷабович буд. Сипас, мудирии кафедра бар ӯҳдаи Ғаффорова М.Қ. вогузор карда шуд. Қобили қайд аст, ки файласуфи маъруфи тоҷик профессор, Ғаффорова М.Қ. дар солҳои 1979-1988 вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро дар душ дошта, дар таълим ва тарбияи ҳазорон мутахассисони варзида дар ҷодаи илм ва пешаи омузгорӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Аз соли 2009 роҳбарии кафедраро профессор Самиев Б.Ҷ. бар ӯҳда гирифтаанд, ки дар тарбияи олимони соҳаи фалсафа нақши бузург доранд.
Дар давраҳои баъдӣ дотсент Бляхер Э.Ф, профессорон Одилов Н.Ф., Шоҳимардонов Э.А., Шарипов И.Ш., Салимов.Н., Элбоев Х., Самиев Б.Ҷ.,Бердиев Ш.П., Назариев Р.З. ва Зикирзода Ҳ.Ҳ. кафедраро сарварӣ намуда, дар рушди илм ва тарбияву тайёр намудани мутахассисони илмию омӯзгорӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Дар айни замон роҳбари кафедраи фалсафа бар дӯши н.и.ф. дотсент Саидова Г,З. буда, дар кафедра 7 нафар ассистентон ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғул мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир дар кафедра 27 нафар кормандон, ки аз онҳо 2 нафар докторони илми фалсафа профессорон Самиев Б.Ҷ., Султонзода С.А. ва 1 нафар доктори илми таърих, профессор Қурбонзода Х., инчунин н.и.ф. дотсентон Саидова Г.З., Бердиев Ш.П., Шомуродов Б. Б., Давлатов Р., Мирасанов М., Кенҷаева Л., Муродзода И.Д., Маҳмудова Ф.Ҳ., Норбоев Ю.М.,Ҷураев К., Гулов И.Ф., Иброҳимов Ф.М., Шаҳнозаи В., Давлатова О.С., ва дигарон ба донишҷӯёни донишгоҳ аз фанҳои фалсафа, фарҳангшиносӣ, этикаи касбӣ, мантиқ, диншиносӣ, таърихи маданияти ҷаҳон, этикет дарс мегӯянд, ки аз онҳо 22 нафарашонро кормандони асосиро ташкил дода, 15 нафарашон номзадони илм мебошанд.
Дар 3 соли охир аз ҷониби устодони кафедра даҳҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ба чоп расидааст. Ҳамасола дар кафедра конфронсҳои илмию оммавии ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ доир карда мешавад. Дар 3 соли охир 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Умуман, аз
Ҳоло дар кафедра лоиҳаи фармоиши «Ҳолат ва сатҳи ифротгароии динӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» дар амал татбиқи худро ёфтааст.
Фаъолияти илмии кафедра дар шакли маъруза дар конфронсҳои дар конфронсҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо ироаи мақолаву монографияҳо сурат мегирад. Омӯзгорони кафедра теъдоди зиёди мақолаву брашураҳо ва дастурҳои методиву китобҳои дарсиро ба чоп расонидаанд. Инчунин, барои мустаҳкам шудани базаи илмии кафедра он бо донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ робитаи мустаҳкам дошта, барои беҳтар шудани маҳорати касбии кормандон мусоидат менамояд. |